ХАБАРИ ДОҒ


Салом, СССР! Ҳафтаи гузашта (18.03.2018) аз Восит-тоҷири бозори Корвон, аз бахши яклухтфурӯшӣ (дарвозаи №7, дӯкони №49, тел: 902 44 48 68) 1 адад DVD (тамғаи «Арбат»)-ро дар 130 сомонӣ гирифтам. Аммо вақте онро хона бурдаву ҳамагӣ 1 бор истифода кардам, худ аз худ хомӯш шуд. Чун фардояш техникаро дар пакете гирифтаву пеши Восит бурдам, қабул накард. Гуфтамаш, ки «ту дар вақти фурӯш гуфтӣ, ки 1 моҳ гарантия дорад. Пас чаро қабулаш намекунӣ?» Восит бо ришу фаши қайчиназадааш пасу пеши DVDро бӯ кашида гуфт: «Ин сӯхтааст, қабулаш намекунам, агар ягон айби дигар медошт, мегирифтам…». Посухи Восити фиребгар дар ҳолест, ки ӯ дар пеш ягон аппарати чекдиҳӣ надошт ва ҳоло ҳам надорад!!! Ин талаботи қонун аст, аммо чаро Кумитаи андоз аз Восит баринҳо дастгоҳи чекдиҳӣ намепурсад? Ин дар ҳолест, ки дар ин бозор ягон тоҷир «чековый аппарат» надорад!!! Вақте ба Восит гуфтам, ки «ДВДро иваз намекунӣ ва ё пуламро намегардонӣ, аз болоят ба мақомот муроҷиат мекунам», гуфт:
-Аккккка, куҷое арз мекунӣ кардан гир, аз касе наметарсам!!!
Пас, ШЕФ ва ё «крыша»-и Восит кист, ки аз касе сари мӯе тарс надорад ва бовараш ҳаст, ки 100-ҳо нафарро фардо ҳам фиреб кунад ҳам, бо фуки баланд мегардад?! Хуллас, бо ин навишта фақат мехоҳам бар ивази ДВДи сӯхта ё пул (130 сомонӣ)-амро гирам, ё ДВДи наву босифат, на чизи дигар! Ва: Воситро кӣ бояд барои мардумфиребияш ҷазо диҳад???

Даврон,
н.Фирдавсӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter