ХАБАРИ ДОҒ

Исломи мо ва исломи худи араб

  • Панҷшанбе, Май 31 2018

Сафаргуфта-1

Агар рост хоҳӣ, ту аз ман шунав:
Ҷаҳондида бисёр гӯяд дурӯғ…

С.Шерозӣ

Вақте дар Дубай будам, бисёр хонандагони газетаи мардумӣ ба ман навиштанд, ки ҳатман сафардидаву андешаатонро перомуни ин давлати арабӣ нависед. Ман, ки ба ҳар амри хонанда ҳатман лаббайка мегӯям, тасмим гирифтам, ин супоришро низ бе посух нагузорам. Мо Метавонем!
Роҷеъ ба Дубай ва умуман Аморати Муттаҳидаи Араб, ки қалби Ислом маҳсуб меравад (албатта баъди Саъудӣ), китоб ҳам нависӣ камӣ хоҳад кард. Зимнан, роҷеъ ба бархӯрди Ислом бо Сивилизатсия хоҳам гуфт.
Нахустин чизе, ки шахсан маро шокӣ кард, ин таҷаммуъи бонувони тақрибан урён дар кӯчаву ҷодаҳои Дубай буд! Садҳо, ҳазорон-ҳазор бонувони «мини-юбка», «шорт»-пӯш ва аз миён боло тақрибан урён (аксаран танҳо бо «бюстгалтер»), дар кӯчаҳо озоду роҳат қадам мезаданд. Ба туристон иҷозат! Оре, аммо касе аз ту намепурсад, ки ту туристӣ, ё араб? Мусалмонӣ, ё тарсо???
Яъне касе чизе хост мепӯшад! Мисли ту, хонандаи ин сутур, фикр кардам, ки танҳо дар Дубай-маркази сайёҳӣ ва туризми ҷаҳонӣ вазъ чунин аст. Аммо чун ба Абу Дабӣ-пойтахти Аморат рафтам, низ мардуми нимаурёнро дидам!
Зинҳор, гуфтанӣ нестам, ки пагоҳ ҳама нимаурён ба кӯчаҳо резед. Далел овардам, ки вазъ чунин аст. Ва медонед чаро Шайхҳои миллиардери Аморат, ки дар ақсои олам мунодии исломанд, ба ин иҷозат додаанд? Зеро пул кор мекунанд. Аз ҳисоби туризм. Воқеан ҳам, дар соле, ки онро Рушди сайёҳӣ ва туризм эълон кардаем, ҳатман ба озодиҳо, бовар ва фарҳанги либоси туристони хориҷӣ бояд арҷ гузошт. Зеро намешавад, хориҷиро даъват куниву сатру фаранҷӣ ва куртаи чакану ҷелаку салла пӯшонӣ ва пулашро гирӣ. Интихоби сару либос аз турист бояд буда бошад. Ва инро шайхҳои Аморат нек дарк кардаанд.
Манзараи дигаре, ки шахсан маро мот кард, ин… «бар»-у «ресторан»-ҳои моломол аз арақу вискиву винову пиво буд!!! Ва ошкоро! Чӣ қадаре хоҳӣ, резу зану гард, бача. Мубаллиғи нӯшокиҳои спиртӣ нестам, Худо нишон надиҳад, ба вежа, дар Рамазон. Факт овардам. Ҳар нафаре Дубай рафтааст, медонад, ки рост мегӯям. Воқеан ҳам чун сари Рамазони Шариф ва Қудсӣ мутамарказ шудем, хидмататон арз кунам, ки Рамазонро дар Аморат бо шукӯҳу шаҳомати вежа пешвоз мегиранд. Дахолати ин моҳи пурфайзро ид мекунанд. Оҳангу садову суруд ва садҳо ҳазор чароғ кӯчаҳоро равшан месозанд. Ба мардуми рӯзадор ройгон ғизо медиҳанд. Дар масоҷиди хурду бузурге, ки дар сари ҳар 10-12 км шайхҳо яктоӣ сохтаанд, тамомии шароит барои 1 мусалмони рӯзадор таҳия шудааст (Воқеан ҳам Рамазон дар Аморат рӯзи 14.05.2018 даромад-ин хабар ба таваҷҷӯҳи Шӯрои уламои мо). Аммо дар баробари ин…бару ресторанҳои моломол аз нӯшокиҳои спиртӣ низ бозанд. Сар аз соати 14:00 дилхоҳ нафар метавонад, ба ин маконҳо даромадаву аз дилхоҳ навъи майу арақу коняк истеъмол кунад. Касе ба ту коре надорад!
Чунин манзараро на танҳо дар Дубай, ки дар Абу Дабӣ ва Шарҷа-шоҳигарие аз Аморати Араб низ дидан мумкин аст. Ба ҳар ҳол ман шоҳигариҳоеро ном мебарам, ки шахсан худам будам.
Воқеан ҳам Аморати Араб аз 7 шоҳигарӣ-амирӣ иборат аст. Ин шоҳигариҳо то соли 1972 пароканда буданд ва Шайх Зайд-нахустин амире шуд, ки ҳамаи 7 аморатро муттаҳид кард. Соате Шайх Зайд сари қудрат омад, ки арабҳо дар хаймаҳо ба сар бурдаву шири шутур мехӯрданд ва бо моҳигириву ғаввосӣ (гавҳар ҷамъ менамуданд) зиндагонии хеле фақирона доштанд. Ҳоло дар Абу Дабӣ осорхонаи зиндаи зери офтоб доранд ва аз намоиш додани ҳаёти камбағалонаи қаблии хеш ор намекунанд. Дар тӯли 40-45 сол Шайх Зайд арабҳоро ба зиндагонии олие оварда расонид, ки имрӯз доранд…
Туро намедонам, хонандаи ин сутур, вале азму ҷазми Шайх Зайди реформатор ҷаҳду талоши Эмомалӣ Раҳмонро ба хотирам овард. Мо низ парокандаву ба ҷанги дохилӣ андармон ва мӯҳтоҷи бурридаи нон будем. Имрӯз шукри Худо ба рӯзу рӯзгороне расидаем, ки боиси ифтихор аст. Шайхҳои араб-ку нафту газ доштанд, вале мо аслан чизе надоштем. 7 ситораи парчами моро метавон ба 7 аморати онҳо ташбеҳ дод ва ғ. ва ҳ. Ва аз ҳама муҳим ҳам Шайх Зайд ва ҳам Эмомалӣ Раҳмон реформаторанд…
Воқеан ҳам ба Фаввораҳои мусиқӣ, Порки сунъии динозаврҳо ва ғ., ки мерафтем, ман мегуфтам, дар мо ҳам ин ҳама ҳаст. Шояд бовар намекарданд, аммо ту, хонанда, медонӣ, ки ин ҳақиқат аст ва зимнан дуо кардам, ки болои сарамон Эмомалӣ Раҳмон бошанд, ҳатман Душанбе низ Дубай мешавад. Танҳо паҳлӯи сарвари реформатор зич иттифоқ бояд баст, мисли арабҳои Аморат...
Дигар ҳамин аст, Аморати Арабе, ки ман дидаму ба шумо васф кардам. Исломро танҳо мо-Тоҷикони фанат «сахт» гирифтаем. Ҳарчанд худи аъроб Исломро бар нафъи миллати хеш корбаст мекунанд, ки ҳалолашон бод.
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter