ХАБАРИ ДОҒ

Султонов хубиро намефаҳмад?

  • Панҷшанбе, Май 03 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, Акрам Табаров, сокини кӯчаи Маяковский-16, хонаи 32, аз ноҳияи Сино бо телефони 918 95 63 47 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман соҳиби 6 фарзандаму муваққатан бекор. Дар ҳамсоягии ман, 1 ошёна боло Султонов Сайидо, корманди суди н.Сино зиндагӣ дорад. Аз беаҳамиятии ӯ оби ташнобаш кушода шуда, шифти ошхонаи манро доғдор кард. Аввал тибқи қоидаи ҳамсоядорӣ ба хушӣ гуфтам, ки зарари расонидаро таъмир кунед. Аммо накард. Дар ин хусус 3 маротиба ба суди н.Сино ариза додам. Суди ноҳия ба ҷои ислоҳ намудани кормандаш ҳар дафъа «аризаат нодурусту нопурра» гуфта, аризаҳои маро қафо мегардонад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter