ХАБАРИ ДОҒ

Чӣ тавр Ӯлҷабоев говсуд шуд?

  • Панҷшанбе, Апр 12 2018


Соли 1961 мо-студентони факултаи ҳуқуқшиносии УДТ (ҳоло ДМТ)-ро муаллимамон М.Муллоев ба мурофиаи судӣ вобаста ба кори ҷиноятӣ бо айбдории Турсун Улҷабоев-собиқ котиби 1-уми КМ ПК Тоҷикистон ва Қара Дӯстов-раиси яке аз колхозҳои ҳозира ш.Ваҳдат (собиқ Орджоникидзеобод) мебурд, то ки аз мурофиаи судӣ таҷриба омӯзем. Аз овозаҳою дарвозаҳо ва ҳуҷҷатҳои судӣ медонистем, ки гӯё Улҷабоеву дигарон ба изофанависӣ (приписка) дар маъракаи ҷамъоварии пахтаи ҷумҳурӣ ва талаву тороҷ намудани моликияти давлатию ҷамъиятӣ роҳ додаанд. Якчанд рӯзе, ки дар маҷлиси судӣ ҳозир будем, ғайр аз сафсаттаю гапҳои беҳуда ва подарҳаво, ки гунаҳгории судшавандаҳоро исбот кунад, нашунидем. Баъзе шоҳидон аз шунидаашон нақл мекарданд, ки гӯё Улҷабоеву Дӯстов бо занҳо ишқварзӣ карда, болои синаи онҳо шаробу шир рехта менӯшидаанд. Мо ҳамон вақт дарк намудем, ки нисбати ҳар 2 тӯҳмат-шантажи хуберо тарҳрезӣ намудаанд.

Ҳамин тавр шуд, ки 1 шахси бегуноҳ-Турсун Улҷабоевро ба гуфти мардуми деҳотӣ «говсуд» карданд. Дар ҳаёт чандин ҳолатҳоеро дидам, ки одамонро бегуноҳ «говсуд» кардаанд, минҷумла, котиби СеКаи РСС Тоҷикистонро. Ин разилтарин амал аст.

Ӯлҷабоеви маъзулшуда
Солҳои зиёде гузаштанд. Соли 1983 дар ШКД-и ш.Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) иҷрои вазифа доштам. Дар 1 рӯзи гармои тобистонӣ ба кабинети кориам шахси қадбаланди қоқина, дар сар шляпа, дар тан костюм, дар по мӯзаи латтагӣ (брезентӣ) даромад ва иҷозат пурсид. Ман аз ҷо хеста, ба истиқболаш рафта, салом ва баъдан таклифи нишастан кардам. Аҳволпурсӣ кардем ва он шахс пурсид, ки ӯро шинохтаам, ё не? Дар ҷавоб гуфтам, «не, падар, нашинохтам». Он кас гуфт, ки собиқ роҳбари аввали Тоҷикистон-Турсун Улҷабоев аст, ки тақдир ӯро то ба ин ҳолат овард ва ҳоло дар яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Хуросони ҳозира директор мебошад.
Ба ростӣ, бо шунидани номи Улҷабоев дар ман 1 ҳиссиёти аҷибе пайдо шуд, ки бинед, чархи гардун чи корҳое намекунад? Ҳарчи бодо бод гуфта, ба воситаи телефон аз яке муфаттишҳо илтимос намудам, ки таъҷилан 1 шиша коняк бо шашлику хӯришаш ба кабинет орад. Суҳбат ба охир нарасида, хоҳиш иҷро шуд. Барои худ дар пиёлае 50 гр ва барои меҳмон 100 гр коняк рехтам. Дуюму сеюмбора барои меҳмон нӯшокӣ рехта, барои худ боқимондаи дар пиёла бударо бардоштам. Улҷабоев гуфт, ки «барои чӣ ба худатон намерезед, чӣ, магар ман ташнаам?» Гуфтам: «Падар, ман аз давраи ҷавониам ба ин одат кардаам. Агар баъди кор мебуд, то 100 гр мегирифтам, дар дигар ҳолатҳо то 50-60 гр. Ин ҳам ба хотири Шумо буд, набошад дар вақти кор умуман наменӯшам». Ва бахшиш пурсидам. Баъд Улҷабоев гуфт, ки «медонед, наздатон барои чӣ  омадаам?»
Гуфтам, ки марҳамат, ҳарчӣ гӯед гӯш мекунам. Меҳмон гуфт, ки яке аз ронандагони совхози онҳо ба ҳодисае роҳ додааст ва оё имконияте ҳаст ба ӯ ёрӣ расонем? Наим-ронандаамро аз рӯйхат ёфта, ба меҳмон «ҳозир мебинам» гуфта назди муфаттиш рафта пурсидам, ки оқибати ҳамин кор чӣ мешавад? Муфаттиш гуфт, ки «рафиқ сардор, дар ин кор худи ҷабрдида айб дорад». Ҳуҷҷати ронандагиро гирифта, ба кабинет баргаштам. Баробари даромаданам Улҷабоев аз ҷо хест ва ман дарҳол ӯро ба ҷояш шинонда хоҳиш намудам, ки «илтимос, ман баробари фарзандони шумоям, чаро мехезед?» Меҳмон гуфт, ки «вақте калонсол ҷавонро эҳтиром кунад, ҷавон ҳам калонсолро ҳурмат мекунад».

Ӯлҷабоев: Балҷувониҳо ояндаи Тоҷикистонанд!
Ҳуҷҷати ронандагиро ба дасти рафиқ Улҷабоев дода, гуфтам «ронанда пагоҳ наздам биёяд». Муҳтарам Улҷабоев дигар наменадонист, ки чи хел ба ман изҳори миннатдорӣ кунад. Ӯ гуфт: «Писарам, раҳмат ба шумо, ки маро эҳтиром кардед». Ва аз чашмонаш ашк рехт. Ашкро тоза карда, пурсид: «Писарам, шумо аз кадом маҳалли Тоҷикистонед?» Гуфтам: зодаи ноҳияи Балҷувонам, аз вилояти Кӯлоб. Ӯ ин суолро барои он дод, ки ман бо забони адабӣ гап мезадам ва Улҷабоев нафаҳмид, ки одами куҷоям.
Пас ӯ гуфт, ки «балҷувониҳо ҷавонмарду адолатдӯсту ҳақиқатхоҳанд» ва номҳои Нусратулло Абдулҳақов, Лақай Қармишов, Низорамоҳ Зарифова, Тоҷинисо Азизова, Султон Мирзошоевро ёдовар шуда, ба кадрҳои Балҷувон баҳои хуб дода, илова кард, ки «онҳо бо ору номусанд, босаводанд, агар ҳамин тавр рафтан гирад, онҳо ояндаи Тоҷикистонанд».
Ин гапи рафиқ Улҷабоевро шунида, ба ёдам гуфтаи 1 хешам, раҳматӣ мулло Асадулло-зодаи Сарихосор буду дар шаҳри Кӯлоб истиқомат дошт, омад. Охирҳои солҳои 1960 гуфта буд, ки ҳукуматдорон Балҷувону Сарихосор, Ховалингу Кангуртро ҷазир карданд. Тамоми деҳаҳо вайрон шуд. Балҷувон аз қадим ҷои мирнишин аст. Солҳо мегузаранду кадрҳои Балҷувон вилояту ҷумҳуриро ба дасти худ мегиранд. Ман гуфтам, ки дар Балҷувону Сарихосор, Ховалингу Кангурту Темурмалик (Совет) кадр намондааст, аз куҷо вилояту мамлакатро соҳибӣ мекунанд? Домулло гуфт, ки дар Данғараю Фархор, Ҳамадонию Восею Кӯлоб, водии Вахш бисёранд балҷувониҳо. Бобои мулло Асадулло таъкид намуд, ки ин гапҳоро ӯ аз пеши худ набаровардааст, балки ин суханони авлиёҳои балҷувонию сарихосорӣ мебошанд, ки шунидааст.
Аҷоиб тазодде, баъди ним аср, гуфтаҳои мулло Асадуллои кӯлобӣ ва Улҷабоеви хуҷандӣ дар ҳақиқат амалӣ шуданд…

Комрони Далер,
ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter