ХАБАРИ ДОҒ

Аз осорхонаи Черчилл то осорхонаи Эмомалӣ Раҳмон

  • Панҷшанбе, Июн 14 2018

Сафаргуфта-3

Ҳатто сарсахттарин ва оштинопазиртарин душмани президенти Тоҷикистон ин иддаоро рад карда наметавонад, ки ӯ ба миллат ва қораи Осиё СУЛҲ овард. Зеро он ҷанге, ки имрӯз мо дар Давлати ба ном Исломӣ дар қораи Араб мебинем, сенарияи нахустинаш дар Тоҷикистон матраҳ мешуд ва агар ин ҷангро Эмомалӣ Раҳмон хатм намегузошт тамомии қораи Осиё - чӣ хушку чӣ тар, ба пуррагӣ месӯхт! Ин далелест, ки воқеан ҳам танҳо кӯр ва кар наметавонад бубинад!
Ва ҳамакнун шуруъ мекунам ба сафаргуфтаи навбатии хеш аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.


Субҳи имрӯз, 3.06.2018, соати 11:35 дақиқа мо ба шаҳри Фултон омадем ва меҳмони осорхона-музейи зиндаи сэр Уинстон Черчилл-сарвазири маъруф ва машҳури Англия гардидем, ки дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ таъсири бузурге дошт, то ин ки фашизми гитлерӣ шикаст бихӯрад. Ва ҳар нафаре, ки вориди ин осорхона мегардад, худро дар ҶБВ бевосита иштирокчӣ мебинад. Аз 1 тараф садои Адолф Гитлер мебарояд, ки даъват ба фашизм мекард ва аз сӯи дигар садои Уинстон Черчилл, ки даъват бар муқовимат ба ҳаракати зидди фашизм менамуд ва аз ҷониби дигар аксу садову симои Иосиф Виссарионович Сталин-раҳбари маъруфу машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ин ҷанг ба шикасти фашизм дасти тамом дошт, ба маърази тамошо гузошта шудааст. Яъне он нафаре, ки вориди ин осорхона мегардад ва бо он даҳшати пирӯзӣ рӯ ба рӯ мешавад, худ хулоса мекунад, ки чӣ муаммое садди роҳи Черчиллу Сталин буд. Ва онҳо, махсусан Черчилл бо чи роҳҳои зиракӣ ва фавқулодда ҳикмату маърифате, ки дошт, дар ин ҷанг пирӯз омад.
Хуб сари мавзуъ, зиёдаравӣ намекунам, ҳадафи ман чист? Ҳадафи ман ин аст, ки дар ҳамин шабу рӯзе, ки ҳаст, мо бояд ҳатман 1 музей-осорхонаи зиндаи ҷанги граждании Тоҷикистонро таъсис бидиҳем. Ба пиндори сирф фардии ман имрӯз, ки наворҳо ҳастанд, мо бояд ҳамон майдонҳоро зинда бикунем, ки чӣ гуна экстремизми исломӣ ба ин кишвар роҳ ёфт, сари мардумро гарм кард ва мардум ба майдонҳо кашида шуданд. Чӣ гуна чанд муллое тавонист ин миллатро зидди ҳам шӯронад. Ва ин осорхона бояд осорхонаи зиндае бошад, ки қадам ба қадам мисле барои Черчилл кардаанд, бинандаву шунаванда воқифи асрори он солҳо бигардад, то минбаъд ба доми ҷанг наафтад.
Он ҷанге, ки гузашт, кори саҳл набуд ва ин, ки Сарвари Давлати мо ва Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ дар ҷавонии худ тавонист аз ин ҷанг садд бигузорад, ин ҳам бояд нукта ба нукта, қадам ба қадам дар ана ҳамин осорхона пайгирӣ шавад. Ҳар нафаре, ки вориди ин осорхона мегардад, бояд тавассути эффектҳои компютерӣ, видеонаворҳо, радиоҳо, баландгӯякҳо... бо таърихчаи зиндаи авомили ҷанги граждании солҳои 1990-1992 ва худи ҷанг (1992-1997) ошно шавад.
Фикр мекунам, он нақши калидие, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати мо дар истеҳкоми сулҳ гузошт ва 1 Ватани парокандаро аз чанги ҷаҳолату маҳв вораҳонид, маҳз тамоми ҳамин эффектҳо бояд ҳатман ба мардум намоиш дода шавад. Масъулин метавонанд ба осорхонаи сэр Уинстон Черчилл дар Фултони ИМА биоянд ва бо чашми сар бубинанд, ки ин музей чӣ гуна аст. Ман фикр мекунам, ки пули зиёд ҳам он ҷо сарф шавад, бояд мардум аз он ҷанги хонумонсӯз воқиф бигардад ва на танҳо бо баъзан-баъзан кинонаворҳою репортажҳое, ки танҳо дар моҳи июн-июл пешкаш мегарданд ва он китобу мақолаҳое дар робита ба сабабу омилҳои ҷанги гражданӣ ва нақши калидии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Сулҳ дар Тоҷикистон, дар ин осорхона гузошта шаванд. Бояд кӯдакону наврасони Тоҷик, ба вежа, ҷавонон, ки ба роҳи каҷи экстремизм лағжида мераванд, ҳатман аз ин осорхона бо чашми сар бубинанд, ки онҳоеро лидер мехонанд, оқибати кор ба куҷо мебарадашон.
Дар ин осорхона бояд тамомии қатлу куштору иғвоҳову хунрезиҳо, хонаҳои сӯхтаву дигару дигар, ҷумлагӣ ҷо дода шаванд. То вақте мардум ин ҳамаро бо чашми сар набинад ҳич гоҳ бовараш намеояд, ки он солҳо чӣ даҳшати пирӯзе ба сари миллат омада буд. Танҳо бо ҳамин эффектҳои компютерии нави замонавӣ, бо бунёди 1 осорхонаи муосир мо ҳам метавонем нақши калидии Асосгузори Сулҳу Ваҳдатро ба мардум бори дигар муаррифӣ бикунем ва ҳам ҷилавгир аз равандҳои махуфу хатарзои аср бигардем. Ҳоло, ки сабтҳо, видеонаворҳо, аксу тоблуҳо ва шоҳидон ҳастанд, бояд дар ин осорхона ҷо дода шаванд.
Воқеан ҳам осорхонаи Уинстон Черчилл дар шаҳри Фултони иёлоти Миссурии ИМА барои он ин ҷо қомат афрохтааст, ки дар ин ҷо, дар таърихи 6.05.1945, 3 рӯз қабл аз капитулятсияи Олмон сэр Черчилл сухани таърихӣ карда буд. Фикр мекунам, ки чунин осорхона бояд дар Душанбе на, балки дар Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), ё дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир шавад. Чунки қадамҳои нахустинро дар сиёсати бузург Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри куҳанбунёди Кӯлоб гузошта буд ва ҷангро аввалан дар Қӯрғонтеппа хатм бахшид ва баъдан ба Душанбе омад ва баъдаҳу Сулҳи комилро тавассути гуфтушунидҳо, хираду андеша ва тафаккури ба худи Ӯ хос поин бахшид.
Ман таъкидан мегӯям, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Тоҷикистонро аз варта раҳо кард, Ӯ қораи Осиёро раҳо бахшид, зеро агар Тоҷикистон ба коми даҳшати ҷанг мерафт дар Осиёи Марказӣ тару хушк пурра месӯхт ва ин ҷанг доманадор мешуд. Ва ана ҳамон ҷанге, ки дар Ироқу Сурияву Лубнону Фаластин ва қораи Арабу Афғонистон имрӯз доманадор ҳаст. Зимнан фикр мекунам, ки ин хизмати Сарвари давлати моро бояд ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва бояд ҷаҳониён, ҳадди ақалл, дар Осиёи Марказӣ мардум бидонанд, ки наҷотбахши миллати Тоҷик ва ақсои миллатҳои Осиёи Марказӣ кист?
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter