ХАБАРИ ДОҒ

Пули ҷаримаро сабуктар кунед

  • Панҷшанбе, Июн 14 2018


Хонандаи доимии газетаи мардумии СССР Тӯйхон Сайфуллоеви 20-сола аз шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо телефони 92 808 88 27 ба СССР занг задаву гуфт, ки азбаски ман мошини падарам (Газели боркашонӣ)-ро аз бехирадӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ дар моҳи ноябри соли 2017 дар роҳи калон ронда будам, нозирони минтақавии Бозрасии давлатии автомобилӣ дар қаламрави ноҳия маро ист фармуда, ҳуҷҷатҳоямро пурра аз дастам гирифтанд. Ман ба ин зид нестам! Ва воқеан кори хато кардам. Аммо дарду алами ман ин нест. Мо дар оила 6 нафар фарзандем ва имкони пули ҷаримасупориро надорем. Ҳуҷҷати ронандагӣ ҳоло дар суди ноҳия қарор дорад. Падарам-Мирзо Сайфуллоев 54-сола асту шароити маблағи ҷаримаро пардохтан надорем. Зеро дар суд ба мо гуфтанд, ки “6000 сомонӣ биёреду ҳуҷҷатро гирифта баред!” Аз ин хотир, аз мӯҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён-раиси Судии Олии Тоҷикистон, ки хело инсони одил асту ҳуқуқшиноси варзида, хоҳиш дорам, барои бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагии падарам мусоидат намоянд. Ва ё пули ҷаримаро сабуктар кунанд, агар имкону илоҷаш бошад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter