ХАБАРИ ДОҒ


Мақолаи сардабири «СССР» Сайёфи Мизроб «SMART: Судяи гизала VS Мардуми норозӣ…» (15.03.2018, №11(496) нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Муайян шуд, ки муаллиф фаъолияти мақомоти судиро дар самти таъини ҷазо мавриди назарсанҷӣ қарор додааст. Барои таъини ҷазо ба онҳо ягон нақша (план) муқаррар карда нашудааст. Омӯзиши омори судӣ нишон медиҳад, ки на ба ҳамаи гунаҳкорон ҷазои ҳабсӣ таъин карда шудааст. Дар соли равон аз 10372 парвандаҳои ҷиноятие, ки дар судҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, пешбурди 918 парванда нисбати 1046 шахс бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор, оштӣ шудан бо ҷабрдида ва дигар ҳолатҳо қатъ карда шуда, бинобар яктарафа ва нопурра будани тафтиши пешакӣ нисбати 37 шахс парвандаҳо барои гузаронидани тафтиши иловагӣ ба прокурорҳо баргардонида шудаанд. Аз шумораи 11294 гунаҳкорон танҳо ба 4839 шахс ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, ки назар ба с.2016 хело кам аст. Ба 6452 нафар ҷазои ба маҳрум сохтан аз озодӣ вобастанабуда, аз қабили маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, корҳои ислоҳӣ, ҷарима, шартан татбиқ накардани ҷазо, корҳои ҳатмӣ таъин карда шуда, адои ҷазои 118 тан мавқуф гузошта шудааст. Шумораи ба ҷарима маҳкумшудагон нисбат ба с.2016 зиёд шуда, 3573 нафарро ташкил медиҳад. 14 судшаванда вобаста бо парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ сафед карда шудаанд. Ҳамчунин аз тарафи судҳо 6397 пешниҳодоти сардорони мақомоти иҷрои ҷазо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷазои маҳкумшудагон сабуктар карда, қисми зиёдашон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд. Эроди муаллиф дар хусуси он ки «дар даврони шӯравӣ ретсидивистҳои ашаддӣ 12-15 сол мегирифтанд, ҳоло бошад ба маҳкумшудаҳо 25, 30, 40-45 сол ҷазо таъин карда мешавад» бе дарназардошти тағйир ёфтани қонунҳои ҷиноятӣ дарҷ шудааст. То 1.09.1998 Кодекси ҷиноятии таҳрири с.1961 амал мекард ва ҳадди ниҳоии ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнин, алалхусус барои ретсидиви ҷиноят дар он то 15 сол пешбинӣ шуда буд. Аз моҳи сентябри с.1998 инҷониб Кодекси ҷиноятии нав амал мекунад, ки ҳадди ниҳоии ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла, дар ҳолати ретсидиви ҷиноят то 20-25 сол, барои маҷмӯи ҷиноятҳо ва ҳукмҳо то 30 сол пешбинӣ карда шудааст. Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан барои ҷиноятҳои одамкушӣ, таҷовуз ба номус ва терроризм бо ҳолатҳои вазнинкунанда, инчунин геносид ва биосид муқаррар карда шудааст.

Бахши иттилоотии Суди Олии ҶТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter