ХАБАРИ ДОҒ

SMART-6

«Сиёсати байналмилалии Тоҷикистон орӣ аз "меъёрҳои духӯра” буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад».
Эронро тӯли солҳо чун шарик ҳам не, ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дӯсти ҳамешагӣ мешинохтем. Баробари вазиши насими истиқлол нахустин шуда, дари дилу дидаро ба рӯи Эрон кушодем. Радиову телевизионҳои мо дар хидмати “бародарон” буданд. Иттифоқи нависандагон бе эрониҳо кам маҷлисе барпо мекард. Академику удабову уламо васфи Эрон мекарданд. Кор то ҷое рафт, ки қариб ТВ-и ягона бо Афғонистону Эрон мекушодем ва ғ. ва ҳ.
Аммо ба таҳқиқ, дар ин додуситади худ ба оғӯши бародарзаниҳо боз ҳам зиёдаравӣ кардем. Фаромӯш сохтем, ки Эрони Фирдавсиву Саъдиву Ҳофизу Хайём дигар асту ин кишвар дигар.
Лоббиҳои Эрон бисёр мехостанд, ТВ-и ягона роҳандозӣ гардад. Ёд дорам, ки ҳамон даврон Асадулло Раҳмонов-раиси Кумитаи РТВ зидди ин лоиҳа буд. Акнун фикр мекунам, Асадулло Қиматовичи ҷавон хеле пухтатар аз мо будааст, ки бо ҳама дӯстнамоӣ чеҳраи асливу усулии ин сиёсатро дарк кардааст. Брависсимо!
Нахустин шубҳа, шахсан ба дили ман, вақте ворид гардид, ки Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИТ аз ҳизби экстремистии Ихвон ал Муслимин, ки дар Миср кудато кардаву қудрат рабуда буд, пуштибонӣ намуд. Чун раиси 1 ҳизб не. Ҳамчун узви парлумони ҶТ!!! Имрӯз дигар пӯшида нест, ки Ихвон ал муслимин ҳизби кисагии охунди эронист. Ва тазоддро бинед, ки чанде ба баъд узви ҲНИТ, генерал, ҳоҷӣ-Ҳалим даст бар кудатои низомӣ зад... Фикр мекунед, ҲНИТ ва ЭРОН аз ин моҷаро огаҳ набуданд? Ещё как буданд!!! Вагарна қабл аз ин кӯшиши табаддулоти давлатӣ раҳбарони ҳизб тасодуфан “командировка” намерафтанд. Дар сиёсат ва дипломатия тасодуф вуҷуд надорад. Ва акнун андеша кунед, ки мабод дархости Кабирӣ, чун депутат, ҷомаи амал мепӯшиду Душанбеи расмӣ табаддулоти давлатии Мурсиро мепазируфт, аккурат, табаддулоти ҳарбии Ҳоҷӣ Ҳалим қонунӣ мешуд! Ҳалқабандии сиёсатро дидӣ, хонанда???
Рӯиҳамрафта, вақте Тоҷикистон баъди ин хиёнат ҳизби наҳзатро манъ ва роҳбарашро дар пайгард эълон намуд, Теҳрони расмӣ ба таври бесобиқа нописандиву беиззатӣ Кабириро ба Конфронси исломӣ даъват карду мулоқоташ бо раҳбари Олии ҶИЭ-Оятуллоҳ Хоманаиро ба маърази тамошо гузошт.
Дуруст таъкид кардааст, Сарвари давлати мо, ки мо “меъёри духӯра надорем”, зеро мо миллати дупогона нестем! Вале бо 2-погонаҳо чӣ бояд кард?
Теҳрони расмӣ муддати тӯлонист мехоҳад имиҷи сиёсии Тоҷикистонро ҳамчун 1 кишвари “пулшӯй” коҳиш диҳад. Зимнан, чандин сол шуд, 2 млрд доллари Бобаки Занҷонӣ-миллиардери худро дар...Тоҷикистон ҷустуҷӯ дорад. Тоҷикистон кишваре бузург нест, ки 2 млрд доллар, агар бошанд, пайдо насозӣ. Ин нонсенс-ҳарза аст. Аммо Эрон то ҳол аз аспи кин нафаромадааст.
Воқеан ҳам, чун сӯҳбат сари пул рафт, Эрон шояд мегӯяд, ки чигуна шуда, ба 1 ҳизби ватанӣ пулу пайса ҷудо мекард? Магар ин ҲНИТ буд ё ҲНИЭ?
Ҳоло дар кулуарҳои расмиву ғайрирасмӣ баҳсҳо сари ба сурат-ҳисоби Ҳоҷӣ Ҳалим доллар рехтанҳои охунд дар гардиш аст. Ин дар ҳолест, ки дар даврони ҷанги гражданӣ низ Теҳрони расмӣ 2 погон дошт. Дар Душанбе оғои Шабистарӣ даъвии сулҳ дошту оппозитсияи исломӣ пулу силоҳро аз Эрон мегирифт. Аз Эшони Қиёмиддини Ғозӣ-генерали мардумӣ пурсед, ки чигуна ва бо кадом роҳҳо пули нақд аз Эрон ба Афғонистону Покистон меоварданд...
Тоҷикистон бо ҳама ҷурму гунаҳ бо Эрон риштаи дӯстиро канданӣ набуду нест. Вале ҳар сабр охир ва ҳар коса лаб дорад. Эрон усулан 2 проекте дар тӯли 25 соли ахир кардааст, ҳар 2 ҳам нотамом ва хасакиянд. Яке нақби Истиқлол, ки то ҳанӯз тармимталаб аст ва дигарӣ ГЭС Сангтӯда, ки барқи худи моро ба худамон бо нарҳи гарон мефрӯшад. Биноҳои “осмонбӯс”-и эронӣ бошанд, то ҳол доғи Душанбеянд. Воқеан ҳам, шояд фурсате расидааст, ки ин биноҳо ба фурӯш гузошта шаванду ширкатҳои ватанӣ онҳоро созанд???
Бо ин ҳама, Теҳрони расмӣ, ба доми афгандаи худ фитод. Фиаскои сиёсӣ ин шуд, ки Эрон наметавонад узви Созмони ҳамкориҳои Шонхой ва баъдан ОДКБ-СПАД гардад. Чунки Тоҷикистон чун муассис ва узви ин созмонҳо зидди ин иқдом аст. Воқеан ҳам, дар мавриде, ки шарики стротегии мо-Русия бо Эрони расмӣ дар ҳамкории зич қарор дораду дар Сурия меҷанганд, Душанбеи расмӣ, хеле факту далел дорад, ки Теҳрони расмиро ба узвияти ин созмонҳо роҳ намедиҳад. Аз сӯи дигар, фикр намекунам, Хитой низ ҷонибдори воридшавии кишваре ба Созмони ҳамкориҳои Шонхой гардад, ки тибқи қонуни асосияш аз инқилобу кудатоҳои давлатии ба ном “исломӣ” расман пуштибон аст.
Ҳамаи ин додуситад дар мавридест, ки ҳоло мо перомуни фаҳшу зинову фисқу фуҷури дипломатҳои Эрони исломӣ дар Душанбеи азиз чизе нагуфтаем. Аммо факт дорем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter