ХАБАРИ ДОҒ

«Ҳосилот» аз ФФТ миннатдор аст

  • Панҷшанбе, Июн 28 2018


Воқеан тайи солҳои охир футболи Тоҷик аз ҷиҳати моддию техникӣ рушд намуда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо дастаҳои футбол аз сари нав эҳё гашта, инчунин дар муассисаву ташкилотҳои давлатӣ дастаҳои хурди футбол ташкил шуда истодааст, ки ин аз оммавияти ин навъи варзиш дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамаи комёбиҳои беназири варзишӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои президенти ФФТ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст. Моҳе қабл аз ҷониби ФФТ ба дастаи «Ҳосилот»-и н.Фархор барои машқу тамрини футболбозони ҷавон 10 адад тӯб, 1 адад сару либоси варзишӣ кӯмак расонида шуд, ки мо-сокинони ноҳия ва мухлисони ин дастаи шуҳратёр миннатдории хешро ба роҳбарияти олии ФФТ мерасонем. Хотирнишон бояд сохт, ки ин маротибаи аввал нест, ФФТ ба даста кумак мекунад. 2 сол қабл низ ҳангоми ба мушкилоти молиявӣ дучор гаштани даста ФФТ ягона кӯмакрасони даста буд. Ба ҷавони донишманди ғайюру тавоно Рустами Эмомалӣ муваффақияти беназир орзумандем.

Акбари Абдусамад,
мухлиси Ҳосилот, н.Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter