ХАБАРИ ДОҒ

Нафси зани 3-ро кӣ қаноат мекунад?

  • Чоршанбе, Июл 11 2018


Cалом СССР! Духтарону занони ҷумҳуриро ба он одат кунонидан лозим аст, ки онҳо ҳамарӯза ба физкултураву спорт дар мактаб, берун аз мактаб, дар оила машғул шаванд. Роҳу усулҳои хонадоршавӣ, ки он оилаи хушбахтро бояд ташкил намояд, гуногунанд. Ба фарзандони ҳар 2 ҷинс, ки ба синни балоғат расид, давлат дар деҳот участкаи наздиҳавлигӣ, дар шаҳрҳо хонаи якҳуҷрагӣ бояд диҳад. Ёрии давлат аз ба вуҷуд омадани кӯдак дар батни модар бояд сар карда шавад. Чӣ қадаре, ки сафи оилаҳои хушбахт зиёд шаванд, ҳамон қадар давлати Тоҷикистон пойдор шудан мегирад. Мансабдорони бой-капиталистеро медонам, ки баъзеаш якчанд зан доранд, бо хонаву ҷой, хӯрок, либос таъминанд. Аммо ин мансабдорон фаромӯш накунанд, ки занҳои бисёри худро аз ҷиҳати нафси дуюм таъмин карда наметавонанд. Нафси дуюми онҳоро касоне таъмин менамоянд, ки худи он занҳо ба зудӣ меёбанд. Шумо фахр накунед, ки ман 2-3 зан дорам. Агар яке аз занҳои шумо нафси дуюмашро қонеъ накард, “шавҳари қонеъкунандаи нафс” меҷӯяд.

Тӯра Ниёзов,
деҳаи Сӯфиён, н.Панҷакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter