ХАБАРИ ДОҒ

Фоизи қарзҳои бонкӣ чӣ миқдор аст?

  • Чоршанбе, Июл 11 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, Насим Зиёев-донишҷӯ аз ноҳияи Синои пойтахт дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ҳоло дар матбуот дар бораи фоизи қарзҳои бонкӣ зиёд менависанд. Аз рӯи ҳисоби ман дар моҳи аввали соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 25,97% ва бо асъори хориҷӣ 23,99% солонаро ташкил кардааст. Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурди пешниҳодшуда дар ин давра назаррас буда, нисбат ба январи соли гузашта 56,1% афзуд. Ҷамъбасти натиҷаи моҳи январи соли равон нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли пор 13,5% зиёд шудааст. Таркиби бақияи қарзҳо аз 64,0% (ё 3 518,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 36,0% (ё 1 974,9 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат аст, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ мувофиқан 401,8 млн. сомонӣ (ё 12,9%) ва 253,5 млн. сомонӣ (ё 14,7%) афзуданд. Аз ин ҳисоб 62,9 млн. сомонии он ҳамчун қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 53,4% зиёд аст.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter