ХАБАРИ ДОҒ

Муаллимон имтиёз доранд

  • Панҷшанбе, Июн 14 2018


(Ҷавоб ба хабари «Бе хона чӣ хел муаллимӣ кунам?»-и Саймуддин Файзуллоев, «СССР», 15.02.2018)

Омӯзгори ҷавон, хатмкардаи Коллеҷи омӯзгории ш. Кӯлоб, ҳоло донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ш.Кӯлоб Саймуддин Файзуллоев ба идораи ҳафтаномаи «СССР» арзи ҳол намудааст, ки мехоҳад дар таълимгоҳе ба кори омӯзгорӣ машғул пардозад, аммо масъулон ба дархости ӯ барои гирифтани замин бепарвоӣ зоҳир кардаанд. Албатта, чунин ҳолатҳо ба миён меоянд ва омӯзгорони ҷавонро мебояд, ки аз ҳуқуқ ва имтиёзҳояшон огоҳ бошанд. Ба таваҷҷуҳи омӯзгори ҷавон мерасонем, ки Ҳукумати ҶТ барои муаллимони ҷавон як қатор имтиёзҳо муқаррар кардааст, ки яке аз онҳо таъмин бо замини наздиҳавлигист. Аён мешавад, ки Файзуллоев 18.10. 2017 ба муовини аввали раиси н.Кӯшониён (Бохтар) дар бобати гирифтани замин ариза навиштааст, аммо зикр накардааст, ки тибқи фармони шуъбаи маориф ба кадом мактаб ҳамчун муаллим фиристода шудааст. Ӯро зарур аст, ки нахуст, масъалаи ҷои кори худро ҳал карда, сипас аз масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷои зист имтиёзҳои барояш муқарраршударо талаб намояд. Дар ин масъала мушкилоте мавҷуд нест.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter