ХАБАРИ ДОҒ

Кормандон ва пешхизматони тарабхонаи «Эҳсон» ба дарс-семинари ҷиддӣ вобаста ба хизматрасонӣ ва аз ҳама муҳим, хулқу атвору рафтору муносибат бо меҳмон ниёз доранд!

Ҳафтаи гузашта бо коре ба ш.Бохтар сафар доштам. Бо сабаби он, ки дастуру супоришҳои редаксионӣ хеле зиёд буданд, натавонистам корҳоро то шом тамом карда ба пойтахт баргардам. Аз ин сабаб дар меҳмонхонае ҷой гирифта, барои хӯроки шом берун баромадаму дунболи ошхона шудам. Дӯст ва ҳамкорам Баҳодур Уроқов тавсия дод, ки якҷоя ба тарабхонаи «Эҳсон» рафта, сари 1 пиёла чой дар бораи матлабҳои оянда маслиҳат намоем. Аксарияти дӯстон аз ин ошхона ба хотири анвои гуногуни хӯрокҳои миллияш, хосса, чапотиҳои дегдонии машҳураш таъриф мекунанд ва бо ҳам ба ин хотир озими «Эҳсон» дар маркази ш.Бохтар шудем.
Зарфҳои шикаста ва рӯи турши пешхизмат
Теъдоди зиёди мошинҳои воҳиманок дар атрофи «Эҳсон» аз он гувоҳӣ медод, ки он сердаму сермизоҷ буда, ҷои дӯстдоштаи раисону сарватмандону сардорону мансабдорон аст. Ҳамин тавр ҳам будааст-мо инро даромадан замон эҳсос кардем, рӯи катҳои бузурги лаби канали аз байни ҳавлии тарабхона мегузашта фақат ба қавле «галстукдорҳо» нишаста, байни ҳам бо ҳаёҳӯ баланд-баланд механдиданд. Бо сахтӣ мизи холӣ, дурусттараш, утоқ-кабина пайдо карда, ба он даромадему нишастем. Пешхизмат-духтаре давида омаду дафтари хӯрокҳоро монда рафт. Бо ҳамин 15 дақиқа «гум» шуд. Дар ҳақиқат дар ин тарабхона номгӯи бешумори хӯрокҳои милливу аврупоиро тайёр мекардаанд ва интихоби он хеле васеъ будааст. Барои худ ғизо интихоб кардему дар интизори пешхизмат нишастем. Ӯ пайдо шуда омаду 1 чойник чойи кабуд оварда, ба пиёлаҳо рехт. Ҳамаи пиёлаҳои рӯи мизи ин кабина шикаставу лабпаридаанд, амсоли табақчаҳои боқимонда! Ман ба пешхизмат таъкид кардам, ки зарфҳои шикастаро иваз кунад ва ӯ бо 1 қиёфаи туршу норозиёна ин корро ба анҷом расонид.


«Дилафрӯз, бдав!»
Хӯроки 1-уму 2-юмро супориш додему пешхизмат-Дилафрӯз рафт. Ин маротиб Дилафрӯз қариб 20 дақиқа «гум» шуда, баъд салату нону хӯроки 1-умро овард. Ҳамоно аз берун ӯро садо мекарданд: «Дилафрӯз, бдав!» На танҳо масъулини тарабхонаву ошпаз, балки аз катҳои гуногун низ садои «Дилафрӯз, бдав!»-ро шунидан мумкин буд. Чунин ба назар мерасид, ки дар «Эҳсон» танҳо 1 пешхизмат кор мекардаасту халос. Пас аз 15 дақиқаи дигар тоқати мо ҳам тоқ шуду пешхизматро бо садом баланди «Дилафрӯз, бдав!» садо кардем. Ба ҷои ӯ 1 пешхизмати дигар омаду гуфт, ки Дилафрӯз хеле серкор асту вай метавонад хоҳиши моро иҷро кунад. Хулоса, дар ин тарабхона беназмии том бо тамоми маънояш ҳукмфармо буд. Агар надоштани либоси ягонаи махсус, ки тибқи дастури президенти кишвар барои тамоми соҳаҳои хизматрасонӣ роҳандозӣ шудааст, проблемаи №1 барои ин тарабхона бошад, аз сӯи дигар надоштани масъулият байни кормандон ва пешхизматон, набуди муносибати дурусту муомилаи лозима мушкилоти дигари «Эҳсон» аст. Пешхизматон, ки сарулибоси лозима надоранд, бар замми ин бо гаппартоиву хандаҳои ғашолуд табъи меҳмонро хира сохта, хизматрасониашон низ беҳбудӣ мехоҳад. Кормандон ва пешхизматони «Эҳсон» ба 1 дарс-семинари ҷиддӣ вобаста ба хизматрасонӣ ба мизоҷ ва аз ҳама муҳим хулқу атвору рафтору муносибат бо меҳмон хеле ниёз доранд!

Вақте раисон намебинанд…
Тавре дар боло зикр кардам, тарабхонаи «Эҳсон» ҷои дӯстдоштаи мансабдорону раисону сарватмандони бохтарӣ будааст. Ғайр аз ин, ҳар шом кормандони мақомоти қудративу интизомӣ низ дар «Эҳсон» ҷамъ омада, бо ҳам сари 1 пиёла чой вақт мегузаронанд. Аммо 1 чизро намефаҳмам: чаро ҳамаи ин камбудиҳоеро, ки ман дидам, раисону масъулин, албатта дар байни онҳо намояндагони маркази назорати санитариву эпидемиологӣ ва Тоҷикстандарт низ ҳастанд, намебинанд!? Масъулин магар намебинанд, ки сатҳи хизматрасонӣ, хосса, тозагии ин макон ба талаботи оддитарин ҷавобгӯ набуда, на талаботи пӯшидани либоси ягонаи расмӣ риоя мешавад ва на муомилаи хушу хизматрасонии лозима. Бетартибӣ ва беэътиноӣ ҳукмфармост! Ва ин ҳам дар 1 нуқтаи шинохташудаи маркази вил.Хатлон! Шояд мебинанду парво надоранд? Ё «дидан» намехоҳанд!? Ана, ҳамин тавр: Аз мост, ки бар мост!
Мо метавонем!

Мину Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter