ХАБАРИ ДОҒ

Занаки террорист магар модар аст?

  • Панҷшанбе, Май 10 2018

Дар мавриде, ки мо онҳоро мебахшему афв мекунем, 4 зани Тоҷикро дар Ироқ бо ҷурми аъзои ДИИШ будан ҳукми абад додаанд…

Тараҳҳум бар паланги тездандон,
Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон!

(Саъдӣ)


Ҳудуди 200 зан аз Тоҷикистони азиз тибқи омори созмонҳои байнулмилалӣ дар Ироқу Сурия ба ДИИШ пайвастаанд. Онҳо мегӯянд, дар аксари ҳол шавҳарон ишонро ба зӯр бурдаанд. Аммо, маъзарат, зан ҷомадон ё сагу пишак нест, ки ба зӯр гирифта, садҳо гузаргоҳро убур кардаву ба Давлати ба ном исломӣ “бубарӣ”. Дар ин замина ҳатман ризоияти зан лозим аст. Вагарна дар дилхоҳ ФУРУДГОҲ зан метавонад гӯяд, ки ӯву фарзандонашро ба тариқи зӯр ба ҷанг мебаранд. Яъне чӣ? Яъне занҳо 100% гунаҳкоранд ва набояд афв шаванд. Зеро афве, ки Тоҷикистон бар тибқи бахшиши инсонгароӣ бар ин шаҳрвандонаш мекунад, бозори дигар занҳои экстремистро ҳатман гарм хоҳад кард ва онҳо ба ҳамдигарӣ хоҳанд гуфт:
-Ҳукумат фулон занро бахшид, туро ҳам мебахшад!
Мутмаинан, шавҳарони террорист ҳатман ба занҳошон чунин хоҳанд гуфт ва ин боз 1 роҳи дигари фитна ва фиреби бонувони Тоҷик мегардад. Барои садди роҳи ин раванд гардидан, бояд ҳатман тамомии занҳои ба ДИИШ пайваста ҳукм гиранд ва агар ин ҳукм мисли ҳукми Додгоҳи Ироқ абадӣ бошад боз ҳам хубтар аст. Зимнан зан пеш аз оне, ки ба фитна дода шавад, 1001 бор фикр хоҳад кард.

Занҳои СНГ дар ДИИШ
Дар олами муосир 2 аббревиатура мондааст, ки касе намедонад маънои аслияш чист. Зеро ҳар 2 низ расман вуҷуд надоранд. Яке СНГ ва дигарӣ ДИИШ. Ва тазодди кор ин аст, ки аз аввалӣ ба дигарӣ ҷангиён бештар мепайванданд. Боз кӣ? Занҳо...
Ҳафтаи ҷорӣ баъди оне, ки додгоҳи Ироқ дид, бо ирсоли зан-террористкаҳо ба кишварҳои худашон суфуфи экстремисткаҳо дар ДИИШ кам намешавад, тасмим гирифт, онҳоро суд кунад!
29.04.2018 Суди Олии Ироқ ҳудуди 30 занро аз кишварҳои СНГ ҳукми абад дод! Аз ин теъдод 19 тани онҳо аз Русия будаанду 6 нафар аз Озарбойҷон ва 4-тани дигар аз Тоҷикистон. Ин дар ҳолест, ки дар боздоштгоҳҳои Ироқ пас аз поккории сарзаминаш аз ҷангиёни ДИИШ садҳо зани дигар аз давлатҳои узви СНГ қарор доранд. Ҳоло дигар судяҳои ироқӣ фарзияҳои бофтаву тофтаи ин беваҳоро, ки гӯиё тариқи фиреб, зӯр ва ё нофаҳмӣ вориди қаламрави ДИИШ шудаву дар қатлу куштору бедоди ҷангиёнаш кумак намекардаанд, рад месозанд. Ҳамаи онҳо гунаҳкоранд! Ин вердикти додгоҳи Ироқ аст!

Марг ба террористкаҳо!!!
26.04.2018 Суди олии Ироқ 10 зани бархоста аз кишварҳои СНГ-ро маҳкум ба қатл кард. Фиғону навҳаи кӯдакони ин террористкаҳо, ки бо модарон дар толор буданд, ба дили судяҳои ироқӣ, ки аз ҷаври ин мардум ба дод омадаанд, таъсир накард. Зеро ироқиҳо нек медонанд, ки агар ин фитнаҳо ҳукм нагиранд, ба амалҳои дигар шуруъ хоҳанд кард. Танҳо атфоли хурдсоли онҳоро суд бахшид, ки лозим донист ба ватан баргарданд.
Дар миёни маҳкумшудаҳо ба марг 2 зани озарӣ, 3 қирғиз ва 5 рус буданд.
Ва аммо аз кишварҳои аврупоӣ низ занони террорист боздошт ва маҳкум шудан доранд.
Тибқи оморои расмӣ, танҳо аз Мосул, ба ном пойтахти номнависнашудаи ДИИШ 560 зани хориҷӣ дастгир шудааст. Инҳо ё зан, ё хидматчӣ ва ё ёрдамчии террористони ДИИШ будаанд. Табиист, ки аксарият ба фитнаи бонувон дода шудаву худро мусичаи бегуноҳ мегиранд. Аммо додгоҳи Ироқ ҳамакнун тасмим дорад, тамомии ин занҳоро ҳукм кунад...

Дар мо чӣ?
Мутаассуф, дар Тоҷикистони азизи мо то ҳанӯз дар қиболи ин занҳо ва на танҳо онҳо...аз афву бахшиш кор мегиранд. Мо террористонро мардуми фирефташуда унвон кардаву ба ватан бармегардонему озод мекунем. Ин кори хеле бад аст! Дар муқобили нафаре, ки 1 бор ба ватан ва мазҳаб хиёнат кардааст, корбасти афв амали таҳрикдиҳанда аст. Беҳуда нест, ки Сталини номӣ барои хиёнати эҳтимолӣ миллати чеченро дар 1 шабонарӯз бадарға карда буд ва дар ҶБВ пирӯз омад! Ҳоло бубинед, ки аксарияти кулли афвшудаҳо ҳатман боз даст ба ҷиноят хоҳанд зад. Мо медонем, ки чӣ мегӯем. Мо метавонем!

Дар ҳамсоякишварҳо чӣ?
Кишварҳои ҳамсояи мо на танҳо экстремистҳои “пушаймон”-ро намебахшанд, ки ҳамаи онҳоро аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд. Барои чӣ? Барои оне, ки агар онҳоро дар Ироқу Сурияву Русия ҳабс кунанд ҳам, дигар ҳаққу ҳуққи ба ин кишварҳо ирсол кардани онҳо намемонад. Зеро дар ин ҳин метавонад масали “1 гови касалу подаи сиҳҳат” дар зиндонҳо роиҷ гардад. Яъне Ӯзбакистону Туркманистон пештоз худро аз ин тоифа поккорӣ кардаанд...

Раққоса, фоҳиша, далла ва таблиғотчӣ
Дар пажӯҳиши Донишгоҳи шоҳигарии Лондон, ки Анна Матвеева ном олима бурдааст, гуфта мешавад, ки на ҳама занҳо бо таҳрику ташвиқи шавҳарон Ироқу Сурия ба ҷанг рафтаанд. Баракс, мардҳое низ ҳастанд, ки онҳоро хонумҳояшон фиреб додаву ба ҷанг гусел кардаанд.
Р.М. номи шартии 1 раққосаи фоҳишаест, ки дар 1 клуби шабонаи вил.Суғд кор мекард. Ин фоҳиша баъди чанде нияти рафтан ба “биҳишт” кардаву шаб урён гардидаву рӯз сатр ба сар кашида, ба таблиғи ҷавонон ба ДИИШ пайвастааст. Р.М. барои ин ҷурм 12 сол гирифт. Вале кӣ гуфта метавонад ин охирин фоҳишаест, ки ба таблиғи ДИИШ банд буд?
Дар водии Вахши вил.Хатлон чанде пеш 1 кампире фавтид, ки бо 2 дасти адаб ба 2 писару 2 келин ва набераҳояш паспорти хориҷӣ таҳия кардаву онҳоро ба ҷанги Сурия фиристод. Фарзандони ин разила пеш аз ӯ мурданд. Тақдири наберагон номаълум аст... Мутаассуф, инҳо аввалину охирин бонувоне нестанд, ки ба таблиғу ташвиқи ақоиди экстремистӣ банданд...

Занҳои экстремист
На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар гул мева орад, ҳар найе қанд...
Ва аммо занҳои террористка низ кам нестанд. Ҳадди ақалл аз 5-7 зане ном бурда мешавад, ки дар сайтҳои интернетӣ дар даст автомат худнамоӣ мекунанд. Табиист, ки ин рекламаҳо то соли 2017 бештар буду бо шикаст дидани ДИИШ ин занон аксу роликҳои худро поккорӣ кардаанд. Аммо факт ин аст, ки занони Тоҷик низ, мутаассуф, экстремистка шудан доранд.
Ба экстремизм рафтани бонувони Тоҷик таърихи 27-сола дорад. Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият ва фурӯпошии СССР занҳои водии Вахш ба майдонҳо рехтаву даъват ба хунрезӣ мекарданд ва аз сӯи матбуоти давр таблиғ мешуданд. Бар қиболи ин зан-террористкаҳои исломӣ дар майдони Озодӣ зан-мубаллиғини ҷанги зидди ваҳҳобизм аз водии Кӯлоб зуҳур карданд. Метавон гуфт, яке аз муҳаррикони ҷанги гражданӣ маҳз ҳамин занҳо буданд, ки ба мардон мегуфтанд “агар ҷанг намеравӣ, биё, шалвори маро пӯшу автомататро ба ман деҳ”... Ва ҳамаи онҳо ягон ҷазои маъмуриву ҷиноӣ надиданд. Зеро фикр кардем, “э монеде, зан ҳастанд...”.

Хатм-ул-моҷаро
Ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад ғалат бошад, соате фаро расидааст, ки тамомии бонувони дар Ироқ боздоштшударо ҳукми ҷазо диҳанд ва ин муҷозот бояд ниҳоят сахту гарон бошад. Фарзандонашонро давлат тарбият мекунад. Вале бе ҷазо мондани инҳо дигар бонувонро ба доми даҳшат хоҳад бурд ва он гаҳ войи мо... Мо метавонем!

М. Мубориз
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter