Принт

Даҳшат!!! Акси хук дар…ҷойнамоз?


Рӯзе ба масҷиди Яккачанор ба намози ҷумъа рафтам. Чун саросема будам, фаромӯш кардам, ки ҷойнамозамро аз бағочи мошин гирам. Оҷилан омадам, ки азон садо дод. Он ҷо наздики масҷид 1 дӯконе ҳаст, ки ҷойнамоз мефурухт. Саросема ҷойнамози хитоиро бо нархи 5 сомонӣ харидам ва намоз гузоридаму рафтам хона.

Баъди чанд ҳафта намози аср мегузоридам, ки ҳамон ҷойнамоз ба дастам омад. Партофтаму намоз хондам. Вале дар равшании чароғ дидам, ки аз ун ҷойнамоз, ё тавба, кадом ҳайвони бадафте ба ман менигарад. Фикр кардам, ки … акси хуке бошад. Тавбаву зорӣ кардам ва барои рафъи гумон ҷойнамозро ба наздикон нишон додам, ки акси чист? Яке мегуфт, сурати харгӯш аст, дигарӣ афзуд, ки на, акси гов мебинад ва саввумӣ мегуфт, ки рост, мисле, ки хук тарсим шудааст.
Аҷобати тарсим он буд, ки 2 акси ба ҳайвон шабеҳ дошт ва аз болову поини ҷойнамоз. Ҳуҷҷат, кадом ҷонибе, ки ҷойнамозро густардаву намоз гузорӣ, ҳатман пешонаатро бояд рӯи тарсими ин …хук, харгӯш ё буққа гузорӣ!!! Инро 1 издеватсие, тамасхур бар мусалмонон мебояд фаҳмид.
Намегӯям, ки дар Хитой ин амалро мақомоте расман карда бошад. Вале аз ҳақиқат дур нест, ки кадом 1 корчаллони мусалмонбадбини чиноӣ ба ин амали зишт даст задааст! Ва моро ҳам масхара мекунаду ҳам пуламонро мегирад!!!
Бо ин ҳама он аксро ба газетаи СССР овардам, то бинанду гӯянд, ки сурати чист? Ҳама ҳозирин мегуфтанд, ки акси ҳайвонест. Ту ҳам назар андӯз хонанда ва бидон, ки хитоиҳои зирак ба мову ту чӣ мефурӯшанду ба баҳои пулу сомонӣ бар мо чӣ мегузоранд?
Иллат дар чист? Дар мо нест оё? Мо гуфта, аҳли Исломро дар назар дорам!!!
Охир ин ҷойнамозҳо на танҳо дар масҷиди Яккачанору дигар масоҷиди пойтахт, ва ҳатто на дар тамомии Тоҷикистони Шариф ба савдо мераванд!
Чунин ҷойнамозҳои Made in China дар Маккаву Мадина низ дар фурӯшанд!!!
Айб, Шарм ва ҳатто Гуноҳ аст, ки мо аз кишвари Буддоӣ ҷойнамоз харидорӣ кунем. Ва ҳоҷибобоҳои мо, ки ҷумлагӣ «Худотарсанд»-у вале ҷайби ҳамсояи бутпарастро пур мекунанд, бояд дарки масъулият кунанд. Ҳар молу матоъе, ки ба Ислом дахл дорад, ҳадди ақалл бояд аз кишвари мусалмонӣ ба кишвар дарояд ва ҳадди ниҳоӣ МО бояд худамон барои худ ҶОЙНАМОЗ ақаллан истеҳсол кунем.
То кай мазҳаби мо буҷҷаи дигаронро пур мекунад?
То ба кай мо ҳадди ақалл 4 дарздӯзе намеёбем, ки ақаллан ҷойнамоз истеҳсол кунем?
То ба кай ҳоҷибобоҳои мо дар либоси сафеди арабиасосии хитоӣ, дар даст тасбеҳи хитоӣ, дар сар кулоҳи хитоӣ, дар таки каш ҷойнамози хитоӣ ва дар пой кафши хитоӣ…ба масҷид мераванд? То ба кай???
Ба фикри ман имрӯз соате расида, ки мо бояд ба ин раванди номатлуб хотима бахшем ва истеҳсолоти ватанӣ дар симои Вазири энергетика ва саноат-Гул Шералӣ, ақаллан, сари ҳамин атрибутикаи мазҳабӣ фикр кунанд. Зеро ин маҳсулот пули нақди равон дорад. Зеро касе намедонад, ки хитоиҳо аз кадом матоъ ва бо кадом тарсимҳои барои мо номаълум барои мо кулоҳу тасбеҳу либосвор истеҳсол мекунанд. Мабод, ки дар он анвоъ низ тарсимҳои буддоӣ ва зиддимазҳабӣ буда бошанд?!...
Фикри дигарон дар ин маврид чист?

Муҳаммади Мубориз
Махсус барои СССР

Матлабҳои дигар