ХАБАРИ ДОҒ

Дӯстӣ хуб аст, аммо нагузароне(м)д!!!

  • Панҷшанбе, Апр 12 2018

SMART-4

Ман прагматикам, бо маънии клоссикиш не, маънии муосираш. Зимнан ба ҳар дӯстиву душманӣ бо шубҳа менигарам. Зеро зери таъсири масали “Подвергай всё сомнению”-“Ба ҳама чиз шубҳа кун!” тарбият дидаам. Масали аврупоист. Муаллифро ҳатман мешносӣ, хонандаи ин сутур: Рене Декарт Картезий (асосгузори фалсафаи «картезианство», 1596–1650). Баъдан Карл Маркси ба ману ту маълуму машҳуртар аз ин шиор кор гирифт ва корҳое дар Аврупо кард, ки то ҳанӯз риши давлатмардону решаи давлатҳо меларзанд. Зимнан бин, хонанда, Аврупо куҷосту ману ту куҷо? Мо низ бояд шубҳа дошта бошем. Мо Метавонем!
Ягона нафаре, ки баъди ура-ураҳои Тоҷикона ва кулоҳбарандозиҳои авомона сари дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон бонги изтироб зад, устод Аҳмадшоҳ Комилзода шуд. Профессор ҳушдор дод, ки мабод аз ин бовар бой диҳем...
Бурдҳо зиёданд. Халқаи ягонаи барқӣ эҳё шуд. Партоби холостойи барқ, ки ҳамасола садҳо миллион сомонӣ зиён меовард, ҳамакнун пул меорад. Гази ӯзбекӣ ба кишвар ҳамин шабу рӯзҳо дубора мерасад ва бо нархи хеле арзонтар аз биржаи ҷаҳонӣ. Колои истеҳсоли made in Uz ба кишвар ворид мегардад. Роҳҳои Оҳан ҳуй шуданд. Гузаргоҳҳо боз ва рафту омад афзун шуд. Молу маводи истеъмолӣ ба карат арзон гаштан дорад. Орду гандуму тарбузу харбузаи баландсифат ба ҶТ фаровону вофир медарояд. Дӯстӣ барқарору мустаҳкамтар мешавад. Сарояндагону фарҳангиёни Ӯзбекистон аллакай дар тамомии гӯшаву канори кишвар меҳмони дилҷӯянд ва ғ. ва ҳ. Бо 1 байт:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт...
Вале ман ба дӯстие, ки аз 1 нафар бастагӣ дорад, шубҳа дорам. Дӯстӣ миёни кишварҳо бояд новобаста аз шахсиятҳои раддаи аввал барқарору абадӣ бошад, мисле, ки дар Аврупост. Воқеан ҳам фаромӯш накардаем, ки Душанбеи расмӣ ҳаргиз ба Тошканд душманӣ на дошту на дорад. Айб дар он сӯи марз буд. Зеро мо ягон бор, роҳи ягон дӯсту душманро на бастаем, на ситам кардаем, на мина хобондаем, на дар марз касеро тафтишу таҳқирҳо намудаем ва на колову моли касеро нигоҳ доштаем. Коре, ки ҳамсояҳо мекарданд. Рӯиҳамрафта, аз ун ситами ӯзбекон рӯҳ ғирифта, қирғизҳо низ ба роҳбандӣ сар карда буданд. Яъне дар қораи Осиё бештар танҳову танҳо ба худ, миллати худ, ҳукумати худ ва Давлати худ бояд такя зад, на дигарон. Гуфтаам ва боз мегӯям: ин марзкушоӣ аз баракати Сарвари давлати мост, сиёсати хубу Тоҷиконаи ҳукумати мост. А, мо бошем, гоҳо дар васфи бегонаҳо зиёдаравӣ мекунем.
Бештар аз ин. Мо 1 миллати ҳувиятсабук шудаем. Гум накардаем онро комилан, аммо хеле сабук нигоҳ медорем. Фарзи мисол, бо дидани 1 эронии сафсаттафурӯшу 1 афғони тарёкие банди диламон меларзаду сар мекунем ба ирунӣ гуфтанҳо, афғонвор даҳанкаҷкуниҳо. Намекунем? Ещё как мекунем. Ҳол он ки ҳамон эрониву афғонӣ, ки 10-20 сол дар паҳлӯи мо ба сар мебаранд, ҳаргиз аз шеваи гуворои Тоҷикӣ кор намегиранду сухан намекунанд. Ҳувияти худро шарафмандона ҳифз медоранд, ки ҳалолашон бод!
Баробари “вазиши шамоли дӯстӣ” ҳоло аксарият ҳувияти милливу фарҳангӣ раҳо кардан дорем. Шоме дар 1 тарабхона будаму он ҷо чанд нафар аз ҳамсоякишвар. Тоҷик буданд, ҳатто, на ӯзбек. Аммо сарояндагони фарҳангфаромӯши мо “Добро пожаловат ва хуш келибсиз” гуфта, он шом тамомии репертуари ӯзбакҳоро хонданд. Ун бечораҳо, ки барои шунуфти лафзи модарии худ аз ҳамсоякишвар омадаанд, ҳайрону лол буданд, ки Тошканд рафтаанд ва ё Душанбе?
Ҳоло кӯчаҳо пурра туркгуфтор шудаанд, ҷодаҳо ӯзбекӣ шудан доранд, боғу роғҳо Тоҷикиро аз даст аллакай додаанд. Метарсам, ох, как, метарсам, ки фарҳанги дар чоряк аср ҳифздоштаамонро бо баҳонаи “ин дӯстӣ” раҳо кунем. Ҳамон бонги изтиробе, ки Аҳмадшоҳ Комилзода рӯзи аввал мезад. Воқеан ҳам, чунин асолатфаромӯшӣ баъди “дӯстии ҷадид” дар Тошканд аслан ба назар намерасад!
Аз сӯи дигар, фаромӯш набояд кард, ки Ӯзбакистон давлати бой ва халқи камбағал дорад. Чизе шабеҳи СССР-давлати коргару деҳқон. Ӯзбекистон корхонаву фабрикаву совхозу колхозҳои даврони советиро ҳифз кардааст. Ва ин ба саноати шахсишудаву колхозҳои фермергардидаи мо метавонад зарбаи ҷонкоҳ занад. Зеро ягон корхонаи фардӣ бо давлатӣ рақобат карда наметавонад. Ҳоло мо аз воридоти маҳсулоти арзони ӯзбакӣ хурсандӣ дорем. Аммо боре фикр кардае(м)д, ки истеҳсолоти ватаниро ин нархҳо варшикаста хоҳанд кард? Дуруст аст, орду гандум ва бархе маҳсулоти мавриди ниёз арзон шуда истодаасту ин ба нафъи халқи оддист. Аммо фаромӯш кардаем, ки капиталистони маҳаллӣ, ба вежа, синфи миёнаро, аз ин рақобати нобаробар ҳифз бояд кард. Аллакай дар вилояти Суғд-муҳимтарин мавзеъи саноати ватанӣ синфи миёна ба буҳрон дучор омада истодааст. Дур нест, ки ин “дӯстӣ” ба бизнесменҳои хурду бузурги Душанбеву Турсунзодаву Ҳисору Хатлон низ шикастҳо оварад...
Зидди дӯстӣ ҳаргиз набудаму нестам. Бизнес ҳам надорам, ки тарсам варшикаста мемонам. SMART-и 1 урра-дӯстиро гуфтаму бас. Зеро барои ман манфиати миллӣ, фарҳанги миллӣ, манофеи саноату бизнеси миллӣ болотар аз ҳамагуна дӯстиҳои осемасарист. Дӯстие, ки бо 1 амр роҳандозӣ мегардад, 100% метавонад бо 1 имзо қатъ шавад. Ва он гоҳ мо боз пеши проблемаҳои глобалии соли 1996, ки ҷониби ҳамсоя, ба таври сунъӣ, ҷорӣ карда буд, хоҳем монд. Ҳоло, бо гузашти вақт хоҳед гуфт, ки сардабири СССР “бало будаасту чизеро медонистааст!”...
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter