ХАБАРИ ДОҒ

Сафаргуфта-4

Агар дин покизагӣ (ад дину ан назофату) ва эмон виждон аст, пас… амрикоиҳо биҳиштиянд!
Муаллиф наҷӯед. Инро ман, СМ мегӯям…

Амрикое, ки ман дидам…
19.05.2018. Бо даъвати Департаменти Давлатии ИМА (ГосДеп) ва миёнчигарии Сафорати ин кишвар дар Душанбе, ба ману Адолати Мирзо, Хуршеди Андам ва Азорабек Азорабеков муяссар шуд, ки ба ин абарқудрати афсонавӣ сафар намоем. Пештоз мегӯям, январи соли 2007 дар Амрико будам. Аммо ун Амрико аз ин Амрико тафовути ҷиддӣ дошт. Дар 11 сол ИМА чунон тағйир кардааст, аз замин то бар само. Акнун тасаввур кун, хонанда, ки Амрикои соли 2007 низ давлати рушдкарда буду пештоз ва лидери ҷаҳонӣ. Яъне чӣ? Яъне абарқудратон дар 1 ҷо намеистанд ва ин шоҳбайти клоссики моро ҳамели гӯш кардаанд:
Мавҷем, ки осудагии мо адами мост:
Мо зинда аз онем, ки ором надорем!
Сафар табиатан ва зотан ба Амрико тӯлонӣ ва дилбазан аст. Танҳо тасаввур кун, хонанда, ки то Франкфурти Олмон аз Душанбе 7 соат мепарӣ, бо гиру дори бағочу бақайдгирӣ (регистрация), навбатпоиву назорати шиносномадиҳӣ ва ғ. ва ҳ. ин сафар то 17-18 соат тӯл мекашад. Ва ана баъдаҳу фурудгоҳи бузургтарини олам, Луфганза. Соатҳо медавӣ, то боло шудаву ба қатор-поезд нишинӣ ва сӯи Гейти лозима, яъне даромадгоҳ роҳ бубарӣ. Ин ҳам охири кор нест. Танҳо парвоз аз Франкфурт то Вашингтон 11 соатро дар бар мегирад. Боз интизорӣ, бақайдгирӣ, нишаст, парвоз, фурудоӣ, назорати шиносномаҳо, марз, гумрук, бағоч…хулласи калом 20-24 соат дар равуо. Вале бо ин ҳама, меарзад, ки шумо 1 бор ҳатман ба Амрико равед, то тафовути зиндагонӣ, демократия, озодиву ободиҳоро бо чашми сар бинед! Меарзад. Мо Метавонем!!!

Амрико ва Нури Наср
Дар Амрико беш ё ҳудуди 10.000 Тоҷик ба сар мебарад. Аксарият дар Ню-Йорк бузургтарин мегаполиси олам сукунат ихтиёр кардаанд. Онҳо 5-5,5 ҳазор нафаранд. Дар Вашингтон 550 Тоҷик аст, ки дар ифтори рамазонияшон ширкат ҳам доштем. Журналистон зиёданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки зиндагонии рӯзноманигор дар кишвар бад шудан дораду гулҳои сари сабади журналистикаи мо тарки Тоҷикистон мекунанд, ки боиси дастбарсарзаниҳост. Вазъ тағйир наёбад, беҳтарину бузургтарин журналистонро низ аз даст медиҳем. Ман медонам, ки чӣ мегӯям. Мо метавонем!
Дар Вашингтон бо журналистони чираву замоне муваффақ, Парвина ва Санҷар Ҳомидовҳо, Рухшона Олимова дидор кардем. Ишон гуфтанд, ҷои кори хубу сара ва зиндагонии шоиста доранд. Яке менеҷери лоиҳаест, дигарӣ корманди ID (ростӣ аз тарси кумитаи Забон дигар метарсам касбу кори навро рӯи сафҳа резам. Мабодо ин Кумита ба суд накашад газетаро!)… Санҷар Ҳомидов бошад, журналисти Садои Амрикост-бузургтарин ниҳоди хабарнигорӣ дар олам. Ҳатто Озодӣ аз «Войс оф Америка» чанд зина қафо меистад.
Журналистони Тоҷик зиёданд. Талабшоҳи Муқим-шоумени ТВ, Умеди «Гап-гап»-шоумени ТВ ва Нури Наср камёбтарин журналисти мо низ дар Амрикоянд. Перомуни Нури Наср менависам, ки ба ман гуфт:
-Акаи Сайёф, дар Амрико, дар раддаи аввали иззат кӯдак меистад, сипас …САГ, баъдан зан ва аз ҳама охир мард… Ва афзуд, дар ин ҷо масали халқии мо «Ҳолаш аз ҳоли саг батар» корбаст намешавад. Зеро мартабаи саг болотар аз мард аст…

Кӯдаконро бе назорат нагузоред!
Ин шиори маъруфи давлати СССР-ро кӣ дар хотир надорад? Ҳама дорад, вале саф-саф атфоли кӯчагарду сакалтуро дида, дарк мекунӣ, ки дар Тоҷикистон муҳимияти ин шиор фаромӯш шудааст. Аммо дар Амрико тибқи он амал мекунанд. Шояд надонанд, моли кист шиор, вале комилан ба он мувофиқанд:
-1 кӯдакро дар кӯча надидем, ки надидем! На танҳо кӯдаки танҳо, ки ҳамроҳ бо волидайнро низ. Зеро кӯдакон дар Амрико вақт надоранд! Ояндаи миллат, ки ҳастанд, ҳатман бо илму дониш банданд!
Сагҳошон шояд хушбахттарин ҳаявони олам бошанд. Дар кӯча хӯҷаинҳои дар асл хидматгорашон тамошо мебароранд ва аз пасашон назорат мекунанд. Боре бо ҳамроҳон, дар ш.Сент-Луис, пойтахти штати Миссури, шоҳиди ин моҷаро шудем. Афро-амрикоие (бо пӯст ном гирифтани Инсон қонунан манъ аст! Масалан, дар Русия “пас-сияҳ-чернож...й”, “чеҳраи қафқозӣ”, ё “чурка” гуфтани ғайрирусҳо маъмул аст. Дар Амрико манъ!) бо саг мегашт. Ӯ сагашро тарфи дигар кашиду саг дигар самтро интихоб кард. “Хӯҷаин” бе истиҳола аз паси сагаш тохт...

Сатри зани амрикоӣ
Роҷеъ ба манзалати саг ҳамин мисол кофист. Ва аммо дар бораи иззату икроми зан метавон соатҳо гуфту шунуфт...
Бонувони амрикоӣ ворастаанд. Либосе, ки мепӯшанд, шояд 60-70% баданашонро урён бидорад. Аммо онҳо сатр доранд!  Сатри бонуи амрикоӣ қонунҳои Амрикост! Ту қанд хӯру бе иҷозати фардӣ ба зани амрикоӣ гап парто. Гап чӣ, ки комплимент, яъне таърифу тавсифи ҳусну қадду қомати зан метавонад шуморо ба кунҷи зиндон кашад. Зан ба тавсифи шумо ҳатман посухи қонунӣ хоҳад дод. Пулисро ҷеғ мезанад! Ва мабод, шумо барои суоле кардан даст бар китф ё дасти зан расонед. Каппачатон дуд мекунад! Даст расонидан ба дилхоҳ ҷои бадани зан ҷиноят аст. Don’t tauch-Даст нарасон!!! Дар сурати акс, “Сексуал ҳарасмен” мешавӣ ва ин бузургтарин ҷурмест, ки агар зан бо ин иддао ба суд муроҷеъ шуд, ҳатман мард ҷарима ва ё муҷозот мешавад...
Акнун тасаввур кунед, ки бонувони Тоҷик магар ин мақомро дар назди қонун доранд? Албатта не!
Зани амрикоӣ Сатри Қонун дорад ва ягон марди амрикоӣ бо нигоҳи фаҳшову зино бар зан наменигарад. Дар мо акси ҳолат аст. Мо даъвии мусалмонӣ кардаву дилхоҳ бонуро дар роҳи мошин бинем, ҳатман чақа мешавем. Гап мепартоем. Мошин дошта бошем, Худо медиҳадамон. Пеши ӯ пасу пеш ҳаракат карда, бо суханҳои фаҳшомез даъвати “бурдан” мекунем. Ва агар зан нахост, ҳатман дашноме додаву газро зер менамоем, то пеши бонуи дигари мусалмони Тоҷик равему сари онашро гарм кунем...
Ва дар ин моҷаро айб сари 1 мард нест. Занҳои хеле зиёде ба дилхоҳ мошини бегона мешинанд ва шонси таҳқиршавии ҳамҷинсони худро дар роҳу ҷодаҳо меафзоянд. Зане агар ба мақомот шиква барад, ҳатман ин “сексуал-ҳарасмен” ё худ “фаҳшо-ронандагон” каме мешаванд. Вале мо гӯиё мусалмонон, дарк намекунем, ки дар ин гузар агар духтару хоҳару модари касеро тазйиқу таҳқир дорем, пас дар гардиши кӯчаи дигар ҳатман зану модару духтару хоҳари моро тоҷикаки дигаре паст задан дорад...
Тамомии дастовардҳои Амрико, бо шумули Сатри Қонуни Зан медонед аз куҷо маншаъ мегирад? Аз ОЗОДИИ Васоити Ахбори Умум, чизе, ки мо аз он чун дев аз  Қуръон ҳарос дорем...


Давом дорад

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter