ХАБАРИ ДОҒ

Сафаргуфта-3

Агар рост хоҳӣ, ту аз ман шунав:
Ҷаҳондида бисёр гӯяд дурӯғ!

(Саъдӣ)

Чун дар Амрико будам, маро 1 манзара пайваста дар ҳайрат меовард. Ин ҳам бошад, Хонаҳои Солхӯрдагон, ки бисёр зебо, замонавӣ ва носталжик сохта шуда буданду аксарияти мардум танҳо дар 1 умед ба сар мебурданд:
-Ҳар солхӯрда орзу дорад, ки дар Хонаи Пиронсолон маскун гардад…
Солхӯрдагони амрикоӣ намехоҳанд дарди сар (обуза) бар фарзандон гарданд. Зеро медонанд, фарзанд бояд барои ҷамъият, давлат, миллат кору фаолият барад. Ва аммо ҳаргиз напиндоред, ки амрикоиҳо ба авлод арҷ намегузоранд! Хонаи ҳар амрикоӣ пур аз аксу тоблуҳоест, ки аз ҷадди пурифтихорашон шаҳодат медиҳад. Ва дар ҳоле, ки мо бо муллову эшону сӯфиҳои аждод менозему фикр дорем, маҳз онҳо дастгири ахирати моянд, амрикоиҳо аз табори эҷодкору ватансози хеш арҷ мегузоранд. Меҳмони дилхоҳ амрикоӣ шавед ва ӯ ба шумо аксу расму тоблуҳои бобову бибиҳояшро нишон медиҳад, ки барои давлати Амрико хидмате кардаанд.
Дар шаҳри Портленди штати Оригон меҳмони хонаводае шудем. Шавҳари пир аз партияи Республика буду занаш лидери ҳизби Демократҳо. Ҳар 2 Трампро бад медиданд. Сахт меҳмоннавоз буданд. Аммо ифтихоре, ки бо 7 пушташон доштанд, маро ба ваҷд овард. Марди хонадон тамомии авлодашро медонист, мепарастид ва аз фарҳанги табордорӣ арҷ мегузошт (ниг.ба акс). Дар хонаи ин пир сар аз мундштуку кулоҳи хасини аввалин бобо-бобо-бобоооооо-калонаш то ин дам ҳар грамотаву ифтихорномаву медалу орденҳои чандин пушташ саф зада буд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз дар оилаи амрикоӣ фаромӯш намешудааст.
Воқеан ҳам, каҷ шину рост гӯй: чун ба Душанбе омадам, аз ифтихорномаву дипломҳои доштаам пурсон шудам… Шояд 10-12% будаасту тамом. Ва ин дар хонаводае, ки даъвии маданияту фарҳанги табордорӣ дорад!!!
Ва аммо ин матлабро чаро навиштам?! Дирӯз марди хираде, ки Тоҷикистону собиқ давлати СССР бо ӯ менозиду менозаду хоҳад нозид…меҳмонам шуд ва гуфт:
«Сайёф! Туро Тоҷикистон гӯш мекунад. Зимнан 1 бонги изтироб зан, ки чаро ҷавонон, солмандон ва ҳатто онҳое, ки худ аллакай соҳиби фарзанди болиғу наберагони наврасанд, волидайни худро фаромӯш кардаанд?!
Эй мардум!-бонг мезад ин абармард-охир, рӯзу шабатон бо смс, вайберу, фейсу интернету телефон мегузарад, хабаргирӣ наоед, ақаллан ба модару падарони хеш 1 бор, ҳудуди 35-40 сония (!), дар рӯз ҳам не, ҳафта ҳам не, моҳе, дар 30 рӯз занг занед, паёмаки саридастӣ фиристед. Медонед, ки мо-пиронсолон чӣ қадар ин зангу паёмакро интизорем? Медонед, ки мо шумо-фаромӯшхотирҳоро пеши ҳамдигарӣ таърифу тавсиф мекунем, бо бурдбориҳоятон меболем, аз муваффақиятҳоятон менозем ва пеши ҳамдигарӣ (миёни солхӯрдагон) шуморо дурӯған ситоиш мекунем, мегӯем, ки фарзандам дар фикри ман аст, маро хабар мегирад, пайваста менависад?…
Ҳар солхӯрда медонад, ки ман, ӯ, вай…МО дурӯғ мегӯему кайҳо аз назари шумо дур афтодаем. Вале вонамуд мекунем, ки МО рост мегӯем, фарзандон дар фикри моянд, андешаи роҳати моро дар сар доранд. Дар асл, ҳаргиз чунин нест ва пагоҳ ҳатман шумо дар ҷои мо мешавед ва ана ҳамин шаҳдро хоҳед чашид!».
Он пир ин бигуфт ва таъкид кард, ки «Сайёф! Тавре навис, ки фарзандони фаромӯшии ман хафа нашаванд ва…шояд онҳо ин шабу рӯз пешам омаданӣ шудаанду инро хонда наоянд!». Гуфтамаш, «чандест Шуморо хабар нагирифтаанд?»… Бо гиряи гулӯсӯз гуфт: «Чанд сол шуд»…
Шарму айби мо-Тоҷикон бод, ки падару модари худро аз ёдҳо бурдаем! Ва боз даъвии фарҳанги оиладорӣ мезанем. Падар, ки мурд бо гиряҳои крокодилӣ мотам мегирем, оши худоии модарро ба ифроте мекашем, ки ҳатман Танзим ҷаримаамон мекунад ва фикр дорем, арвоҳи рафтагон моро хоҳанд бахшид? Ҳаргиз!!! Ҳоло бинед, ки дар Тоҷикистон барои ҳифзи волидайн аз фарзандони нохалаф алимент меситонанд!!! Дар кадом аср чунин буд, ки Тоҷик барои худ аз писари нохалаф алимент талаб кунад ва он ҳам тавассути суд? Пешниҳод дорам, дар бораи чунин фарзандони нохалаф, хонандаи азиз, нависад. Мо бо ному насаб ва аксу тоблу онро рӯи сафҳа мерезем. Бигзор ба дигарон дарси ибрат гардад. Аз нохалафе, ки қадри падару модар намедонад магар талаби ҳуббулватан ва патриотизм ҷоиз аст? Хестед, ки хобем. Нависед ва чо чоп мекунем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter