ХАБАРИ ДОҒ

SOS!!! Занҳои Тоҷик бангӣ мешаванд!

  • Панҷшанбе, Май 17 2018

 

Ба таваҷҷӯҳи Модари Миллат-Азизамоҳи Асадуллоҳ

Ба таҳқиқ, агар Падари Миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, пас Шумо Модари Миллатед! Зимнан маҳз ба Шумо муроҷиат мекунем, то аз бангишавии модарони эҳтимолӣ, зану духтарони Миллат, ки дар пасманзари бизнеси чанд худобехабар, дар вартаи хатар қарор гирифтаанд, ҷилав гиред. Бовар дорем, ки Бонги Изтироби моро қабул мекунед ва бе посух намемонед. Мо Метавонем!


Имрӯз дилхоҳ тарабхонаи кишвар, хосса, пойтахтро бидуни қалён (калян) ё тавре, бобову бибиҳои мо мегуфтанд, чилим тасаввур кардан имконнопазир аст. Тайи 10 соли охир қалён, ки қаблан танҳо мояи дилхушии мардуми арабу турку эрониву афғон ба ҳисоб мерафт, ба фарҳанги тоҷиконаи мо ворид шуду сахт часпид ва ҳоло хоҳем-нахоҳем ва ё қабул кунем-накунем, он ҷузъи ҷудонашавандаи бахши хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва мояи дилхушӣ дар Тоҷикистон шудааст. Мушоҳидаҳо дар чанд тарабхонаи пойтахт моро водор сохт, ки ба ин мавзӯ таваҷҷӯҳ намуда, на танҳо дар бораи фоидаву зарари қалён, балки дар мавриди одат кардану мӯътод шудани духтарони Тоҷик ба қалён низ бигӯему бинависем. Боиси нигаронӣ аст, ки ҳоло на танҳо мардони Тоҷик, балки занону духтарон ва наврасони Тоҷик низ қалёнкаш шудаанду вақте расидааст, ки бояд бонги хатар зад.

Фоида ва зарари қалён
Дар бораи фоида ва зарари қалён хеле зиёд гуфтаанд. Қалёнфурӯшон пайваста таъкид медоранд, ки дуд кардани қалён назар ба тамоку безарартар аст, зеро дар қалён мисли дар тамоку коғаз истифода нашуда, инсон вобастаи никотин-асоси тамоку намешавад. Бартарияти қалён дар он аст, ки дуд тавассути об ё дигар моеъи дохили колба гузашта, филтр шуда, ба узвҳои нафаскашӣ зарар намеорад.
-Аммо набояд фаромӯш кард, ки никотин новобаста аз ин аз тамоми монеаҳо гузашта, ба организм ворид мешавад. Мегӯянд, одам ба қалён вобаста намешавад, аммо дар асл чунин нест. Қалёнкашии пайдарпай, хосса, вақте ба он моддаҳои махсус илова карда мешаванд, инсонро вобаста ва баъдан мӯътод мекунад. Тамоми хушбӯиҳое, ки барои дуд дар қалён тавсия мешаванд, новобаста аз барги гулу таъми меваю сабзавот, дар таркиби худ никотин доранд ва инсон назар ба тамоку дуди қалёнро дарунтар мекашад, яъне роҳи никотин ба шушҳои инсон наздиктар мешавад. Қалёнкашон намедонанд, ки дар баробари кашидани дуд якчанд моддаи кимиёвиро низ аз қабили кобалт, никел ва беррилийро низ ба худ мекашанд, - таъкид медорад духтури узвҳои дарунӣ Зиёрат Шомирзоева.
Боз 1 нуқтаи дигари муҳим он аст, ки қалёнкашон зудтар гирифтори амрози онкологӣ мешаванд ва ин далели исботшуда аст. Аз ин маълум мешавад, зарари қалён аз фоидааш зиёдтар аст. Фаҳмидед, қалёнкашон???

Қалён бо арақ инсонро мекушад!
Онҳое, ки дар тарабхонаҳо бо омода намудани қалён машғуланд, мегӯянд, қалёнкашӣ фарҳанги ба худ хос дорад. Умедҷон Ҷалилов-ҷавони Тоҷик, ки дар яке аз тарабхонаҳои машҳури ш.Душанбе бо омода намудани қалён машғул аст, мегӯяд, «мардум бояд бидонанд, ки кашидани қалён бо нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ қатъиян манъ аст, зеро он метавонад инсонро то ҳолати марг оварда расонад. Лек мардуми Тоҷик ё ин чизро намедонанд ва ё донистан намехоҳанд. Дар баробари қалён арақ менӯшанд, ки умуман мумкин нест». Ба ақидаи ӯ қалёнро бояд бо мева-шафтолу, банан ва зардолу, бо чойи кабуд ё чойи каркадэ ва аз ҳама муҳим ҳангоми сер будани шикам кашид.
-Қалёнро зинҳор бо тамоку омезиш надиҳед, ҳангоми кашидани он мундштуки ҳар 1 нафар бояд алоҳида бошад, онро дасти ба даст гирифтан ҳам лозим нест, зеро ангишти махсусаш метавонад афтода, дасти ягон касро сӯзонад. Ҳангоми қалёнкашӣ гигиенаро риоя карда, эҳтиёткор бояд шуд, - таъкид медорад Умедҷон.

Қалёнкашони аз 16 то 30 солаи Тоҷик
Маҳина Шарофова-маъмури яке аз тарабхонаҳои пойтахт мегӯяд, нахустин бор қалён дар тарабхонаҳои ш.Душанбе солҳои 2006-2007 пайдо ва пасон мӯд шуд. Ӯ қайд менамояд, ки қалёнҳои аввалин дар тарабхонаҳои «Salsa», «Дворянское гнездо» ва «Изюм»-и пойтахт пайдо шуда, баъд дар ресторанҳои дигар мӯд шуданд.
-Айни замон синну соли қалёнкашони Тоҷик аз 16 то 30-соларо ташкил дода, бештари инҳо духтаронанд. Духтарони Тоҷик хеле ба қалён одат кардаанд ва ин хуб нест, зеро ҳоло барои ҷалби мизоҷ одат кардаанд ба хушбӯиҳои қалён моддаи глисерин низ илова кунанд, ки оқибаташ ба хайр нест. Агар аз 1 тараф хонаҳои қалён-каляннаяро баста бошанд, аз сӯи дигар ба тарабхонаҳо иҷозат додаанд, ки ба мизоҷон қалён пешкаш кунанд. Гоҳе барои қалёнкашӣ ҷавонони то 18 сола низ меоянд ва бархе аз тарабхонаҳо маҷбуранд ё дарҳои худро банданд ва ё онҳоро дар ягон утоқи дуртар аз назди дари даромад ҷой кунанд, - афзуд Маҳина.

Касе қалён накашад-замонавӣ нест!
Заррина Валиева-ҳамсӯҳбати дигари мо, ки дар кори тарабхонаӣ таҷрибаи бесобиқа дорад, меафзояд, аз онҳое, ки имрӯз дар тарабхонаҳо қалён мекашанд ё дуд мекунанд, шояд танҳо чанд фоизи хурд дар ҳақиқат таъсири онро бифаҳманд, дигарон танҳо барои худнамоӣ қалён дуд мекунанд, зеро айни замон қалёнкашӣ мӯд шудааст. Яъне ба ақидаи баъзеҳо, касе қалён намекашад, аз ҷаҳони муосир қафомонда аст.
-Ба Душанбе қалёнро бештар аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Россия меоранд, ба Россия бошад аз Туркия, Эрон ва дигар кишварҳои шарқиву исломӣ. Дар тарабхонаҳои Душанбе нархи 1 қалён, ки дар 1 навбат шояд аз 20-25 дақиқа бештар дуд накунад, аз 100 сомонӣ то ба $100 дакка мехӯрад. Ҳоло ҳам занону духтарон қалён мекашанд ва ҳам мардон. Ҳузновар аст, ки шумораи духтарони ҷавон хеле афзуда истодааст, алалхусус аз 14 то 18 солаҳоро хеле зиёд мебинам сари мизи қалён. Дар Душанбе кам касоне ҳастанд, ки тавонанд қалёнро бо тамоми қоидаву услубаш омода кунанд ва ин фарҳанги хос аст. Вале теъдоди афроде, ки қалёномодакуниро худ ёд гирифтаанд кам нест ва аксар вақт бо риоя накардани миқдори даркории обу хӯшбӯиҳо ва бо иловаи зиёди глисерин, ки мамнӯъ аст, метавонанд ҷавонро мӯътоду бангӣ намоянд. - таъкид медорад Заррина.

SOS! Модари Тоҷик дар хатар!
Воқеан, ба мавзӯе, ки мо таваҷҷӯҳ кардем, боиси нигаронист. Ташвиш аз он, ки имрӯз духтарону занону Тоҷик рӯ ба қалёнкашӣ оварда, бехабар аз онанд, ки дуди он метавонад онҳоро ҳарчӣ зудтар пиру бемор кунад. Шуморо намедонам, хонандаи азиз, аммо мо пас аз боздиди чанд тарабхонаи пойтахт эҳсос кардем, ки саломатии ояндаи Миллат, хосса Модари Тоҷик ҳоло дар хатар аст. Занону духтарони Тоҷик имрӯз мӯътоду бангӣ шуда истодаанд ва сари ин проблема бояд бонги хатар зад. Бонги хатар ба хотири генофонди Миллӣ, ки тадриҷан занону духтарони мо онро гум карда истодаанд. Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Ба мо нависед! Мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter