Принт

Оши 1х1-и пластикии хитоӣ!


Дӯкону мағозаҳои Тоҷикистон пур аз маводи ғизоии хитоӣ шудааст. Ба наздикӣ чиниҳо боз 1 ихтирои дигар карданд: аз пластика биринҷ истеҳсол мекунанд. Ин биринҷ арзонтар аст ва ҳоло ошхонаҳо дар Тоҷикистон аз он таомҳоро пешкаши мизоҷон карда истодаанд. Ҳамин ғизою маводи чинӣ боиси сарзании амрози гуногун, аз ҷумла, фишору қалбу саратону қанду эпилепсия… шудан дорад. Бо ин роҳҳои маккоронаю стратегияи дурбинонаи чинӣ миллати Тоҷик каму маҳв шудан мегирад. Тасаввур кунед, баъди 20-30 сол дигар аз миллати Тоҷику Тоҷикистон осоре намемонад. Пас, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Академияи илмҳои кишвар, бахшҳои маънавиёти Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳои иқтисоду ояндабинӣ, фарҳанг бояд Барномаи давлатии ҳифзи марзу бум ва миллатро таҳияву тарҳрезӣ кунанд. Яке аз нуқтаҳои ин Барнома бояд он бошад, ки молу амволи ғизоӣ, тухмии сунъӣ ё худ ГМО, нуриҳои минералии Хитой ба Тоҷикистон дигар ворид карда нашаванд.

Нурулло Ҳасанов,
рӯзноманигор

Матлабҳои дигар