ХАБАРИ ДОҒ

Кӯшиш мекунем, ки ислоҳ шавем!

  • Панҷшанбе, Апр 05 2018


Маъмурияти Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-3»-и ш.Душанбе дар робита ба шикояти сокини ш.Душанбе-Шаҳноза Комилзода оид ба фаъолияти нақлиётҳои мусофиркашонии хатсайри №1 (фурудгоҳ-маҳаллаи Гулбутта) иттилоъ медиҳад, ки воқеан, айни ҳол шумораи нақлиётҳои мусофиркашони хатсайри №1, ки ҳамагӣ 20 ададанд, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Роҳбарият ва кормандони муҳандисӣ-техникии корхона барои афзудани шумораи нақлиёти ин хатсайр аз ҳисоби ронандагони беруна ҳарчанд, ки кӯшиш карданд, ягон натиҷаи хуб надод. Ронандагон бо баҳонаи номувофиқ будани ин хатсайр тавассути кӯчаи Соҳилӣ ба он шомил намешаванд. Ронандагони дигаре, ки дар ин хатсайр айни ҳол фаъоланд, бо баҳонаи таъмир ва дигар баҳонаҳо ҳамарӯза 14-16 ададашон ба кор мебароянду халос. Бо мақсади пурра кардани шумораи нақлиёт дар ин хатсайр ва таъмини рафтуомади мусофирони он бо шумораи даркории нақлиёти мусофиркашонӣ, роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ин шумораашонро аз ҳисоби автомобилҳои шартномавии корхона, ки дар дигар хатсайрҳо фаъоланд,  зиёд намояд.

Бо эҳтиром,
Директор Шамсуллоев Ҷ.С.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter