ХАБАРИ ДОҒ

Воридоти биринҷи пастсифат ошкор шуд

  • Панҷшанбе, Июн 28 2018


Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ мақолаи журналист Нурулло Ҳасановро бо номи «Оши 1х1-и пластики Хитоӣ!» (СССР, 12.04.2018) мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дод. Дар давоми с.2017 ва 3 моҳи аввали с.2018 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии биринҷи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба миқдори 14 449 кг ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи ҳолатҳои ошкоршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Тибқи қарорҳои суд ба маблағи 28818 сомонӣ ҷарима ва ба маблағи 2635 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида, ба маблағи 27076 сомонӣ мол мусодира карда шудааст… Дар сурати пешниҳод кардани далелҳои мушаххас оид ба қонуншиканӣ дар соҳаи гумрук Хадамоти гумрук дар доираи салоҳияти худ омодааст чораҳои заруриро саривақт роҳандозӣ намояд.

А.Турсунзода, муовини якуми Сардори хадамот

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter