Принт

Аз саҳмгузории СССР миннатдорем!


Прокуратураи ш.Кӯлоб мақолаи зери унвони «Барои раис марги мо фарқе надорад!» (СССР, №5(490), 1.02.2018)-ро мавриди санҷиш қарор дод. Дар ҳақиқат, дар масъалаи таъмиру сохтмони роҳҳои ҳудуди ш.Кӯлоб камбудиҳо ҷой дошта, эродҳои муаллиф қисман ҷой доранд. Прокуратураи шаҳр рӯзномаи СССРро барои саҳмгузорӣ дар ислоҳи камбудиҳои дар ҷомеа ҷойдошта пурра тарафдорӣ намуда, миннатдории худро изҳор менамояд. Дар ш.Кӯлоб Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ш.Кӯлоб ва Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилии ш.Кӯлоб фаъолият дошта, аз рӯи тавозуни роҳҳои автомобилгарди вобасташуда роҳҳоро таъмир ва нигоҳубин мекунанд. Дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб 223,4 км (аз ҷумла, 18 км роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ, 26,1 км роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва 179,3 км роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ) қарор дорад, ки ба роҳҳои категорияҳои 4 ва 5 мансубанд. Тӯли ин роҳҳо 37,3 км роҳҳои асфалтпӯш, 164,1 км роҳҳои нефтӣ ва 22 км роҳҳои шағалдор аст. Дар ин роҳҳо ҳаракати нақлиёт дар 1 шабонарӯз аз 1500 то 10500 ададро ташкил медиҳад. Дар он 38 пул бо дарозии 708 м ва 232 адад лӯлаҳои обгузар бо дарозии 2232 м мавҷуданд… Дар ҳудуди ш.Кӯлоб бо мувофиқа бо ШБДА ШВКД ҶТ дар ш.Кӯлоб дар 7 чорроҳаҳои ҳудуди шаҳр чароғакҳо насб карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд. Вобаста ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта унвонии раиси ш.Кӯлоб пешниҳод фиристонида шуд.

Имомзода Р.С., прокурори шаҳри Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи 1

Матлабҳои дигар