Принт

Россия ба Тоҷикистон ҷанг эълон кард-…пока Ҳавоӣ

Авиатсияи Тоҷик кай соҳиб пайдо мекунад?
Бо оғози мавсими нави тобистонаи парвозҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷик ва мусофирони онҳо, ки беш аз 90% муҳоҷирони кориянд, мушкилоти наву кӯҳна дубора пеш омад. Ва ин мушкилот-«ҷанги ҳавоӣ» байни Тоҷикистону Россия аст, ки ҳар сол 1 маротиба дар оғози мавсими нави корӣ ҳатман сар зада, пеш аз ҳама зарбаи сахти молӣ ва рӯҳӣ ба кисаву асаби мусофири Тоҷик мезанад.

Қатъи парвозҳои «Сомон эйр» ба 9 шаҳри Россия
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» рӯзи 1.04.2018 дар сомонаи расмии худ хабареро дар бораи қатъи парвозҳои ширкат ба якчанд шаҳри Федератсия Россия нашр кард. Нахуст мардум фикр карданд, ки ин ҳазли 1-апрелии «Сомон эйр» аст, лек ин тавр набуд ва ширкати «Сомон эйр» дар асоси барқияи Росавиатсия аз 31.03.2018 иҷрои парвозҳоро ба 1 қатор шаҳрҳои Россия маҷбуран қатъ намуд. Бино ба иттилои аз маркази матбуоти ширкати мазкур ба СССР расида, Росавиатсия аз соати 00.01-и (вақти Москва) 2.04.2018 иҷрои хатсайрҳои Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе-Қазон-Душанбе, Душанбе-Краснодар-Душанбе, Душанбе-Красноярск-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Сочи-Душанбе, Хуҷанд-Қазон-Хуҷанд ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷандро манъ кард. Мӯҳлати амалӣ барои иҷрои парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳамчунин аз апрели соли ҷорӣ низ ба итмом мерасад. Дар барқияи мазкур ҳамзамон қайд шудааст, ки манъи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ-«Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба қаламрави Россия бо қарори Вазорати нақлиёти ФР дар пайи аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҶТ тасдиқ нашудани дархостҳои ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» бобати иҷрои парвозҳо дар қаламрави ҶТ дар ҳаҷми пурра ҷорӣ мегардад. Хатсайрҳои Душанбе-Москва-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд, Хуҷанд-Краснодар-Хуҷанд ва Кӯлоб-Москва-Кӯлоб бетағйир тибқи ҷадвали парвозҳо монданду иҷро мегарданд. Дар пайи ин ширкати «Сомон эйр» аз тамоми мусофиронаш маъзарат хоста, таъкид намуд, ки маблағи ҳамаи чиптаҳои харидашударо бармегардонад.

Тоҷикистон фазоро барои Россия баст!
Ҷониби Тоҷикистон низ дар ҷавоби ин амали Россия дер напоид ва субҳи рӯзи 2.04.2018 эълон дошт, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ-«Уралские авиалинии», «Ютэйр», «Сибир» ва «Северный ветер»-ро ба қаламрави Тоҷикистон манъ мекунад ва ҳамин тавр ҳам кард. Тавре хабаргузориҳои русии ТАСС ва РИАНовости дар сомонаҳои худ бо такя ба намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур гуфтанд, дар ҷамъ парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ дар 11 хатсайри байни Тоҷикистону Россия сар аз 2.04.2018 бекор карда шуд. Дар асоси телеграммаи Агентии авиатсияи граждании ҶТ, Тоҷикистон иҷозати парвозҳоро ба Душанбе аз Екатеринбург, Новосибирск, Иркутск, Краснодар, Красноярск, Санкт-Петербург ва Самара ва парвозҳоро ба Хуҷанд аз Новосибирску Санкт-Петербург ва Самараву Сургут барои ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ манъ намудааст. Яъне, ҳар 2 кишвар ба принсип рафта, бар қасди ҳамдигар бе ягон фикру мулоҳиза якбора парвози беш аз 10 хатсайрро қатъ карданд, вале касе аз ҷонибҳо фикр накард, ки ин кор боиси саргардонӣ ва дар фурудгоҳҳо интизорӣ кашидани ҳазорҳо мусофир, хосса, мусофирони бе ин ҳам азияткашидаи Тоҷик хоҳад шуд. 3 рӯз шуд мусофирони чиптахаридаи Тоҷик дар фурудгоҳҳои Екатеринбургу Қазон ва Красноярску Иркутск сарсонанду барои омадан ба Ватан роҳи нав меҷӯянд…

Решаи ин мушкил дар куҷост?
Бори аввал нест, ки байни Тоҷикистону Россия барои анҷоми парвозҳо низоъ сар мезанад. Аз с.2014 ин тараф Россия бо ҳар баҳона фазои ҳавоиро барои ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикӣ иваз мекунад, ё хати парвозро. Ҳар маротиба ҷониби Россия бо фишору таҳдид ва манъи парвозҳо ба хостаҳои хеш, амсоли иҷозати парвоз ба ширкати ҳавопаймоии «Ямал» мерасад ва муддате ин оташ хомӯш мешавад. Агентии авиатсияи граждании ҶТ ҳам тайи 1 моҳи охир бори нахуст нест, ки мегӯяд, барои музокирот бо Маскав ҳанӯз омода нест. Баҳонаи Агентӣ ин аст, ки он тоза таъсис ёфта, то ба ҳол равиши кории хешро мушаххас накардаву дар интизори ҷобаҷокунии кадрҳост. Аммо ин Агентӣ ба хотири ҳимояи манфиатҳои ширкатҳои ватании “Сомон эйр” ва “Тоҷик эйр” монеи оғози парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” дар масири Перм-Душанбе шуда, барои парвозҳои он дар хатҳои Краснодар-Хуҷанд, Челябинск-Душанбе ва Жуковский-Кӯлоб низ иҷозат надод. Ин тасмим сабаб шуд, ки вазорати нақлиёти Русия 14.03.2018 бо нашри 1 баёнияи эътирозӣ мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро ба поймол кардани тавофуқномаи байнидавлатӣ айбдор кунад. Маскав мақомоти Тоҷикистонро ба музокироти ин масъала дар таърихи 22 ё 23 март ба Маскав даъват карда гуфт, агар Душанбе то оғози ин музокирот ба тамоми парвозҳои "Уралские авиалинии” иҷозат надиҳад, алайҳаш чораҳои ҷавобӣ андешида хоҳанд шуд.
-”Дар сурати тасдиқ накардани барномаи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии” дар тамоми хатҳои мазкур тибқи дархостҳои ироашуда, ҷониби Русия барои худ ҳақ медиҳад, ки аз чораҳои ҷавобӣ нисбат ба мусофиркаши аз ҷониби Тоҷикистон таъйиншуда кор бигирад.”-омада буд дар баёнияи вазорати нақлиёти ФР. Аммо ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки барои ин музокирот ҳанӯз тайёр нест ва агар Русия ба зидди ширкатҳои Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кунад, Душанбе низ айни корро хоҳад кард. Рӯзҳои 25-26 март ҷониби Тоҷикистон ба 3 парвози "Уралские авиалинии” аз Екатеринбург ба Душанбеву Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа иҷозат надод. Парвозҳо ба Душанбеву Хуҷандро баъдан бо 13 соат таъхир иҷозат доданд, вале ба сурати муваққат.

Пайомадҳои тахфифҳои наврӯзӣ
Соли ҷорӣ танишҳои нав байни авиаторони Тоҷику рус аз арзон шудани нархи чипта вусъати тоза гирифтанд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» нархи парвозҳоро аз Маскав ба Хуҷанд якбора қариб 3 маротиба арзон карда, нархи ҳар 1 чиптаро то 3-4 ҳазор рубли русӣ фаровард. Ин амал боиси нороҳатии роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикӣ гашт, зеро зарбаи сахте буд ба кассаву кисаи онҳо. Пас аз эътирози Тоҷикистон вобаста ба арзон кардани нархи чипта, ки он матбуотӣ нашуд ва кам касоне дар бораи он медонанд, Россия ба амали навбатӣ даст зад-хати сайри парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикро иваз ва вақти парвозро 1 соат зиёд кард. Тоҷикистон низ дар ҷавоб хати парвози ҳавопаймоҳои русиро тағийр дод, аммо ин дигаргунӣ ба вақти парвози ҳавопаймоҳо халал нарасонид. Агар пештар парвоз аз Душанбе ба Маскав 4,5 соат вақтро мегирифт, ҳоло он бо дарназардошти фуруд дар фурудгоҳҳо барои пур кардани сӯзишворӣ беш аз 7 соатро дар бар мегирад!!! Пас аз ин, вазорати нақлиёти ФР эълон намуд, ки иҷозатномаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» дар масири Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд ба поён мерасад ва ҷониби Тоҷикистон бояд сари ин масъала ба музокирот сар кунад. Хулоса, русҳо хостанд, мо хостем, вале тарафе нахост қадаме пеш ниҳад ва натиҷаи ин хостаҳоро имрӯз дида истодаем. Солҳои қаблӣ ҳангоми пеш омадани чунин танишҳо авиаторони Тоҷик бо роҳбари муовини вазири нақлиёту роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба таври оҷилӣ ба Маскав парвоз намуда, вазъияти ба амал омадаро хеле зуд ва бо ҳимояи манфиатҳои 2 тараф ҳаллу фасл менамуданд. Он замон касе намегуфт, ки ман директорам ё роҳбараму назди ман оед, қаблан манфиати мусофирон ҳимоя мешуд, ҳоло бошад масъулини соҳаи авиатсияи Тоҷик танҳо дар фикри манфиати ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷик, дурусттараш барои ҳарчӣ бештар ба даст овардани фоидаи онҳо шудаанду ин «ҷанги ҳавоӣ» ҳам ба хотири ҳамин манфиатҳо-пулӣ ба миён омадааст. Имсол бошад мо беш аз 1 моҳ вақтро аз даст додем ва билохира барои музокирот рафтем!
Мӯҳтарам намояндагони Агентии авиатсияи гражданӣ! О, вақте аз аввал маълум буд, ки меравед, пас чаро мардумро ин қадар азият карда, ба қавле нозунуз кардед!? Наметавонистаед!

10 ангушт дар даҳон ё….
Сабаби асосии пеш омадани ин «ҷанги ҳавоӣ» дар с.2018 роҳ надодани Тоҷикистон ба парвоз дар хатсайрҳои Перм-Душанбе, Челябинск-Душанбе ва Маскав (Жуковский)-Кӯлоб будааст. Агентии авиатсияи граждании ҶТ амалиёбии ин хатсайрҳоро аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» ба хотири ҳимояи манфиатҳои ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ-«Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» манъ кардааст. Яъне, дар ин масир бояд ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикӣ парвоз кунанд, на русӣ! Шояд ин амал хуб бошад, вале вақте ширкатҳои ватании мо-«Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр», ки худ ҳам аксарияти масирҳоро гирифтаву бо надоштани ҳавопаймо ва имконоту иқтидор ба даҳон об гирифта гаштаанду дар хатсайрҳои ғасбкардаашон парвоз намекунанд, чӣ бадӣ дорад ширкати дигаре парвоз кунаду мардуми моро бараду биёрад ва боз ҳам бо нархи арзон!? Худатон, ки НАМЕТАВОНЕД, монед дигарон тавонанд! Аз рӯи иттилое, ки мо дорем ширкати «Сомон эйр» аз хатсайрҳо ва имконоте, ки дорад, танҳо 16%-и онро айни замон иҷро мекунаду халос. Ширкати дигари миллӣ-«Тоҷик эйр» бошад танҳо дар 10%-и масирҳояш парвоз мекунаду тамом. Чаро ҳавопаймоҳои «Тоҷик эйр» ба масирҳои ба номаш ба қайд гирифташуда парвоз намекунад, ба мо номаълум аст…

Авиатсияи Тоҷик кай соҳиб пайдо мекунад?
Пас аз 1 моҳи танишҳо, билохира ҳайати авиаторони Тоҷик дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, адлия ва нақлиёти мамлакат субҳи рӯзи 3.04.2018 барои гуфтушунид озими Маскав шуданд. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин музокирот ҳатман аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя хоҳад кард. Хуб аст, вақте манфиатҳои миллиро волотар аз ҳама чиз мегузоранд, лек набояд фаромӯш кард, ки дар низои ҳавоӣ пеш аз ҳама бояд манфиатҳои мусофир-ҳамон муҳоҷири кории Тоҷик бояд дар мадди аввал бошад, на фоидаи «Сомон эйр»-у «Тоҷик эйр» ва масирҳои ба қавле «дар намак хобидаи онҳо»! Дар баробари манофеи мусофирон, манфиатҳои ҳазорҳо нафари дигар-кормандони фурудгоҳҳои кишвар низ бояд ҳифз шаванд, яъне парвоз бояд бошад, то онҳо кор кунанду маош гиранд ва тавонанд хонаводаҳои худро бихӯронанд!
Ва боз 1 чизи дигар: бо он имконоту шароит ва қарзҳои ҳангуфте, ки имрӯз ширкатҳои ҳавопаймоии миллии мо доранд, наметавон шарт гузошту пофишорӣ кард. Ҳоло вақте омадааст, ки барои ҳар 1 мусофир бояд бидавӣ, барояш шароити лозимаро фароҳам оварӣ, нархи чиптаатро арзон кунӣ, то ин ки вай маҳз чиптаи ширкати туро харидорӣ намояд ва бо ту парвоз кунад. Ҳоло вақти интихоб аст ва мусофир худ медонад кӣ ва кадом ширкатро интихоб кунад. Вақте нархи чиптаи 1 ширкат дар масири Душанбе-Маскав 1600 сомонист, мусофир ҳеҷ гоҳ чиптаи ширкати дигарро, ки 2600 сомонӣ қимат дорад, намехараааддд! Фаҳмидед!? Қазияи мазкур бори дигар исбот намуд, авиатсияи Тоҷик, ки имрӯз натанҳо дар ҳолати ногувори молӣ қарор дорад, балки дорои бӯҳрони кадриву касбӣ низ ҳаст, бо таъсиси Агентии нав ҳанӯз ҳам соҳиби воқеии хешро пайдо накардааст. Асоси ҳамаи ин проблемаҳо ҳамин аст: БЕСОҲИБӢ!
То соҳиб пайдо нашавад, ин мушкил аз байн намеравад. Мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард! Мо метавонем!

Ромини Амин,
Махсус барои СССР

Матлабҳои дигар