ХАБАРИ ДОҒ

Хӯҷа Каримов: Аз медбратӣ то рэкетӣ

  • Панҷшанбе, Апр 19 2018

 

Хӯҷа Карим каллабуре беш набуд!

7.04.2018. Соат бо вақти Душанбе 16:37 дақиқа.
Нафақахӯр Ҷонибек Ғайратов, сокини маҳаллаи Гипроземи пойтахт (тел: 901 70 01 74) ба СССР занг задаву гуфт, ки «дар шумораи гузаштаи СССР 1 матлаб-андешаи Бахтиёри Ҷабборзодро оид ба кӣ будани Хӯҷа Карим хондам. Ин, ки Бахтиёр аз зодгоҳи Хӯҷа Карим асту ӯро хело ҳам тавсиф кардааст, андешаи инфиродии ӯст. Бигзор чунин бошад. Аммо аз диди ман Хӯҷа Карим каллабуре беш набуд!!! Ва барои ин факт низ дорам. Хӯҷа командир дар ҳамун солҳои нобасомонӣ вақте маҷлиси Шӯрои олӣ ба анҷом мерасад, директори Заводи пахтаи ба номи С.Айнии н.Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) Саидшо Шоев-депутати Шӯрои Олии ҶТро ҳамроҳи додараш гаравгон бурда, дар Ғозималик мепаронад. Воқеа ин тавр рӯй медиҳад: Вақте маҷлис тамом мешавад, Шоев аз толор берун мебарояд. Нохост додарашро дар ҳалқаи боевикҳо мебинад. Чун пеши онҳо мераваду мепурсад, «ин додари ман аст, куҷо бурданиед ӯро?» Хӯҷа Карим мегӯяд, «бо додарат мо кор дорем…». Шоев низ ба Хӯҷа бо қаҳр мегӯяд, «ҳар куҷое ӯро мебаред, ҳамроҳатон меравам!» Хуллас, ҳардуро ҷониби Ғозималик мебаранду мепаронанд!!! Ин аввалу охири «қаҳрамонӣ»-и Хӯҷа Карим нест. Ӯ бисёриҳоро қатл кардаву даст ба бенизомиҳои онвақта задааст!»
Ҳамин занги телефонии Ғайратов ба СССР сабаб шуд, ки зиндагиномаи Хӯҷа Каримовро ба пуррагӣ ин ҷо пешкаши мухлисони СССР намоем.

Автобиографияи духтур-рекэт!
Номи Хӯҷа ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд, минҷумла, барои ТВ-журналистикаи Тоҷик. Зеро замоне ҳокими ғайрирасмии мутлақи ТВТ маҳз Хӯҷа-командир буду журналистони ин даргоҳ то умр доранд, ситаму таҳвину таҳқири ӯро фаромӯш нахоҳанд кард…
Хӯҷа Каримов (Раҳим Каримов) 1.10.1960 дар н.Куйбишев (ҳоло н.Хуросон) зода шуда, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аст. То с.1992 пизишки Беморхонаи ҷумҳуриявии №3-и ш.Душанбе буд. Дар солҳои 1992-93 қумондони саҳроии отряди Фронти халқӣ, муовини якуми командири бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи ҶТ, аз с.1994 то 1998 корманди Ҳукумати вил.Хатлон. Соли 1995 депутати халқии Маҷлиси Олӣ аз округи 145-и Уялӣ, узви Кумитаи доир ба корҳои занон, ҳифзи сиҳатӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, с.1997 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ноябри с.1998 дар назди бинои Маҷлиси Олӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд.

Шоҳи Ғозималик
Хӯҷаро ба ташкили қатли депутатҳо-С.Шоев ва Т.Шукуров гунаҳкор донистаанд. Боздошти Хӯҷа-командир фурор ба амал овард ва дар куртаи боевику қумандонҳои вақт кайк ворид сохт. Шасти аксарият ба ҳадде гашт, ки аз пойтахт гум шуданд! Дар матбуот он замон ӯро «Шоҳи ноҳияи Ғозималик» навиштанд, чун пахтаи ин минтақаро ихтиёран ба Голландия ба савдо мезадааст. Вале ба таври ногаҳонӣ озод шуд ва чанде ба баъд ғайб зад. Аз ангуштшумор қумандонҳои Фронти халқист, ки аз ҷазо вораҳид ва бо дуздии миллионҳо доллар худро ба хориҷа задаву то ҳанӯз боздошт нашудааст. Хӯҷа пас аз воридшавии қувваҳои ҳукуматӣ ба пойтахт ТВро таҳти контроли худ қарор дода, журналистони «бегона ва душмани синфиро» дар назди боқӣ журналистон истинтоқ, лату кӯб ва таҳқир мекард. Дар ин «амри хайр» дастнишондаҳояш Почохони масхарабоз ва шарики саҳнавӣ, калтача-лиллипути ӯ буданд. Маҳз инҳо журналистони «демократ» ва «вовчик»-ро ба Хӯҷа ифшо мекарданд. Тибқи ривояти шоҳидон, омад-омади Хӯҷа замоне на танҳо ба дили телевизионшикҳо, ки ба қалбҳои вазирону сағирон низ ҳарос ворид мекард. Дар нимаи соли 1990 ба ҷони ӯ дар гардиши маҳаллаи 65-и пойтахт суиқасд карданд, вале бе натиҷа. Тир аз пешонаи Хӯҷа гузашт: Рекошет! Ин буд, ки Каримови ба ғазабомада хост чанд вазирро гаравгон гирад. Ва ҳам мегирифт, агар Ғаффор Седой дар байн намешуд. Седой Хӯҷаи асабиро дар наздикии бинои парлумон қапида, лат карда, халъи силоҳ ва аз Душанбе пеш мекунад. Чанде ба баъд қумондон Султони Чол дар Ғозималик-мавзеи зертаъсири Хӯҷа, ӯро халъи силоҳ ва лату кӯб намуд ва бо ҳамин латтаи қумандони гизала дар об зад! Сипас Хӯҷаи номдор аз сӯи мақомот боздошт ва боз ҳам озод шуд. Ин ҳама обрӯву имиҷи ӯро дар назди «олами қумондонии» даврони қумондонсолорӣ паст кард. Хӯҷа Карим ба ҳайси президенти ФФТ ба хориҷа сафар карда, дигар ба Тоҷикистон барнагашт; ӯ амри боздошти худро пешдастӣ намуда, чапғалат дод. Ҳоло муқими Малайзия асту дар бозҷӯии ҷиноии Интерпол қарор дорад.

Қумандони бесилоҳон
Ӯ баъд аз ошноӣ бо Файзалӣ Саидов ва Ёқуб Салимов-маъруфтарин чеҳраҳои ҷангии Тоҷик дар Хатлон ва пайвастан ба ФХТ номдор гардид. Хӯҷа дар ягон амалиёти ҷангӣ бе восита ширкат накардааст. Вале аз пушти ҷанги гражданӣ ӯ маъруф ва сарватманд шуд. Ин дар ҳолест, ки дар ягон эпизоди ҷангӣ номаш ҳамчун иштирокчӣ нагузаштаст. Вале ин ҷавони зирак корро тарзе тоб дод, ки дар амалиётҳои дуразҷангӣ чеҳраи калидӣ шуд ва яке аз ноҳияҳои калонтарини республикаро ғуломи худ сохта, дар Ғозималик бо баҳонаи чисткаи ваҳҳобиён мардуми бечораро қатл карда, сиёсаташро шинонид. Аз бераҳмтарин қотилони мавзеъ буд. Дар Ғозималик ҳам худо буду ҳам расули ин ноҳия…
Хӯҷа-командир аз беҳтарин чеҳраҳои зираки гражданка аст, ки наҷангид, вале сарвати ҳангуфт ҷамъ овард ва бар мардум ситам кард. Ин дар ҳолест, ки худи ӯро дар ин Ғозималик, бархе ҳамчун сахӣ ва бунёдкор мешиносанд. Зеро аз дигар ҷо ғорат кардаву ба ин ноҳия мекашонид ва андак-андак сохтмонҳои замонавӣ ҳам мекард. Ҳатто арчаҳои қад-қади роҳи мошинагардро, ки имрӯз зиннати Ғозималиканд, Хӯҷа дуздида овардааст ва то ҳанӯз аз Боғи ботаникии раҳматӣ Тилло Бобоев-асосгузори ин Боғ қарздор аст. Каримов ягона нафаре буд, ки ба Файзалӣ содиқ монд. Ва пас аз марги ахирӣ 2 совхози ҳамшафатро аз нав номгузорӣ кард ва дар 1 тоблу аз 2 ҷониб овезаеро кӯфт: Совхози Файзалӣ Саидов ва совхози Хӯҷа Каримов. Рӯиҳамрафта акси Файзалиро калон кашида, дар даромадгоҳи Ғозималик овехт, ки то ҳанӯз побарҷост.

Қумандонсолорӣ дар ФФТ
Аз Робен Гудҳои ҷанги гражданӣ нахустин касе, ки ба ФФТ омад, Хӯҷа-командир буд. Давраи роҳбарии ӯ ба замони қумандонсолории футболи ватанӣ рост меояд. Дар ин давра қариб ки дар саргаҳи тамомии клубҳои футболи мамлакат қумандонҳои сар то по мусаллаҳ меистоданд ва мусаллам аст, ки баргузории мусобиқаҳо байни ин дастаҳо кори саҳлу осон набуд. Новобаста ба ҳамаи ин, дар давраи роҳбарии Хӯҷа Каримов чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи оливу якум, мусобиқа барои дарёфти Ҷоми миллӣ ва дигар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ пайваста ташкилу баргузор шуда, инчунин иштироки тими миллӣ ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ таъмин карда шуданд. Нуралӣ Хоркашев-шореҳи футболи СССР дар 1 матлаби вежа таҳти унвони «Султони ФФТ 60 сола шуд!» навишта буд, ки «беҳтарин қиссаи шунидаамро аз забони худи ӯ, ки дар  давраи фаъолияти Акаи Султон (Қосимов Султон Сулаймонович) дар замони президентии Хӯҷа-камандир дар ФФТ сурат гирифтаст, бароятон ин ҷо навишта накунам:
-Акаи Султон он вақт дар гардиши Фурудгоҳ, дар ошёнаи дуюми як хонаи умумӣ, дар утоқи иҷоравӣ зиндагӣ мекард. Хӯҷа-камандир аз куҷое 1 антенаи моҳворавиро, ки он замон бисёр камчин буд, оварда, ба Акаи Султон супориш медиҳад, ки онро бурда, дар хонааш нигоҳ дорад. Баъди чанде 1 бегоҳ аз поён касе бо садои баланд “Чол” (Хӯҷа соҳибҷашни имрӯзаи моро ҳамин хел меномид) гуфта садо мекунад. Акаи Султон, ки овози роҳбарашро “хуб” мешинохт бо ҳарос поён мешавад ва Хӯҷаро бо чанд муҳофизаш мебинад. Ӯ “Чолро” мефармояд, ки рафта антенаро фароварда, ба мошини ӯ бор кунад ва ба бинои хонаи умумӣ ишора карда, мепурсад:
- Дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунӣ?
Акаи Султон бо умеде, ки акнун ҷонаш аз хонаи иҷоравӣ  халос мешавад, саросема ҷавоб медиҳад:
- Ҳо, камандир дар ҳамин ҷо ва ба ошёнаи дуюм ишора мекунад.
Он вақт хона дар Душанбе он қадар арзиши гарон надошт ва бисёр қумандонҳо ба зертобеонашон хона ҳадя мекарданд, ки алабатта Акаи Султони мо низ аз камандири роҳбараш ҳамин умедро дошт. Аммо, Хӯҷа мегӯяд:
-Куштаниат, ки шудам, акнун медонам, ки дар куҷо зиндагӣ мекунӣ.
Албатта, ин шӯхие беш набуд, аммо дар он замонҳо кас ҳатто аз шӯхӣ бо қумандонҳо ҳарос дошт”.

Хӯҷа Бахтиёри Муртазоро паронданӣ буд!
Воқеан, Ҷонибек Ғайратов бе сабаб нест, ки бо таъкид мегуфт, Хӯҷа ба қатли даҳҳо нафар дасти тамом дорад. Хӯҷа-командир Бахтиёр Муртазоев-аввалин сардабири нашрияи «Минбари халқ»-ро низ қариб мепаронд. Худи устод Муртазоев дар меҳмонии СССР гуфта буд, ки «солҳои баъдиҷангӣ дар нашрияи парлумонии «Садои мардум» муҳаррир будам. Рӯзе дар назди бинои Шӯрои Олӣ ҳамроҳи Назрулло Дӯстов-собиқ вазири нақлиёт сӯҳбат доштем, ки аз куҷое депутат Хӯҷа Командир ҳамроҳ бо чанд телехаш пайдо шуд. Назди мо каме қарор гирифта сӯи ман ҷиддӣ гуфт, «Шунидам, ки ту қубодиёнӣ будастӣ-а?». Гуфтам, «ҳо, чӣ гап буд?» «Туро ҳам парондан даркор!» гуфт ӯ. Тибқи овозаҳо, чанд рӯз пеш ӯ бо силоҳбадастони қубодиёнӣ муноқишае доштааст. Ва аз сари алам метавонист ҳар қубодиёниро паронад, аз ҷумла, маро. Дӯстов гапи ӯро буррида гуфт: «Ту Муртазоевро паронданиӣ? Агар ӯро куштанӣ бошӣ, аввал маро мепаронӣ, баъд ӯро! Чӣ хел фаҳмидӣ?» Хӯҷа инро шунида, аз пеши мо дур шуд. Ин қиссаро барои он гуфтам, ки он шабу рӯз ҷони ҳама дар сари қил буд ва вақте саҳар аз хона ба кор мерафтӣ, дигар тақдират номаълум буд: бегоҳ зинда бармегардӣ, ё не?»

Хайрандеш бо 2 мисраъ халос шуд
Боре мухлиси газетаи СССР-Холмуҳаммади Чархӣ-шоир ва косиб аз н.Рӯдакӣ дар меҳмонии СССР гуфта буд, ки то ҳатто Хӯҷа Карим шоири маъруфи Тоҷик-Хайрандешро мепаронд, агар шоир бо 2 мисраъ халос намехӯрд. Чархӣ мегуфт: «Тибқи шунидаам, гӯё Хайрандеш дар замони ҷанги гражданӣ аз чанги Хӯҷа-командир дар маркази пойтахти кишвар бо ин 2 мисраъ халос хӯрдааст:
Умрам гузашту Хӯҷаи Хизр назар накард,
Шояд кунун Хӯҷа-командир назар кунад…».

Шариф Умар,
Махсус барои Ихвон ал СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter