ХАБАРИ ДОҒ

Бо 9 млн. нафар чӣ бояд кард?

  • Чоршанбе, Июл 11 2018


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Чанд ҳафта пеш тариқи расонаҳо аёнам шуд, ки дар ш.Душанбе фарди 9000000-и ҶТ таваллуд шуд. Пас мо ҳам акнун ба 1 воҳиди ҷуфт дар нисбати теъдоди аҳолии кишвар расидем. Кишваре, ки ба чунин миқдор нуфус дошта ва аз таъриху фарҳанги ғанӣ бархӯрдор бошад, бояд дар бисёр бахшҳои ҳаёт муваффақ гардад, аз ҷумла: Мардумро пурра аз ҷиҳати маводи хӯрока таъмин созад, яъне замин, обу иқлим ва нерӯи кориро самаранок истифода барад; Кулли масъала ва мушкили дохилиро худ ҳаллу фасл кунад; Амнияти дохил ва марзу бумро бо нерӯи дасту бозу ва фаросати мардум таъмин созад; Кӯшиш намояд, ки мардуми қобили меҳнатро аслан дар дохили кишвар бо кори хуб ва маоши арзанда таъмин созад, то ин ки буҷаи кишвар таъмин карда шавад; Табааи дар хориҷ буда (аз ҷумла, мардуми меҳнатӣ)-ро ҳаматарафа ва бо ҷиддият дастгирӣ ва пуштибонӣ намояд; Тамоми масоили марбут ба пеш бурдани ҳаёти иҷтимоию иқтисодии худро танҳо худ ва бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ ҳаллу фасл созад; Иқтисоди пешрафта ва замонавӣ дошта, бо маводи баландсифати ҷаҳонӣ ҳам мардумро таъмин созад; Захираҳои моддию табиӣ (аз ҷумла, захираҳои обӣ!)-ро танҳо барои осудаҳолии мардуми худ ва амалӣ сохтани нақшаҳои стратегии давлат истифода барад; Ҳамаи иншооти барои ҳаёту мамоти кишвар муҳимро танҳо бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ ва асосан бо тавони молиявии худ бунёд кунад; Ҳаммиллатони берунмарзиро тибқи имкон ҳаматарафа дастгирӣ созад, то ин ки онҳо дар шахсияти ӯ бародари бузург ва соҳибватанро эҳсос намоянд…

Ганҷинаи Мирзо,
донишҷӯ, н.Рӯдакӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter