Принт

Арзи Гулсараро шунидем


(ҷавоб ба мақолаи «Раис! Ба ман кай ҷавоб медиҳед?», СССР, №8(493)

Мақолаи мазкур дар сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Ҳисор мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт. Шаҳрванд Гулсара Сироҷова дар номаи худ гуфтааст, ки ба фиреби эшони қаллобе гирифтор шуда, манзили истиқоматиаш дар ҳолати ногувор қарор дорад. Дар ҷавоб ба даъвои мавсуф гуфтанием, ки воқеан ӯ анбори мағозаеро бо мақсади бунёди манзил харидорӣ карда, имрӯз дар он истиқомат дорад. Дар вақти омӯзиш ба Сироҷова тавсия дода шуд, ки шиносномаи худ ва духтарону наберагонашро дар китоби қайди шаҳрвандони ҷамоати шаҳраки Шарора номнавис карда, дар асоси талаботи қонунгузорӣ хонаи истиқоматиашро ба расмият дарорад. Соҳибмулк Муҳсиддинов Ғайюр тасмим гирифт, ки барои ба расмият даровардани манзили истиқоматӣ ва таъмири бино ба Гулсара кӯмак расонад ва барои таъмир маводи сохтмониро дастрас намуда, аллакай корҳои таъмиру тармими хонаи истиқоматиашро оғоз кардааст.

Бо эҳтиром,
Раҳбарияти ноҳия

Матлабҳои дигар