Принт

Буҷети Русия ва муздурон

Дар шумораи гузаштаи «СССР» матлаби Сайёфи Мизробро зери унвони «Русия ва ғайраҳо» мутолиа намудам. Намегӯям, ки бо кулли андешаҳои муаллиф розиям, вале андешаи Сайёф бобати маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирон, ки аксарият дар робита ба он «аз пашша фил месозанд» комилан дуруст ва муҳиму саривақтист. Мутаассифона, зимни ибрози андешаҳо, кулли маблағҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолгашта мутааллиқи муҳоҷирони меҳнатӣ дониста мешавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ назаррас будани ҳаҷми маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатиамонро инкор карданӣ нестам, вале танҳо хоси муҳоҷирони меҳнатӣ донистани  интиқоли маблағ мантиқан дуруст нест, зеро бо сабаби қариб аз тамоми номгӯи андозҳо озод будани интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ, соҳибкорону тоҷирон низ аз он васеъ истифода менамоянд. Шояд бисёр нафарон надонанд, вале солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз чунин маблағҳо ҳудуди 30% андозҳои гуногун ситонида мешуд.
Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки қисмати аъзами маблағҳои аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда аз маблағҳои доираи соҳибкорони тоҷику хориҷӣ таркиб ёфтааст. Муҳимтар аз ҳама, Бонки марказии ФР бо нишон додани ҳаҷми маблағҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолгардида ба муҳоҷирон тааллуқ доштани онҳоро низ махсус таъкид накардааст ва ягон далелу арқоми оморӣ, ки маҳз аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ интиқол шудани кулли маблағҳоро собит кунад, мавҷуд нест. Дар ин росто, қисми дигари иқтисодшиносон бо ибрози андешаашон бобати «аз маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таркиб ёфтани 45%-и Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардумро гумроҳ карданианд. Аз сӯи дигар, касе набояд моро барои чунин маблағҳо миннатдор намояд. Зеро ин маблағҳоро ба шаҳрвандони мо туҳфа намекунанд ва «барои чашмони зебояшон» намедиҳанд.

Русия низ аз мо фоида мебинад!
Бояд дарк намоем, ки муҳоҷирони тоҷик бар баробари манфиат бардоштан, дар ғанӣ шудани буҷети ФР низ саҳми бориз доранд. Делел меорам:
Вазири рушди иҷтимоии вилояти Маскав Ирина Фаевская дар иҷлосияи Думаи вилоятӣ омори ҷолиберо дар бораи саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди минтақа ироа карда буд. Ба гуфти ӯ, аз ҳисоби 1 маркази асосии сабти ном ва таҳияи асноди муҳоҷирон дар вилояти Маскав дар шаҳраки Сахарово, с.2016 буҷаи вилояти Маскав аз фурӯши патент ба муҳоҷирон 6,2 млрд рубл ё 110 млн доллар фоида ба даст овард. Ғайр аз ин, вазири рушди иҷтимоии вил.Москва эътироф кард, ки муҳоҷирон пеши роҳи коҳиши теъдоди аҳолиро дар минтақа гирифтанд. Соли 2015 аҳолии вилояти Маскав аз ҳисоби муҳоҷирон 88.000 ва дар с.2016 ба 104.000 нафар афзуд. Тибқи маълумоти оморӣ, муҳоҷирони хориҷӣ танҳо 13,7 дарсад аз ҷамъи 3,1 млн ҷои корӣ дар вилояти Маскавро ишғол кардаанд ва асосан корҳоеро анҷом медиҳанд, ки сокинони маҳаллӣ ба далели камии маош аз онҳо ҳазар мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, Фаевская даъвои миллатгароёнеро, ки мегӯянд, муҳоҷирони хориҷӣ мавқеи аҳолии маҳаллиро дар бозори кор танг мекунанд, бепоя номид. Ирина гуфт, муҳоҷирон фишоре ба бозори кори минтақа надоранд, чунки танҳо 1%-и онҳо мутахассисони баландихтисос буда, боқӣ машғули корҳои сиёҳанд. Далелҳо ҳокианд, ки 93%-и муҳоҷирон дар ин вилоят аз кишварҳои шӯравии собиқ буда, 28 дарсади онҳо аз Ӯзбекистон, 22 дарсад аз Украина ва 20 дарсад аз Тоҷикис¬тон мебошанд.

Миллиардҳо ба буҷҷаи Маскав
Мунтазам афзоиш додани пардохтҳои ба муҳоҷирон рабтдошта дар зеҳн андешаеро тақвият медиҳад, ки қонунгузорони ин кишвар дар симои муҳоҷирон киро медида бошанд? Қаб¬лан Сергей Собянин, мири ш.Москва низ эътироф кард, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷаи ш.Маскав ҳар сол то 14 млрд рубл ё қариб 300 млн доллар ворид мешавад. Ӯ гуфт, «ҳарчанд боварнокарданист, вале саҳми муҳоҷирон дар буҷаи ш.Маскав хеле бештар аз саҳми ширкатҳои нафтӣ аст». Дар маҷмӯъ, ҳар сол ба Буҷети давлати ФР аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон то 45 млрд рубл ё қариб 900 млн доллар ворид мешавад. Ин воқеиятест, ки донистан барои ҳар фард аз манфиат холӣ нест.

Далер Мерганов,
журналист

Матлабҳои дигар