ХАБАРИ ДОҒ

Чаро Тсеll аз ман 0,8 сомонӣ мегирад?

  • Панҷшанбе, Апр 26 2018


Сари ҳар моҳ аз ширкати Тсеll ба телефонҳои мобилие, ки аз ин ширкат истифода мебаранд, ногаҳон чунин паёмак меёбед: “Муштарии муҳтарам, аз ҳисоби Шумо пардохти моҳона барои рақам дар ҳаҷми 0,8 сомонӣ гирифта шуд”. Чӣ хел рақам ва кадом рақам? Барои рақам ҳар 1 муштарӣ аз рӯзи аввали телефони мобилӣ гирифтанаш пулашро пардохт карда, симкорташро харидааст. Ширкати Тсеll ба ҳисоби миёна агар 500.000 муштарӣ дошта бошад, дар 1 моҳ 400.000 сомонии бе дарди миёнро соҳиб мегардад. Аз ин амали ширкат ба шиносе дарди дил кардам, ки ӯ муштарии ширкати Вавилон аст ва гуфт, ки ин амалиёт дар он ширкат низ будааст. Маълум шуд, ки аз ҳамаи муштариёни ҳамаи ширкатҳои мобилии дар Тоҷикистон фаъолият дошта ин маблағи моҳона ситонида мешавад. Агар раваду дар ҳисобат бо сабабе маблағ набошта бошӣ, баъди балансро баробар кардан телефон садо мебарораду паёмак меояд: “Муштарии муҳтарам...”.
Акнун, ин қадар ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ аз муштариёни худ 0,8 сомонӣ сари ҳар моҳ гирад, пас ин миқдор маблағ ба куҷо ва барои чӣ сарф мешавад? Дар давоми 1 сол аз ҳар муштарӣ 10,6 сомонӣ меситонанд. Ин пули каму назарногир дар диди одамони пулдор бошад, дар маҷмӯъ чандин миллион сомониро ташкил медиҳад...

Зайнулобидин Ҳусейнов,
деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter