ХАБАРИ ДОҒ


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Аз рустои мо Кафтархона то маркази ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакӣ на камтар аз 3 км роҳ аст. Ба хотири дидану тамошои ин макони зебо мусофиркашеро киро кардану сайри ин гӯшаи афсонавӣ намудам. Ободӣ ва шукуфоӣ, роҳҳои ҳамвору чароғон, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, варзишгоҳи бузург, беморхонаи бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳазу табибони варзидадошта, муассисаҳои таълимии замонавӣ, толорҳои варзишӣ, боғи истироҳатию фароғатии сар то по гулпӯшу фаввораҳои зебо, дӯконҳои ҳунармандӣ, боғҳои пурсамари интенсивӣ, бозори ба стандарти савдо ҷавобгӯ, гӯшаи ёдгории меҳтарони ҶБВ ва бисёр иншоотҳои дигарро дидан намудам. Ба ростӣ, пас аз тамошои ин мавзеи зебоманзар ба фарзандони ба нангу номуси он Муродалӣ Саидов ва Авазхон Кабиров изҳори сипос мекунам, ки чунин 1 шаҳраки зеборо эъмору бунёд ва ашхоси зиёдеро соҳиби шуғлу зиндагии шоиста намуданд. Ба ин 2 ҷавонмарди созандаву бунёдкор саломатӣ ва комёбиҳоро хоҳонам!

Даврони Айниддин,
муаллим, н.Восеъ, тел: 93 123 09 39

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter