ХАБАРИ ДОҒ

Норасоии табибон воқеият дорад

  • Панҷшанбе, Май 03 2018


Матлаби Хуршед Фозилов таҳти унвони «Дар Панҷакент 60 табиб намерасад» (СССР, 18.01.2018, №3) дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент бо иштироки менеҷерҳои КАТС ва хадамоти госпиталии шаҳр баррасӣ шуд. Дар ҳақиқат, дар маҷлиси фаъолони шаҳр натиҷаҳои фаъолияти соҳаи иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр дар с.2017, аз ҷумла, вазъи соҳаи тандурустӣ таҳлил шуда, норасоии табибон ва дигар мушкилоти мавҷуда ёдрас ва масъулон барои ҳалли онҳо вазифадор карда шуданд. Ҳоло дар муассисаҳои сохтори госпиталии шаҳр 166, дар муассисаҳои сохтори КАТС 110 нафар духтурон фаъоланд ва ҳамасола сафи онҳо аз ҳисоби хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббӣ меафзояд. Аз ҷумла, с.2017 23 нафар духтурон дар муассисаҳои тиббӣ ба кор пазируфта шудаанд. Бо вуҷуди ин ҳоло ба муассисаҳои тиббии шаҳр ба 63 нафар духтурони ихтисосҳои гуногун ниёз доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ ба муассисаҳои тиббии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати ба кор ҷалб намудани хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ, ҳавасманд гардонидани онҳо тадбир меандешад.

З.Азимӣ,
муовини раиси шаҳр

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter