ХАБАРИ ДОҒ

Футболи Бузург дар мекӯбад!!!

  • Панҷшанбе, Июн 21 2018

Ҷоми Ҷаҳон дар Русия
Футбол ҳам сиёсӣ шуд. Аммо натавонистанд, ки садди роҳаш шаванд. Ва барои 1-умин бор дар таърихи башарият, Мундиал дар яке аз кишварҳои пасошӯравӣ, дақиқтараш дар дили империяи абарқудрати собиқи СССР, дар Русия, баргузор мегардад. Атрофии ин чемпионат чӣ қадар кашмакашу гирудор буд, то Маскави саркаш аз ин Ҷом маҳрум шавад! Кор то ҷое расид, ки Блаттери билоиваз-садри ФИФА ва Мигел Платини-президенти УЕФА-ро ба коррупсия муттаҳам кардаву сабукдӯш сохтанд. Аммо ақли солим пирӯз шуду ҶҶ мавзеъашро тағйир накард. Ҳоло чандин сарварони кишварҳои Аврупову Амрико тасмим доранд, ба маросими ифтитоҳии ҶҶ наоянд. Вале ин тамоман қиссаи дигар аст. Мо ФУТБОЛ мехоҳем, на сиёсат…

Гастербайтер ва Футбол
Лозим ба ёдоварист, ки Русияи мутаассуф, ксенофоб, яъне миллатиғайрбадбин, бо ин ҳама таҳримоте, ки алайҳаш ҷорӣ кардаанд, аз хатти маши натсизм бадар намеравад. Дар ин кишвар ҳамакнун бо баҳонаи амнияти футболбозон сарсиёҳони гастербайтерро хориҷ мекунанд. Шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ, ки миёнашон Тоҷикон кам нестанд, рӯз аз рӯз батар мешавад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки аз ҳама беҳтараш Тоҷикон ва умуман мусалмонони шикамқарор ба Русия дар ин мавсими футбол сафар накунанд. Аз бало ҳазар. Ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ «Беҳтараш, пеши саги гиранда наравед!». Саги гиранда пулиси рус аст, ки ба ҳар ғайрирус бо чашми шубҳа менигарад…

32 умед
14.06.2018. Соати 20:00 ба вақти Душанбе. Нахустин бозии ин Мундиал миёни дастаҳои Русия ва Арабистони Саъудӣ баргузор мегардад. Коршиносон аллакай аз ин бозӣ, чун аз заъифтарин бозии ифтитоҳӣ дар таърихи ҳама чемпионатҳои қаблӣ ҳадс мезананд. Ва шояд хато ҳам накунанд. Зеро Русия, ки чун мизбон ба ҶҶ роҳхат гирифтааст, воқеан ҳам дастаи заъифтарини ин чемпионат аст. Ӯ бозии расмие тӯли 2 соли ахир накардааст. Рӯиҳамрафта, дар бозиҳои дӯстона низ дили мухлисонашро сард мекард. Черчесови абреки осетин, ки дар тӯли 2 сол танҳо бо таҷрубаи тимсозӣ банд буд, ахиран гӯиё дастаро сохт. Аммо ин мунтахаб гавҳар, ба забони русӣ «костяк», на дошту на дорад. Ҳоло касе ҳам намедонад, ки дар ҳайъати асосӣ кӣ ба майдон мебарояду кто дар «запас» мешинад.
Арабистони Саудӣ бошад, зотан дастаи суст аст. Зеро футбол дар ин кишвари ба масале сирф мусалмонӣ рушдкарда нест. Дар ҳайъати 2 даста ҳатто 1 ситораи тобони ақаллан осиёиву аврупоӣ намебозад. Аммо мо медонем-ку, футболро бо ситораҳои Мега ва Гала дӯст медоранд.
Бо ин ҳама, чандин миллиард мухлис аз 32 дастаи худӣ умед доранд. Ва агар ин умеди чемпионӣ набошад ҳам, пас орзуи нағз бозидану тавлиди ситораҳост. Мо низ бар боварем, ки ин Мундиал ба олами футбол ситораҳои нав эъто мекунад. Зеро Роналдуву Мессиву Неймар…аллакай дилбазан ҳам шудаанд…

Неймар&Co
Аммо дилбазан ҳам шуда бошанд, мутаассуф ё хушбахтона, олами футбол ҷуз инҳо камтар ситора дорад…Зимнан хоҳ-нохоҳ бояд ба Мессиву Неймару Роналду такя зад. Такяи кайфийяти футболӣ…
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки кадоме аз инҳо футболбози Мундиал мешавад? Ва агар зидд нестед, СССР низ тахмин-фарзияи хешро мезанад:

-Месси
Ин ки Месси Мегаситораи футбол асту ӯро ҳатто душманонаш дӯст медоранд, аз касе ниҳон нест. Шонси Месси ҳам ҳаст, ки ахиран аз рақиби азалии хеш-Роналду канад ва дар олами футбол ҷои аздастдодаашро бозпас ситонад. Яъне Шоҳи Футбол гардад. Аммо дар ин гирудор Месси 1 нуқс дорад. Ӯ бо мунтахабаш ҳич не, ки қаҳрамони ҷаҳон гарданд. Соли 2014 қариб карда буд, вале дар финал аз Олмони олиҷаноб шаттаи обдор хӯрд!

-Роналду
Ба фарқ аз рақиби азаливу абадии хеш Роналду кайфийяти ғалаба дар финалро ме-до-над. Ҳамагӣ 2 сол пеш, Кришти бо дастаи заъифи Португалия тавонист чемпиони Аврупо шавад. Ва ин ғалаба пурра бар дӯши ӯ буд. Зеро дар ҳама бозиҳо азхудгузарӣ намуд ва то финал омад. Ҳарчанд дар финал захмиву бадараш карданд, аммо аз майдон набаромад ва бо пои ланг гирди майдончаи мураббияш медавид ва баччаҳоро дилгарм месохт. Ин аст, ки голи ҳалкунандаро ба Фаронса ҷӯраҳояш задаву ба Криштиано на танҳо Ҷоми Аврупо, ки Ҷоизаи беҳтарин футболбози оламро низ доданд. Аммо гумон аст, ки бо ин тим Португалия дар Маскав комёб шавад. Инро, ба гуфти Бобои Ғулом, чемпионати ҷаҳон мегӯянд ва ин Ҷом немис дорад, немисе, ки ба гуфтаи ҳамон бобои Ғулом “очай мардака шу мета!”...

-Неймар
Нафаре, ки дар ҶҶ дар Бразилия гиряи миллион мухлисро овард, ҳамин Неймарак буд. Дар бозии аллакай плей-офф миёнашро шикастанд. Бразилия бе Неймару бо Неймар чӣ тимест, 3 рӯз баъди он фоҷеа олами футбол бо чашми сар дид. Германия хиштеро рӯи хишти Пентачемпионҳо нагузошта, бар дарвозааш 6 гол зад. Ва дар куҷо? Дар пойтахти Бразилия!!!
Акнун Неймар-гаронарзиштарин бозингари олам имкон дорад, голи бештар задаву худро ба оламиён бори дигар муаррифӣ кунад. Аммо бадбахтии ин 3 тан дар он аст, ки аз ҳадд зиёд худпараст шудаву ба рекламаи шахсӣ банданд ва аъзои дастаро камтар мебинанд. Онҳо мехоҳанд худ Шоҳ бошанду пои чапу росташон Шоҳзодагон. Зимнан бо коллектив камтар месозанд. Ва ҳамин аст, ки то дидор бо машинаи Германӣ тобу тавон доранд. Олмон бошад, дилхоҳ мега-пега-ситораро пачақу маҷақ хоҳад кард. Метавонанд!!!

Ситораи нав кист?
Ҳар кишвар ҳадс мезанад, ки ситораи ин Мундиал аз они ӯ мешавад. Масалан, ҳатто русҳо Головину Смоловро пешбарӣ кардаанд. Аммо ба пиндори мо, мегаситораи нав аз миёни ин 4 тан хоҳад рӯид:
Муҳаммад Солеҳ (Миср)
Деле Алли (Англия)
Жезус (Бразилия)
Радамель Фалкао (Колумбия)
Воқеан ҳам Радамел дар арафаи ҶҶ-14 захм бардоштаву натавонист дар финал бозӣ кунад. Ин шонси таърихии ӯст. 4 сол пас ӯ ба ҶҶ дигар намеравад…
Ва набояд фаромӯш кард, ки 1 Тоҷик низ дар ин Мундиал баромад мекунад. Далер Кузяев аз тими Зенит.
Далери Тоҷик дар ҳайъати Русия мебозад ва табиист, 9 млн нафар Тоҷик ба ин даста мухлисӣ хоҳанд кард. Кузяев бисёр шонси хуби аз худ дарак додану мега-ситора шудан дорад. Дар ин сурат, ӯро клубҳои бузурги Олами Пир-Аврупо ҳатман хостгорӣ хоҳанд кард. МО, ки Тоҷикем, фарзияи тахмин сари Далер низ бо умед мегузорем. Мо метавонем!

Ситораҳои тап-тайёр
Вале ин Мундиал топ-ситораҳо низ дорад, ки бо андаке такон метавонанд, Мега-ситора шаванд. Дар рӯйхати мо нахуст исми шарифи Мгапеи франсуз меояду баъдан ва ғайраҳо:
Томас Мюллер (Германия).
Ромелу Лукаку-Ҳазард (Белгия).
Луис Суарес (Уругвай).
Роберт Левандовски (Полша).
Эдинсон Кавани (Уругвай).
Тимо Вернер (Германия).
Антуан Гризманн (Франсия).
СССР бештар бар номзадии Антуан Гризманн ва Эдинсон Кавани такя мезанад. Инҳо барои худ ва дастаашон мебозанд ва шонси бештаре доранд, ки нақши калидӣ дар ин чемпионатро бозанд. Антуаннро барои он пеш аз Кавани гузоштем, ки Франсия шонси бештари сӯи финал рафтанро дорад.

Чемпион кӣ мешавад???
Дар асри ХХ масъала нозуктар буд. Чемпион дар 1 қаҳрамонӣ аз Аврупо мешуду дар ояндааш аз Амрикои Лотинӣ. Вале тӯли 3 чемпионати ахирӣ танҳо аврупоиён чемпион мешаванд. 2006 Италия, 2010 Испания, 2014 Германия...
Америкаи Лотинӣ табиист, ки бар Аврупо дандон тез кардан дорад. Ва ин дандонҳо танҳо дандони Суарес нест, ки Чиллинии итолиёвиро дар Бразилия газиду ӯро аз он чемпионат пеш карданд! Ин дандонҳои Неймару Месси ва (чаро не?) ҳамон Суаресу Эдинсон Кавани низ хоҳад буд. Ба пиндори сирф фардии мо, агар чемпион дастаи амрикоӣ шуд, ин танҳо бар рушди футбол дар ҷаҳон созгор хоҳад омад.
Мо Мухлисӣ мекунем. Мо метавонем!

С.Мизроб
Махсус барои мухлисони варзиши №1

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter