ХАБАРИ ДОҒ

Фоидаи «Сомон эйр» зиёд нест!

  • Панҷшанбе, Июн 21 2018


ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» дар ҷавоб ба маводи дар рӯзнома (СССР, 26.04.2018) ба табъ расида иттилоъ медиҳад, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бозори интиқолоти ҳавоӣ муддати 10 сол аст фаъолият дорад ва ҳамарӯза пайи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва анҷоми парвозҳои бехатару бароҳат талош меварзад. Касбият, сифат ва дастрасии хизматрасониҳо аз афзалиятҳои асосии ширкатанд. Дар мавриди арзиши чиптаи хатсайрҳои ширкат гуфтанием, ки арзиши чиптаҳои «Сомон Эйр» аз хароҷоти сӯзишворӣ, хизматрасониҳои аэронавигатсиониву фурудгоҳӣ, хӯроки дохили ҳавопаймо, хароҷоти ширкат ва масрафҳои хоҷагидорӣ иборат аст. Дар сурати 100% пур будани ҳавопаймо ширкат аз иҷрои парвоз ҳамагӣ 8% фоида ба даст меорад, ки он ҳам баҳри ташаккули парки ҳавопаймоӣ, тақвияти бехатарии парвозҳо, рушди шабакаи парвозҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, такмили ихтисоси кормандони ширкат, омодасозии кадрҳои нав, рақобатпазирии ширкат дар бозори интиқолоти ҳавоӣ ва иқдомҳои хайриявӣ равона мегардад. Зиёда аз ин, дар шароити рақобати шадид ширкат ҳадалимкон мекӯшад бо пешниҳоди сатҳи баландтари хизматрасониҳо арзиши чиптаҳоро поин барад. Ширкатҳои хориҷӣ ба хотири кам кардани масрафҳои худ аз пешниҳоди ғизо ба мусофирон ва як қатор хизматрасониҳои дигар даст кашиданд, лек Сомон Эйр бо инобати тулонияти парвоз нисбати мусофирони худ ғамхорӣ намуда, чунин иқдомҳоро роҳандозӣ намекунад. Нисбати қарзҳои ширкат дар назди ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва ҶСК «Ширкати таъмини сӯзишворӣ» иттилоъ медиҳем, ки онҳо тибқи ҷадвали ҳамоҳангшуда давра ба давра пардохт шуда истодаанд. Дар соли гузашта ширкат бинобар истифодаи самараноки иқтидорҳо тавонист 6% қарзҳои худро бипардозад ва ин раванд идома дорад. Дар соли сипаришуда ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр ҳамзамон ба буҷаи давлат 53 млн. 283.000 сомонӣ андоз пардохтааст ва тибқи маълумотҳои оморӣ Сомон Эйр алъон миёни сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон дувумин андозсупорандаи бузург маҳсуб мешавад. Перомуни ҳамкориҳо бо КВД «Тоҷиксуғурта» гуфтанием, ки Сомон Эйр аз ин ташкилот куллан қарздор нест.

Бо эҳтиром, Директори генералӣ Томас Ҳаллам

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter