ХАБАРИ ДОҒ

Ба «сигнал»-и ман посух медиҳед?

  • Панҷшанбе, Май 03 2018


Муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров! Ба фаҳмиши мо қонунҳои ҷумҳурӣ бе имзои раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ намебарояд. Қонундони №1 маҳз Шумоед. Бо ин сабаб эҳтиромона илтимос менамоям.
1.Дар асоси кадом қонун қарори Раиси шаҳр дар с.1999 баромадаро с.2009 бекор кардан мумкин?
2.Оё қонунҳо қувваи бозгашт доранд? Агар дошта бошанд дар асоси кадом қонун?
3.Агар Суд дар вақташ ҳалномаро бе назардошти далелҳои тарафи дигар бароварда, хато карда бошад ва хатоиро ба гардан нагирад, ҳамаи посбонҳои қонунҳои Тоҷикистон «суд мустақил аст, дахолат карда намешавад» гӯянд, чӣ кор кардан даркор?
Ба ақидаи ман пешрафти давлату ҷамъият ба Шумо-Зуҳуров вобастагии сахт дорад. Дар ин асно, Шумо «сигнал»-ҳои ман барин майда-чуйдаҳоро ба назар гиред, хато намекунед. Гап дар бораи решакан кардани коррупсия меравад. Агар ҳама 1 сару 1 тан набошад, коррупсияро гум карда намешавад. Инро нағзтар аз ман медонед…

Бо эҳтиром, интизори шахсан ҷавоби Шумо,
Абдулло Ғафурови 80-сола, ш.Исфара, тел: 98 525 22 11

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter