Принт

Русия ва ғайраҳо…

SMART-7

Мо-Тоҷикон ҳатто дар сиёсат, дипломатия ва геополитика ҷавонмардиро риоят мекунем, ҳарчанд сиёсатмадорони бузургтарини олам аз ин чиз, яъне ҷавонмардӣ, ҳич гоҳ истиқбол накардаанд. Фарзи мисол, сэр Уинстон Черчилл мегӯяд:
-Сиёсат фаҳшост ва сиёсатмадор фоҳиша аст…
Рост мегӯяд, аммо ҳувияти мо инро намебардорад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо аз ҷавонмардии хеш зиён дидем. Вале…шахсан ман ҷавонмардиро ба ягон давлату савлату сарвати дунё иваз намекунам. Ва ҳамин ҷавонмардии мо буд, ки баъди чандин сол, боз соҳиби давлату савлату сарвату ватане шудем, ки номаш Тоҷикистон аст. Боре Абдуҷаббор Раҳмонов, ки бар ағлаби журналистону филологҳо дасти устодӣ дорад, байте гуфт, ки то ҳанӯз ҳамели гӯшам аст:
Дар рӯи ҷаҳон беҳ зи ҷувонмардӣ нест;
Расвои замона бошу номард мабош!!!
Тоҷикистон дар ҳоле, ки тамомии олам аз Русия рӯ тофтааст, Маскавро дастгирӣ кард! Ҳаргиз фикр накунед, ки барои ҳудудан беш аз 1 млн мардикори муҳоҷир ва 2-3 рейси самолётҳо… Бовар кун, хонанда, агар ҳамаи онҳоро Кремл ронад, барои мо хубтар аст. Оре, шояд соли 1, 2, 3 зиндагонӣ вазнинтар гардад, аммо баъди 10-20 сол мо мисли Ҳиндустону Куриёву Ҷопону Хитой пешрав, авангарди Осиё мешавем. Дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шикамқарорӣ ё худ гастербайтеризм андешаи фардии ман тамоман дигар аст:
-Тоҷик набояд туалету роҳрави русро тоза кунад!!!
Мемурем, кафи поямонро мегазем (таъбири мастчоҳиёни шарафманд), гашта хоки поямонро мелапем (таъбири кӯлобиҳои ғурурманд), нони қоқ мехӯрем (гуфтаи хуҷандиҳои баландниҳод)…, аммо хизмати дигар қавмро нахоҳем кард. Бигзор зӯрамон ояд. Зӯр, ки омад, ҳатман лидер, пешрав, пионер мешавем. Кашф мекунем. Месозем. Муваффақ мешавем. Мо русҳоро аз ғуломии Гитлер халос кардем. Ин бор низ наҷоташ медиҳем. Мо Метавонем!
Зимнан Тоҷикистон на ба хотири 2-3 млрд доллари бофтаи матбуоти фашистии урусӣ пушти Маскавро гирифт. Ин пулро танҳо муздурони муҳоҷир намефиристанд. Ин иғвои урусист, ки журналистони русзабони дохилии мо доман мезананду ба оламиён исбот кардан мехоҳанд, ки тамомии дастовардҳои кишвари мо, шаҳру хиёбону ҷодаҳои обод гӯиё аз «маоши ғуломист». Дурӯғ мегӯянд! Шумо 1 бор оператсияҳои байнибонкии ширкатҳои бузурги хешро бинед. Дидед? Акнун фаҳмидед, ки миллиардҳо доллари ба ҶТ воридшуда маоши муҳоҷирин нестанд?  То-та!
Аммо аз Кремл ҳифз кардем. Мо, ки мардем, чу дидем, Путин ва компанияаш дар инзивоъ-изолятсияанду дар сартосари олам 1 иттифоқчӣ надоранд, бо ҳукми Рӯдакии Панҷакентӣ (маҳз Панҷакентӣ, на Самарқандӣ), ки гуфт:
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ...
Путинро даст гирифтем! Фикр мекунед, Қоҳир Расулзода, ки бо Шувалов во хӯрд, паёмади ин пуштибониро намедонист? Ещё как медонист! Зеро дар шабу рӯзе, ки ҳатто Батко Лукашенко ба Путин пушт гардонида, аз Аврупо имтиёз хост, сарвазири кишвари мо, ки хеле нафари донишманд аст, медонист, пуштибонӣ аз Маскав рискҳо дар пай дорад. Вале чун Тоҷики ҷавонмард аст, бо Шувалов ба мувофақа расид…
Ана акнун бармегардем сари SMART, яъне зиёну фоидаи дастгирии Русия…
Сароғоз хидмататон арз кунам, ки Русия дар таърихи давлатдории хеш ЯГОН иттифоқчияшро то охир пуштибониву дастгирӣ накардааст. Барои ҳамин Русия Гурги Танҳо-Одинокий Волк аст. Маскавро ҳатто ляхҳои Полша, ки Ленинбобо бо дархости завҷаи меҳрабонаш Надежда Константиновнаи лаҳистонӣ, истиқлолияти давлатӣ бахшида буд (1918), иззат намегузоранд (а, шумо чӣ фикр доштед? Магар мешавад ба дархости завҷаи меҳрабон неъ гуфт?! Зани камбағал сағал мегӯяд, завҷаи император Давлат барои хешонаш)…
Аз Русия Украинаву Белорусия, Гурҷистону Озарбойҷон, Латвияву Литваву Эстония, Қазоқистону Ӯзбакистону Туркманистону… халласи калом ҳама рӯ тофтаанд. Мо пуштӣ гирифтем. Зеро мо мардем. Аммо набояд фаромуш кард, ки Амрикову Аврупо аз ин пуштибонии мо хушбин нестанд. Оре, медонанд, ки дар маҳдудаи 70-сола ба сар мебурдем. Вале ин рус-ул-ҳуб… хушашон наомад. Вале бо ин ҳама худфидоӣ Русия чаро намебинад, ки Эрон аз табаддулоти давлатӣ дар кишвари мо маблағгузорӣ мекарду ҳоло низ душманони ҳукумати моро маблағгузор аст? Новобаста ба дӯстии мову дастгирии Кремл, Маскав бо Эрони мардуд, кишвари дигаре, ки қариб 1 дӯст дар миёни кишварҳои олам надорад, қаробат ҷуставу манофеъи моро пуштибонӣ намекунад. Ё бародари ман бош, ё баробари ман бош. Русия бояд миёни Тоҷикистоне, ки дар арсаи байнулмилалӣ ОВОЗ дорад ва Эроне, ки ҳаргиз садо на дошту на дорад… интихоб гузорад. Ё бо мосту мо алайҳи оламиён Русияро пушт мегирем ва ё равад бо охундҳои худ дар Сурия ҷанг кардаву бо ракетаҳои нимакораи худ мардумро тарсонда шинад. Воқеан ҳам…ин ракетаҳо моли СССР-анд на ФР, зимнан моли мо низ ҳастанд, чу мо узви он хонадон будем.
Хулласи калом, бо Русия будан хатарҳои сароғоз моливу пулӣ доранду ва баъдаҳу…сиёсӣ. Андеша мебояду бас. Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар