ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: гелос чин!

  • Панҷшанбе, Июн 21 2018

Тавре аз мушоҳидаҳои мухбирони мо бармеояд, имсол нархи 1 кг гелоси хуби ватанӣ дар бозорҳои кишвар аз 12 сомонӣ арзон нашуд. Албатта, буданд рӯзҳое, ки нархи гелос якбора бо 2,5-3 сомонӣ ҳам фаромад ва ҳоло ҳам дар бозорҳо гелоси 5-6 сомониро низ харидорӣ кардан мумкин аст, аммо гелоси калон-калону ширин ва аз ҳама муҳим бе нуқсро савдогарон аз 12 сомонӣ боло мефурӯшанд. Чаро имсол нархи гелос, хосса, навъҳои гелоси сирф Тоҷикии он гарон асту кишоварзон имсол чӣ қадар зарар диданд? Ин буд мавзӯе, ки мо дар охирин рӯзҳои гелосчинӣ дунболагирӣ намуда, бо супориши редаксия ба ш.Ҳисор, ба яке аз хоҷагиҳои пешрафта дар соҳаи боғдорӣ-ба ҶДММ «Боғи 15-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои гелосчинӣ рафтем. Роҳбарии ин хоҷагиро раиси ҷавон Шариф Шарипов бар ӯҳда дорад.

Гелоси Ҳисорро жола зад
9.06.2018. Соат бо вақти Ҳисор 9:00 дақиқа. Бо дӯст ва ҳамкорам Ният Ҳаёт, масъули кор бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятии МИҲД-и ш.Ҳисор дар назди бинои ҳукумат вохӯрда, ба сӯи ҶДММ «Боғи 15-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳ пеш гирифтем. Майдони умумии боғҳои ин хоҷагӣ 304 гектарро ташкил намуда, аз он 156 га гелос, 13 га олучаи мичуринӣ, 20 га олу, 3 га зардолу, 65 га себ, 4 га нок ва 43 га ангур мебошанд. Боғбонҳои ин хоҷагӣ аллакай ҳосили имсолаи гелосро ба охир расонида, танҳо дар баъзе шохаҳои дарахтон кам-кам мева мондаасту халос. Алалхусус, гелоси зард, ки зардакаш мегӯянд, тоза пухта расида, дар интизори мизоҷу харидор аст.
Деҳқонони ин хоҷагӣ пас аз ҷамъоварии ҳосил ба корҳои тоза намудани дарахтон аз шоху барги зиёдатӣ сар кардаанду ҳоло умед ба он доранд, ки ҳосили олуву олуча ва себу ангур имсол безарар ва пурбору серхаридор хоҳад шуд. Ҳосили мавсими гелосро, ки то пухта расидан хеле хуб нашъунамо дошт, соли равон боронҳои пайдарпай ва жола зада, зарари худро ба мева расониданд-теъдоди зиёди гелос дар шохаҳои дарахтон кафида, нуқсҳои гуногун пайдо карда, бо ин таъм ва намуди зоҳирии бозоргири хешро аз даст дод.

Мутриба ва «Дилбар»-и ӯ
Соат бо вақти Ҳисор 10:00 дақиқа. Ин ҷо мо бо Мутриба Назарова, яке аз иҷоракорони ин хоҷагӣ шинос мешавем. Мавсуф сари чанбараки мошини хурди боркашонӣ ҳар субҳ омада ҳудуди боғи хешро, ки 4 га-ро ташкил медиҳад, чарх зада, аз ҳоли дарахтони худ бохабар мешавад. Мутриба солҳои зиёд аст, ки бо аҳли оилааш ин қитъаро барои иҷора гирифта, ҳар сол ҳосили фаровони гелосро мегирифт, имсол бошад гелос дар шохаҳои дарахтон кафиду хушк шуд.
-Ҳар сол аз ин ҳудуди замин то 10 тонна ҳосил мегирифтем, имсол бошад он ба маротиб кам шуд. Вақти гул кардану ғӯрабандӣ дидам, ки ҳосил хеле хуб мешавад, аммо боронҳои пай дар пай, ки 10 рӯз идома дошта, гоҳе ба жола мубаддал мегаштанд, ҳосили моро хароб карданд, ҳисороти молӣ низ бисёр шуд. Дар ин боғ мо навъҳои гуногуни гелос, амсоли «кардинал», «талхак», «зардак», «наполеон» ва «Дилбар»-ро парвариш менамоем. Аз байни инҳо танҳо «Дилбар» безарар шуд, боқӣ қариб ки ҳамааш аз зарби борону жола кафида, зарар дид. Албатта, намуди зоҳириаш низ коста гашта, қиматаш фаромад. Ҳосил сарфу хароҷотеро, ки барои ин боғ анҷом дода шуд, напӯшонид, ҳоло бояд аз пайи тармиму таъмири дарахтон шуда, онҳоро аз касалиҳои аз ин офат расида, бо харидани дорувории зиёд табобат намоем, вагарна ҳосили соли ояндаамон низ хароб хоҳад шуд,- мегӯяд Назарова.
Ҳар сол тоҷирон аз Россия омада, гелоси боғи Мутрибаро аз сари замин харида, мебурданд. Соли ҷорӣ касе барои содирот наомад. Мутриба иброз медорад, ки борону жола намуди зоҳирии гелосҳоро низ бад кард.

Россия аз гелос даст кашид
Соат бо вақти Ҳисор 11:00 дақиқа. Бо пири кор, яке аз кишоварзони таҷрибадор, муовини сардори Раёсати кишоварзии ш.Ҳисор акои Мирзо Шарипов дар бораи ҳосили гелос ва содироти он ба берун аз ҷумҳурӣ хеле сӯҳбат кардем. Ҳар сол тоҷирони рус аз оғози мавсим, ки ба рӯзҳои 10 май рост меояд, омада, ҳосилро пурра харидорӣ намуда, ба қуттиҳо мечинданду ба мошинҳои азими боркашонии яхдондор бор карда, ба шаҳрҳои Россия мебурданд. Аз ин деҳқон фоидаи хуб ба даст меовард ва ҳам ҳосилаш зуд ба итмом мерасид, вале имсол ин тавр нашуд. Гелоси жолазадаро боғбонҳо маҷбур шуданд 2,5 сомонӣ низ ба фурӯш гузоранд, вагарна он ҳам аз даст мерафт. Соли равон навъҳои камтар осебдидаро деҳқонон тавонистанд танҳо дар бозорҳои пойтахт ва баъзе аз шаҳру навоҳии тобеи кишвар фурӯшанду халос. Айни замон боғбонҳои ин хоҷагӣ зарари аз ин офати табиӣ расидаи хешро ҳисобу китоб карда, пас аз ин ният доранд дарахтони аз офатҳои табиӣ беморшударо табобат намоянд, зеро агар ин корро накунанд ҳосили соли ояндаи гелос низ зери суол хоҳад буд.
Бояд қайд намуд, ки кишварзон ба ҳосили имсолаи олу низ баҳои баланд дода истодаанд, лек проблема дар он аст, ки он низ ҳанӯз харидор надорад. Агар пештар ҳар сол тоҷирон омада олуи нимпазро ҷамъоварӣ карда, тавассути мошинҳои гаронвазни яхдондор ба Россия мебурданд, ин дафъа чунин нест-то ба имрӯз касе олуро барои содирот ба хориҷи мамлакат суроғ накардааст. Фикр мекунам, мебояд бонги хатар зад, то ҳосили пурбори боғбонҳои Тоҷик дар сари замин намонад!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter