ХАБАРИ ДОҒ

Бозор Собир дар Лучоб ба хок рафт!

  • Панҷшанбе, Май 17 2018

Зи Бозори Собир ситоиш кунед,
Ки шеъраш тиҳӣ аз каму кост буд.
Ҳама дард буду ҳама эътироз,
Ба мо каж, вале бо Худо рост буд.
Зи Бозори Собир ситоиш кунед,
Ки бе шеъри ӯ шӯру равнақ набуд.
Каломаш матину баёнаш сареҳ,
Маромаш ба ҷуз гуфтани ҳақ набуд.
Зи Бозори Собир ситоиш кунед,
Ки ҳангома дар кӯю бозор кард.
Ба ҷуз ҳақ нагуфту ба ҷуз ҳақ наҷуст,
Ки як миллати хуфта бедор кард.

Беҳрузи Забеҳулло
шоир


Ҷасади Бозор Собир-шоири маъруфи тоҷикро субҳи 14.05.2018 аз ИМА тариқи Истанбул-пойтахт Туркия ба Душанбе оварданд. Барои қабули ҷасади шоир намояндагони баландпояи ҳукуматӣ, аз ҷумла, ёварони президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Асадуллои Раҳмон, муовини аввали вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов, раиси ИНТ Низом Қосим, раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода, ромишгари маъруфи тоҷик Саидқул Билолов ва афроди дигар ба фурудгоҳ омада буданд. Ҷасади шоирро ҳамсараш Гулчеҳра, духтараш Шогуна ва 2 писараш ҳамроҳӣ мекарданд. Тобути шоири маъруфро мустақиман аз фурудгоҳ ба манзилаш дар маҳаллаи маъруф ба "Қарияи боло" оварданд. Аз субҳи барвақт наздикон ва ҳаводорони шоир барои видоъ ба ӯ ба манзилаш омаданд. Маросими видоъи шоир дар назди манзилаш бо ширкати мақомоти ҳукуматӣ ва аҳли илму адаби кишвар баргузор шуд. Маросими намози ҷанозаи устод Бозор 14 май, соати 11, дар Масҷиди марказии ш.Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода-раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон баргузор шуда, ҳамагӣ 3 дақиқа тӯл кашид.
Бозор Собир баъди бемории тӯлонӣ рӯзи 1 май-Якдилии меҳнаткашон, дар 79-солагӣ, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэттли Амрико даргузашт. Маросими дафни шоири шинохтаи тоҷик дар оромгоҳи Лучоб зери борони сахт сурат гирифт. Дар маросими дафн ҳамсар, 2 писар ва духтари шоир, раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар мансабдорон иштирок карданд. Дар масҷид қабл аз намози ҷаноза раиси ИНТ Низом Қосим дар бораи шахсияти шоир суханронии кӯтоҳе карда, марги ӯро талафоти сангин барои адабиёт ва фарҳанги миллати тоҷик номид.
Гулрухсор: То шеър ҳаст, ту ҳастӣ!
Марги устод Бозорро аҳли шеъру адаби Тоҷикистон талафоти бузурге барои адабиёти тоҷик меноманд. Гулрухсори Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик барои видоъ бо Бозор Собир аз боғаш гулҳои зарду гулобии даштӣ овард ва дар сӯҳбат бо расонаҳои хабарӣ гуфт: "Бозор ин гуна гулҳоро дӯст медошт. Дар қарни 20 дар адабиёти тоҷик касе мисли Бозор Собир шеъри тасвирӣ нагуфтааст”. Шоира дар хитоб ба Бозор Собир гуфт: "То шеър ҳаст ту ҳастӣ, хонандаи ту ҳаст ва ин замини шоирпарвару шоиршинос ҳамеша туро ёд дорад."
Оромгоҳи Лучоб макони охирати раҳбарони вақти Тоҷикистони Шӯравӣ-Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, адибони маъруф Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев… аст. Дар он ҷо барои дафни шоир замине ҷудо кардаанд, ки дар ҳамсоягии Лоиқ Шералӣ буда, 4 метр тӯл ва 3 метр паҳноӣ дорад…

Алвидоъ, шоир!
Майдаборони баҳорӣ,
Гиря кун бо беқарорӣ.
Аз барои марги шоир,
Шоири аз мо фирорӣ!
Навдаи тар хам кашида,
Дар азои марги шоир.
Рехт аз шохи замона,
Ғунчаҳову барги шоир.
Эй замин, 1 лаҳзае ист!
Осмон, чодар ба сар кун.
Абр, эй буғзи ҷаҳонгир
Гиряатро бештар кун!
Дар кафан пошед ҷои
Оби зам-зам оби гиря.
Гиря ҳам 100 ранг дорад,
Аз дили зардоби гиря!
Суфиён дар сӯгворист,
Лоиқ оғӯше кушода.
Аз саманди лаҳза, инак
Гашта Бозоре пиёда.
Алвидоъ, падруд, шоир!
Шоири аз мо фирорӣ
Баъди рафтан аз худ, оре
Мужда дорӣ, мужда орӣ!

Шоираи Раҳимҷон

****************

Мардикорон, бо шумоям ман!


Ман «хлеб»-и русро бӯсида мемолам ба абрӯи сафедам,
Аз Ватан савғотии дилхоҳи ман ин аст.
10 китоби шеъри ман аз коғази русист,
Бо алифбои дарӣ не,
Бо алифбои дақиқу оддию фаҳмои русӣ менависам.

Ҳеҷ алифбое,
Агар бо оби тиллояш нависанд,
Ҷойгоҳи ин алифбои азизи русии моро намегирад,
Ҳеҷ рише
Ҷойгоҳи «товарищ»-и русии моро намегирад.

Ман забони русиро ҳаргиз
Аз забони модариам кам намедонам,
Балкӣ бартар мешуморам,
Дӯст медорам.
Аз забонҳои «Авасто»-ист,
Рус моро ҳамзабони ориёнист,
Ҳамнажоди ориёнист.
Аз ҳудуди Ориёно,
Ҳамрагу ҳамхуни мо рус аст.

Аз ҳамон рӯзе, ки рус аз маҳбаси «тоҷик» наҷотам дод,
Аз ҳамон рӯзе, ки ман аз тарси «тоҷик»
Хонаи худро раҳо кардам,
Мардикорон, бо шумоям,
Ман фақат бо «виза» мегардам,
Балки ман бо «виза» хоҳам мурд.

Мардикорӣ дар бари рус,
Бартар аст аз мардикорӣ бар дари Тоҷик.
Рус, яъне, раҳму инсоф,
Ғояти мардумнавоз;
Пораноне бар саги бечора дар кӯча,
Тиккае бар гурбаи бечора дар барзан,
Дона бар гушҷишки сармохӯрда дар айвон.

Рус дар бозори чавқов нест,
Нест дар анбор,
Дар контора нест,
Дар паси чавкӣ намешинад,
Дар паси «руль»-и трактор аст,
Дар заводи зуби оҳан,
Андаруни кону маъдан,
Дорбозӣ мекунад дар симчӯби барқи пуршиддат.

(Тоссарҳо аҷнабиянд,
Иртиҷоиянд,
Ташкилоти хоси ибронист,
Созмони зиддирусист,
Дар миёни мо ҷудоӣ мекунад эҷод!)

Дар диёри ғурбати ман
Ҳар кӣ худро рус мегирад,
Чун хиҷолат мекашад аз миллати шармандаи худ,
Дар ниқоби рус пинҳон мешавад аз миллати худ…

Асри 20,
Аз рӯзи аввал то ба охир,
Асри русӣ – коммунистӣ буд,
Армуғонаш – инқилоби бенавоён,
Тӯҳфааш – хушбахтии муздур,
Ҳадяаш – озодии инсон.

Барҳадар ҳаргиз набуд дар ҷанги Гирмон мурдани мо,
Барабас ҳаргиз набуд.
Ҳеҷ хоки авлиёву анбиёе
Саҷдагоҳи ман,
Зиёратгоҳи ман нест.
Саҷдагоҳи ман
Зиёратгоҳи ман
Гӯрҳои дастаҷамъист,
Гӯрҳои дастаҷамъии бародарҳои мо бо рус,
Гӯрҳои дастаҷамъии табаррук,
Гӯрҳои дастаҷамъии муқаддас.

Бозор Собир,
02.10.2012, Seattle, USA


2 абрӯ «свастика»-и ориёнӣ
(Барои С.С)


Ту ҳамчун тарошида 1 тахта аз мармари ранҷ
Ту ҳамчун гули санг,
Ту ҳамчун нигини ман аз лоҷуварди Бадахшон,
Ту дар шасти ман ширмоҳии дарёи Панҷ.

2 абрӯ «свастика»-и ориёнӣ,
Салиби ниёиши пайғамбарони Аҷам,
Салиби ниёиши Зардушт,
Салиби ниёиши Маздак,
Салиби ниёиши ман.

Ту эй, ориёндухт,
Ту эй, аз нажоди сафед,
Ту эй, аз табори сафед;
Фақат аз нажоди сафеди ту шеъри сафеди ман аст,
Фақат аз табори сафеди ту шеъри сафеди ман аст.

Набӯсидаам ман,
Бидуни «свастика»-и ориёнии абрӯи ту,
Набӯсам бидуни «свастика»-и ориёнии абрӯи ту,
Салиби дигар,
Ва мӯҳри намози дигар.

Шаҳри бегадо
100 шаҳр бидидаму нарафт аз ёдам,
Он шаҳраки дури Сталинободам,
Меъмораш агарчи шогадое будӣ,
Дар гушнагӣ шаҳри бегадое будӣ.

Ҷомаи сатторӣ
100 ҷашнам агар бигзашт, 100 маъракаам, боре
Ман ҷома напӯшидам аз дасти касе, оре.
Буғзе, ки ба дил дорам аз ҳасрати ин хорӣ,
Аз шодӣ намегунҷам дар ҷомаи сатторӣ.*

*Ба ҷомае, ки аз Саттор Турсуни азиз пӯшидаам.

Ба «Девони зулф»
Зулфия, ки зулфи худ девон кардаст,
Девонаи хешро фаровон кардаст.
Дар маҷмӯае 1001 шеъру ғазал,
Ороста чун зулфи парешон кардаст.

Бозор Собир,
02.2012, Seattle, USA

 

*******

Аз тобути устод шармам омад


Дирӯз ҳангоме, ки тобути устод Бозор Собирро тавассути ГАЗ-53 - мошини боркаши чиркини бортҳояш чӯбии солҳои 1960-и қарни гузашта аз хонааш ба ҷанозагоҳ, аз унҷо ба гӯристони Лучоб мебурданд ҳам шармам омаду ҳам хориям. Итминон дорам ин манзара аз назари шаҳрдор Рустами Эмомалӣ, ки табъу завқи баланди зебоипарастӣ дорад, пинҳон монд. Шаҳрдориро мебояд ҳатман 2-3 адад катафалк ё мошини мурдабар харидорӣ намоянд. Албатта мо мардуми одиро садқаи ин мошин кунад, вале барои обурӯю эътибори нухбагони миллат дар назди дӯсту душман сахт зарур аст. Назари Шумо?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter