ХАБАРИ ДОҒ

Ба дарди деҳқон кӣ мерасад?

  • Панҷшанбе, Май 10 2018


Ҳар бор навиштаҳои С.Мизроб-сардабири СССРро хонам, гумон мекунам, табаддулоте маро фаро мегирад. Навиштаи сардабир дар СССР (№15, 12.04.2018) бо номи «Кор ё рисола? Унвон ё шармандагӣ?» ба чоп расид. Дигаронро ку намедонам, аммо худи ман гаштаю баргашта мехонаму ба дарёи хаёлот меғарқам, ки дар ин Ватани азизи мо ҳама чиз мерасаду ВИҶДОН не! Эй мардум, 1 бор сари андеша равед, ки баъзе «унвонҷӯёни илм» илмро ҳам дар Тоҷикистон беқадр карданд. Аз коғаз сиёҳ кардан дигар чизи дигаре нест. Олиме навишта буд, ки дар Помир галаи уштурҳо бонӣ карда мешуданд. О, дар Помир одам рафта наметавонист, уштур чӣ хел мечарид ва чӣ корро ба сомон мерасонд? Ин «тадқиқот» соҳибашро ба унвони «доктори илм» мушарраф гардонд. Солҳои охир аз рӯи шунидамон раисони баъзе ноҳияҳо ба рисоланигорӣ машғуланд. Дар мо виҷдонгумкардаҳо зиёданд. Деҳқони мо барои кишти зироаташ доруи минералӣ мекобаду олимони мо ситора!

Зикриёи Дилшод,
н.Мастчоҳ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter