ХАБАРИ ДОҒ

Алимардон дастандаркори фоҷиаи оилаи мост!

  • Панҷшанбе, Май 17 2018


Инак, аз 18 март 2 моҳи мӯҳлате, ки президенти Тоҷикистон ба бонкҳои дучори бӯҳрон дода буд, сипарӣ шуд. Аммо дар ин миён бонкҳо тақрибан коре накарданд, ки аз бӯҳрон раҳо шаванду ҳаққи мардумро баргардонанд. Ин бонкҳо чун ширкати "МММ"-и Сергей Мавроди даргоҳе будааст, ки ҳазорон касро ба қавли русҳо "у разбытой кориты" гузоштанд. Аммо барои ман ба бонки "масъулиятшинос"-и Муродалӣ Алимардонов-"Агроинвестбонк" пул гузоштанам шояд бо фоҷиаи оилавӣ анҷом ёбад.

31.03.2016 бо маслиҳати ҳамкорон қариб 30.000 сомонӣ маблағи дар сардиҳои Русия бо азоб ҷамъкардаи шавҳару 2 писарамро ба ин бонк гузоштам. Аслан нияти ман фоида гирифтан ҳам набуд, азбаски рӯзи дароз дар кор будам, бонкро ҷои амн донистам. Гумон доштам, ҳар вақт хоҳам, онро мегирам. Инак, писарам аз муҳоҷират баргашту хостем, занаш диҳем. Аммо бо кадом пул? Ба бонк пул гузоштанамро ба шавҳарам нагуфта будам. Аллакай арӯсро хостгорӣ карда будем. Акнун ба шавҳарам чӣ мегӯям? Ба қудоҳо чӣ? Хулқу атвори шавҳарамро медонам: мисли ҳезуми хушк дармегирад. То омадани шавҳар борҳо ба дари бонк рафтам, фоидае накард. Ҳамеша мегуфтанд, ки «фалон вақт аҳвол хуб мешавад, пулатонро ҳатман мегиред». Аз тарси шавҳар аз баъзе занҳои шинос, ҳамкорон қарз гирифтам. Худ ба худ талх механдидам, ки пул бошаду гирифта натавонам, боз ба болояш қарз гирам. Аммо илоҷ набуд, синни зангирии писарам гузашта, модари 90-солаам ҳам маҷбур мекард, ки кори хайрро ба ақиб напартоем. Хуллас, бо қарз тӯйро гузарондем.
Инак, 2 моҳу 3 моҳ, солҳо мегузарад, аммо аз беҳ шудани аҳволи бонк дараке не. Акнун қарзхоҳон дари маро охурча кардаанд. Онҳоро ҳам мефаҳмам, пулро бе бозгашт надодаанд. Аз дар касе дарояд, дилам меларзад, бо 1001 баҳона, зорию тавалло қарзхоҳонро гусел мекунам. Баъзеҳо ба суханҳои сахт гуфтан ҳам шурӯъ кардаанд. Аз ҳаққу ҳамсоя, хосса, арӯсам шарм мекунам. Музди кор сарфи рӯзгор мешавад, келини калонӣ кӯдаки ширхора дорад, хурдӣ донишҷӯ. Писари навдомод ноилоҷ роҳ ба Русия гирифт, аммо он ҷо ҳам кори дуруст нест. Аз ин қарзхоҳон, ки ба ман некӣ карда пул доданду бадӣ дидаанд, яъне пули додаашонро наметавонам бозпас диҳам, куҷо гурезам? Аммо замин сахту осмон баланд, масъулони "Агроинвестбонк" гаронгӯш…

Бонкҳои муфлису бонкирҳои бой
Бонкҳо дар мушкил печидаанд, вале раиси хурдтарин бонк ҳам савори "Лексус"-у "БМВ" аст. Ин карру фар аз куҷо? Агар кас аз бонк қарздор бошаду надиҳад, манзилу мулкашро ба музояда мондаю фурӯхта қарзро мерӯёнад. Аммо бонк қарздор бошад-чӣ? Имрӯзу фардо шавҳарам аз Русия меояд. Кораш он қадар барор накардааст. Агар қарздории маро донад, ё наздаш қарзхоҳон омада, доду вой бардоранд, аҳволам чӣ мешавад? Албатта, дили мард дур меравад, вақте зани хона қарздор мешавад! Ман дар бораи мушкили худ, дар бораи рӯзи сахтам ба рӯзномаи расмии ҳукумати ҷумҳурӣ-"Ҷумҳурият" навишта будам. Он дар шумораи 255 аз 18.12.2017 чоп шуд. Вале ба он на Бонки миллӣ, на "Агроинвестбонк" парвое накарданд. Кай мӯъҷиза рух медиҳаду пулҳоямро аз бонк мегирам? Агар мӯъҷизае рух дода, ҳаққи ҳалоламро аз ин бонки "номард" рӯёнам, қасам мехӯрам, ки дигар ба ягон бонк бовар намекунаму ба фарзандону набераҳо ҳам насиҳат мекунам, ки пулро танҳо ба миён баста гарданд.
Мо Метавонем!

Маҳбуба Бобоҷонова,
сокини кӯчаи Мир, ш.Конибодом

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter