ХАБАРИ ДОҒ

Вақте Модари Тоҷик калян мезанад…

  • Панҷшанбе, Май 17 2018

SMART-9

(Кӣ генофонди миллиро вайрон мекунад?)

Вақте, ки шахсан ман, Бону+зан=модари эҳтимолии насли ояндаи Тоҷикро бо шлангаи Қалён дар даҳан мебинам, нафратам меояд. Чунин бефарҳангӣ ҳатто дар даврони шӯравӣ, ки онро бархе бо фарҳангимиллатситезӣ муттаҳам мекунанд, набуддд!!! Демократия ва дунявияти имрӯза онро роиҷ кардан дорад, бехабар аз оне, ки генофонди миллатро вайрон мекунанд!
Муаллиф наҷӯед. Инро ман, Сайёфи Мизроб мегӯям ва омодаам дар таги дор низ ин масалзадаамро ҳифз кунам. Алорағми садҳо марди беномус, ки бонувони Тоҷикро калюнӣ кардан доранд. Ва бар ивази чӣ? Бар ивази чанд пулу пайсаи ҳаром. Ва пушти чӣ пинҳон мешаванд? Примитив. Дар давлатҳои исломӣ қалён ҳалол ва равост. О, буродарон, дар давлатҳои исломӣ дастбуррӣ, каллаканӣ, ҳукми қатл, сангшаппак, дору расан, терроризму даҳшатафганиву қатлу куштору хунбаҳо, никоҳ бо зани бародари фавтида ва ғ. ва ҳ. низ равост. Пас, биёед, чун калянро расмӣ кардаем, ин номаъқулиҳоро низ расмӣ кунем?!...
Айб аст, шарм аст, ай-яй-яййй аст, вақте мо калян-бару «Шоколадница»-ҳо кушодаву фавҷ-фавҷ бонувони худро қалюнӣ мекунем. Фикр доред, зану духтари ҳамсояро бангӣ кардем, зану духтари худатон раҳо меёбад? Хато мекунед ва сахт. Худо зану духтарони шуморо низ гирифтори калян хоҳад кард. Мо Метавонем!
Имрӯз ин беномусӣ, яъне калянзании занон ба ҳадде расидааст, ки бархе мардони беномус бо зану духтарони хеш ба «Шоколадница»-ҳо шудаву қалён мезананд. Духтарон бо ҳамроҳӣ ва ҳидояти МОДАРОН (!!!) чилим мекашанд ва агар эътироз кардӣ, туро бе фарҳанг ва индтисиломӣ мехонанд. Занеро дидам, ки бо 3 гулдухтари нозанин қалён мезад ва ба эродам гуфт, «ту ҳоло ҳам дар асри 20 зиндагонӣ дорӣ?». Оре, ман аз асре безорам, ки зану духтарони Тоҷик беномус шуда бошанд! Муллое нест, ки калянро инкор кунад. Зеро дар Эрону Фаластин ва дигар давлатҳои шиъамазҳаби исломӣ калян равост. О, буродарони дунявӣ! Вақте 1 сигорро манъ кардаед, пас чаро дудаи калянро, ки мисоли мӯрии бухории «буржуйка»-и Бобои Ғулом дуду дуда дорад, ҳалол ҳукм сохтаед? 1 бор барои 20 дақиқа пеши 1 зани «калянщик» шинед, 3 рӯз ба худ намеоед. Пас, муаммо чист, ки калян-бару шоколадницаҳо на танҳо баста намешаванд, ки чун замбурӯғи баъди борон дар ҳоли рушданд? Овозаҳост, ки паси бизнеси калян ва калянбару шоколадницаҳо афроди дастдароз нишастаанд. Кистанд онҳо? Оё давлати мо пеши бизнеси чанд сакалтуеро гирифта наметавонад, ки Модарҳои Ояндаи Миллатро бангӣ кардан доранд? Генофонди Миллӣ-Баччадони Зани Тоҷик вайрон шудааст. Барои дарки вазъ чанд зарари калянро бармечинем:
1.Гази полуда (угарный газ). Тибқи пажӯҳиши олимони соҳа 1 зан (садқаи номи МОДАР шавад зане, ки ҳар шаб шлангаи калян дар даҳон дорад!) дар тӯли чокидани 1 порсия калян, ҳудуди 40-45 дақиқа, 200 баробар зиёд аз 1 сигарет никотин ва 600 маротиба бештар аз чокидани 1 пачка сигарет гази полударо истеъмол мекунад;
2.Дар 1 соат зан-бангии калян дудеро фурӯ мебарад, ки аз 20 қуттии сигор бештар аст (Филми «Ну погоди!»-ро ёд оред!!!);
3.Баъди кашидани 1 дуда калян дар таркиби организми зан-модар-бону консентратсияи карбоксигемоглобин, марги муш-мышьяк, никотин, хром, котинин ва сурб-свинец ба ҳадди зиёновар боқӣ мемонад;
4.Ҷуфтҳое, ки бо ҳам калян мезананд (мардуми замонавӣ-дия!), мисле, ки ҷуфтҳои «современный»-и Сентри Пойтахт риски печидан ба амрози зеринро доранд:
А)саратони гурдаҳо: Б) амрози қалб: В) вазни ками фарзандон ҳини таваллуд: Г) безурриётӣ…
5.Аз зани бангӣ-калянӣ насли носолим ба дунё меояд. Зарари калян ба генофонд бештар аз никоҳи хешутаборист, ки дар мо манъ шудааст;
6.На танҳо фарзандон, ки набераву аберагони бонувони калянкаш мариз, камақл, зудситез-фанат ва хашин ба воя мерасанд (акнун фаҳмидед, ки чаро фарзандони давлатҳои ба ном исломӣ зудтар террористу экстремист мешаванд?)
7.Муътодӣ, яъне «зависимость». Барои сари сӯзан шинонидани бангиву ҳангиву гершикҳо талош зиёд аст. Аммо барои муътод кардани калаяниҳо номгӯи хушбӯиро истифода мекунанд ва мӯди а ля исломиро…
Ба пиндори ин ҷониб соате фаро расидааст, ки барои басташавии қалёнхона, чилимбар, бангидона-шоколадницаҳо дар сатҳи болотарини Давлат чора андешанд. Зеро дур нест рӯзе, ки мо калянро бандем низ, мӯътодон онро чун наркотик ба хонаву паскӯчаҳо кашанд. Ҳоло низ калян-мӯътодон кам нестанд. Онҳоро барвақт «шинонидаанд». Ва аз ҳама муҳим, бонувон баъди чокидани калян сахт ба ваҷд меоянд ва мардхоҳ мегарданд. Ин ҳолатро шахсан ба ман зане гуфт, ки қалёнӣ шудааст. Калян, ки бар мардхоҳӣ кашид, сафи фоҳишаҳои Тоҷик меафзояд, ки боиси сархамии мо-Мардони Тоҷик аст. Агар номус дорем! Мардоне, ки барои барангезондани бонувон (возбуждение) онҳоро бо калян зиёфат медиҳанд, оё намедонанд, ки фардо зану духтарони шуморо низ марди беномусе чун худи ишон калянкашӣ хоҳад бурд? Намебарад? Ещё как мебарад!
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт!
Ва аз ҳама охир: Туфу бар марде, ки бо зану духтараш калян мекашад. 1000 туфу!
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter