ХАБАРИ ДОҒ

ДИИШ ҳамон ваҳҳобиҳои солҳои 90 аст!

  • Панҷшанбе, Июл 05 2018


Тавре маълум, дар ҳудуди ҳамсоякишварамон Афғонистон гурӯҳҳои зиддихалқию зиддидавлатии Толибон солҳои зиёдест, ки амалҳои ҷинояткоронаро ба роҳ монда, мисли ваҳҳобиҳои солҳои 1990-и Тоҷикистон миллаткушӣ доранд ва ҳатто то ба сарҳади мо расидаанд. Ҳоло бошад, болои сӯхта намакоб, ДИИШиҳои мусулмонтароши лаънатшудаю дар Сурияю Ироқ шикастхӯрда худро ба Афғонистон кашида истодаанд. Агарчанде ВАО ин 2 қувваро бо якдигар зид арзёбӣ мекунанд, вале ба солимфикр фаҳмост, ки ҳам ину ҳам он душманони мардуми афғонанд. ДИИШиҳо аз пеши худ ҳудуди Афғонистонро ҷои зисту амали худ қарор надодаанд, балки абарқудратҳое ҳастанд, ки ҷангиёнро барои давом додани амали ғайриинсониву ваҳшиёнаашон бар Афғонистони ҷабрдида ҷамъ меоранд. Мақсад 1 ва фаҳмост. Ин ҷамъ овардан ва ба воситаи Осиёи Миёна ба ҳудуди Россия даровардани онҳост, то ин ки мисли Сурия ташкил намудани бесарусомониҳо. Мо мегӯем, ки ДИИШиҳо террористон дину мазҳаб миллат надоранд. Барои ин хунхорон, қотилон дину миллат ҳайф аст!

Комрони Далер,
муфаттиши собиқадори прокуратура, ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter