ХАБАРИ ДОҒ

SMART-8

«Марти соли 1993, баъди пирӯзии Фронти халқӣ, Бозор Собирро ба ҳабс гирифта, моҳи декабри соли 1993, таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ озод карданд ва ӯ тарки Тоҷикистон намуд»…
Ҳоло, ки номи Бозор Собир дар пасманзари касалияш дубора расонаӣ шудааст, маро ана ҳамин иддаои қариб тамомии расонаҳои ватаниву хориҷии Тоҷикӣ таҳрик дод, то ин матлабро нависам. Пештоз мегӯям, бо Бозор Собир замони ахир ман муносибати ҳасана доштам ва СССР ягона газетае буд, ки ҳангоми «антипартийный» ва «кофир» будани шоир, ҳамеша паҳлӯяш буд ва устод низ на беҳуда ба ман менавишт: «Бачем, Сайёф медонам, ки чун кӯҳи Қоф дар пушти ман истодаӣ» (инро замоне мегуфт, ки бархе аз аъзои имрӯзаи раёсати ИНТ ба ӯ дарафтода буданд). Бозор ҳини дар Душанбе будан шояд бештар аз ҳама ба редаксияи мову хонаи ман ташриф меовард: ба редаксия матлабҳояшро меовард ва хонаам шакароби тоҷикӣ хӯрдан меомад. Хуб, ин ҳамаро барои миннат наменависам, танҳо ишора карданиям, ки Бозорро хеле аз наздик медонам ва аз проблемаҳои сараш рехтаву бехта дарак дорам. Ва акнун мехоҳам сари SMART-и дурӯғи дар боло овардашуда сӯҳбат кунам ва бо масъулияти том бигӯям:
-Бозор Собирро шахсан Эмомалӣ Раҳмонов дар соли 1993 озод карда буд!
Дар бораи кадом фишор сари раиси Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати ҷавони ҶТ сухан меравад, дар ҳоле, ки дар кишвар ҳокими мутлақ «товарищ Калашников» буд? Агар сарвари ҷавони кишвари мо намехост, ки шоир равад, танҳо ба кӯча ҷавоб доданаш кофӣ буд, то дар наздиктарин фурсат ӯро дилхоҳ «боевик» парронад.
Вале қаблтар аз ин, агар хиради сарвари ҷавони давлати мо намешуду Бозор ба маҳкама намерафт, ӯро «просто-напросто» дар кӯча мепарронданд. Дуруст аст, ки ӯро ҳабс карданду судаш давом дошт. Воқеан, устод нектар аз ман медонад, ки кадоме аз ҳамтоҳояш зиддаш дар суд баромад карда буданд…
Вале баъди андаке ба эътидол омадани вазъ, маҳз бо амри Раиси Шӯрои Олӣ, Эмомалӣ Раҳмонов, Бозорро на танҳо озод, ки пинҳонӣ ва зери «конвой» ба фурудгоҳ овардаву ба самолет савор карданд. Кам касоне медонанд, ки то паридани ин тайёра Эмомалӣ Раҳмонов ва Абдулмаҷид Достиев лаҳзае қарор надоштанд. Зеро агар ҷангиёни Фронти халқӣ медонистанд дар ин самолет Бозори «демократ» ва сухангӯи «Майдони Шаҳидон» парвоз дорад, метавонистанд тайёраро ист фармудаву шоирро қатл кунанд. Танҳо баъди оне, ки самолет аз замин канда шуд, сарвари давлати мо оҳи сабук кашид…
Аз Бозор Собир пурсед, ки моҷаро чигуна буд…
Баъди ин раҳоӣ Бозор Собир барои ҳангомаҷӯён идеал шуд. Вале чун устод ба Амрико рафтаву усули зиндагонии дунявиро дид, дарк кард, ки хато кардааст ва зидди исломистону ба ном демократҳои зархарид-экстремисти Тоҷик баромад кард. Боз ӯро хиёнаткору душмани халқу кофир ҳукм карданд.
Замоне бар зидди Эрони охундӣ сухан гуфт (имрӯз аллакай маълум аст Теҳрони расмӣ дар он ҷанги мо рӯғанрез буд), ки тамомии элитаи адабии мо зиддаш бархест. Инҳо бар асари 1-2 сафари ройгон ба «ҷашни реҳлати Эмом Хумайнӣ» ва нашри кутубашон аз ҷониби сафорати ҶИЭ, ҳаммазҳабу ҳаммиллату ҳамкори худро лаънат хондаву қотеъона талаб карданд, ки «Бозор рӯ сӯи қибла гардонида, аз Эрон узр пурсад», дар сурати акс ӯ ватанфурӯш ва хоин мегардид. Ёдатон омад, мӯҳтарам, аъзои ИНТ, ки чигуна 2 бор ҳамтои худро фурӯхта будед? Сароғоз дар толори суд ва сипас вақте дар Амрико буд?!
Газетаи СССР рӯзномаи мардона аст ва ҳеҷ гоҳ дӯстонашро намефурӯшад. Мо он замон низ аз шоир пуштибонӣ кардем ва то кунун дар бараш ҳастем. Мо Метавонем!
Ва ахиран, вақте Бозор Собири аллакай амрикоӣ (шаҳрвандиро қабул карда буд), сиёсати Амрикоро дар нисбат ба мамолики Шарқ танқид кард, чанд адибу нависандаи Тоҷик, ки дар сафорати Амрико кор мекарданд, матлабҳояшро тарҷума кардаву талаб намуданд, ки ӯро аз ҳаққи шаҳрвандии ИМА берун созанд. Инро кӣ кард? Ҳаммаслакону ҳамватанони шоир…
Ва дар ин гирудор боз Эмомалӣ Раҳмон паҳлӯи шоир қомат барафрохту ӯро бо тамомии иззату икром ба Душанбе овард. Хона дод. Имтиёз дод. Шароит муҳайё намуд. Шаби эҷодияшро ташкил кард…
Эмомалӣ Раҳмон воқеан МАРД аст. Ва инро на яку ду бор исбот кардааст. Абдуллои Нуриро низ ӯ табобат кард, соате, ки раёсати ҲНИТ аз ӯ рӯ тофт. Ҷанозаи Каримовро низ хонд. Ва ахиран Бозор Собири маризро шахсан зери назорат гирифтаву ба табобаташ шуруъ намуд. Кадом президент дар қораи Осиё ин корро кардааст? Ва бо ин ҳама ҷавонмардии фардӣ расонаҳо замоне кӯрайнакӣ кардаву ҳувияти МАРДии нафареро дидан намехоҳанд, алами кас меояд. Шумо, ки ҳатто барои шифои падари худ 1 доллар равон намекунеду гавҳари ҷавонмардӣ надоред, аз куҷо ба қадри мардонагӣ мерасед?!
Мо, ки мардем, ҷавонмардиро эътироф мекунем. Мо Метавонем!
PS: Вақте матлаб омодаи чоп буд, хабари шуме расид, ки УСТОД БОЗОР СОБИР аз олам даргузашт ва бо супориши инфиродии президент ва дӯсташ, ҷанозаи ӯро ба Душанбе хоҳанд овард. Худо ҷояшро ҷаннати барин бигардонад, ки ВОРАСТА МАРДе буд. Омин ё рабб-ул-оламин!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter