ХАБАРИ ДОҒ

SOS: Марказҳои бозии кӯдакон дар пойтахт хатарноканд!

  • Панҷшанбе, Апр 19 2018


Сӯхтори мудҳиш дар маркази савдо ва дилхушии «Олучаи зимистона»-и ш.Кемеровои Федератсияи Россия, ки ҷони 64 нафарро бо худ бурд, моро водор сохт, ки аз марказҳои калонтарини савдо ва дилхушии ш.Душанбе боздид намоем. Илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ. Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки марказҳои дилхушии кӯдакон ва наврасони Душанбе низ хатарзоянд.

«АШАН» гуфт бехатарем, вале…
Маркази калонтарин савдо ва дилхушии мамлакат-«АШАН», пас аз ин фоҷиа дар ш.Кемерово, дарҳол мардумро ҷамъ карда, ба намояндагони ВАО эълон намуданд, ки маркази «АШАН» аз лиҳози омодагӣ барои пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳо, аз ҷумла, сӯхтору зилзила 100% тайёр аст. Барои таъмини бехатарии мардум бошад, дар ин марказ ҳамарӯза тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аммо 1 боздиди мухбири газетаи СССР аз ин марказ нишон дод, ки новобаста аз андешидани чораҳои зиддисӯхторӣ, то ҳол бархе аз қисматҳои он, хосса, қисматҳои бозии кӯдакона ва синамо хатарноканд. Қисмати бозиҳои дилхушӣ, хӯроки умумӣ ва синамо дар ошёнаи 2 ва дар гӯшаҳои дуру торик аз зинаҳои асосии баромад ҷойгиранд. Дар бораи даромадгоҳу баромадгоҳҳои иловагӣ қариб касе чизе намегӯяд, ишора ҳам нест ё аз чашми мардум дур. Агар Худоё накарда сӯхтор дар ин қисмат сар занад, ҳатман пеш аз ҳама кӯдакон осеб хоҳанд дид, зеро дар толори бе ин ҳам торику танг гум нашуда, ба берун баромадан 1 тарафи масъала бошад, аз боло ба поён фаромадан тавассути 2 зинаи 1,5 ним метра ва ин ҳам бо анбӯҳи бузурги одамон масъалаи дигар аст. Ин ҷо ҳатто тирезаҳои шишагин ҳам нест, ки кормандони сохторҳои наҷотдиҳӣ шикаста даромада, ба наҷоти одамон сар кунанд!

«Пайкар»-ҷои кӯдакон дар ошёнаи 3
Қисмати бозӣ ва саргармии кӯдакон дар маркази савдои «Пайкар» бо номи «Мадагаскар» бошад дар ошёнаи 3-и он ҷойгир шудааст. Шояд маъмурияти он хостанд кӯдакон ба истироҳату хариди оромонаи волидайн халал нарасонанд? Дар ошёнаи 1-и «Пайкар» фурӯшгоҳи маҳсулоти хӯрока аст, дар ошёнаи 2 мағозаи атриёту чарчинворӣ ва сарулибос, маркази бозии кӯдакон дар ошёнаи 3 қарор дорад ва ин ҳам дар ҳоле, ки ин марказу ин қисмат танҳо 1 баромадгоҳу даромадгоҳ ва 1 лифти танг дорад!!! Агар баногоҳ сӯхтор ё зилзилаи шадид ба миён ояд, ба таври оҷил ҷамъ кардану ба берун баровардани кӯдакон амрест маҳол! Ва 1 роҳ мемонад-партофтани худ аз тиреза, ки он ҳам чӣ пайомадҳо меорад, шумо медонед!

«Минён» низ қафо намонд!
Маркази дигари дилхушии пойтахт-«Минён». Ин ҷо на танҳо маркази бозиҳо, балки қаҳвахона ҳам дар ошёнаи 2 воқеъ буда, танҳо 2 баромадгоҳ дорад, ки яке аз он барқӣ асту дар ҳолати сар задани сӯхтор метавонад бештар зарар расонад. Дар «Минён» низ камбудӣ зиёд аст, ба мисли набудани даромадгоҳҳои иловагӣ, ишораҳо, толори танг, ки дар сурати 1 ҳаёҳӯи хурд он аллакай хатарзо хоҳад шуд. Танҳо 1 роҳи дигар мемонад ва ин ҳам аз тиреза ҳаво додани худ… Ошёнаи 1-и ин марказ қариб ки холист, танҳо 2-3 дӯкон машғули фурӯши маҳсулоти ҳунармандони Тоҷиканду халос. Оё хуб нест, ки роҳбарияти ин марказ бо назардошти фоҷиаи ахир маркази бозии кӯдаконро ба ошёнаи 1 фароварда, бо ин роҳ амнияти онҳоро бештар намояд!?

Марказҳои бозӣ ҳатарноканд!
Мушоҳидаи мухбири мо далели он аст, ки ин марказҳо, хосса, қисматҳои барои бозии атфол ҷудошуда, ба талаботи амниятии атфол ҷавобгӯ нестанд. Мақомоти дахлдор ва роҳбарияти ин марказҳо бояд сари амнияти харидорону кӯдакони онҳо ҷиддӣ ва амиқ андешанд! Мо метавонем!

Мину Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter