ХАБАРИ ДОҒ


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдусаттор Муртазоев, сокини маҳаллаи Обшорони ноҳияи Синои пойтахт бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки баъзеҳо андеша накарда, дар рӯзномаҳо беасос Ленину Сталинро иблис мегӯянд, ҳоло он ки ними хизмати ин 2 доҳиро накардаанд. Ленину Сталин миллионҳо ятимонро парасторӣ карданд. Аксарияти академикҳову олимону донишмандони Шӯравӣ дар интернатҳо ба воя расидаанд. Ман ҳам ятими бепарастор будам. Аз с.1942 то с.1944 дар ятимхонаи н.Шаҳринав парасторӣ дидаам. Аз соли 1944 то соли 1946 дар интернати н.Ҳисор ва аз соли 1946 то соли 1951 дар интернати ш.Душанбе (собиқ шаҳри Сталинобод) будам. 10 сол нону намаки ятимхонаю интернатҳои Тоҷикистонро хӯрда, соҳиби маълумоти миёна шудам ва дар Институти педагогӣ ба номи Шевченко бе имтиҳон қабулам карданд. Ҳар моҳ ғайр аз стипендия 20 сӯм ёрдампулӣ медоданд. Ҳеҷ гоҳ некии Ленинро фаромӯш намекунам, намаки коммунизмро пос медорам. Ҳар вақт дар вақти намозгузориам дар ҳаққи Ленину Сталин дуои хайре мекунам. Онҳо ҳам бандаи Худои Якаю Ягона ҳастанд. Худо на ҳар касро чунин мартаба медиҳад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter