ХАБАРИ ДОҒ

Сайфуллоев ҳаққи ронандагӣ надошт!

  • Чоршанбе, Июл 11 2018


Муроҷиати Туйхон Сайфуллоев зери сарлавҳаи «Пули ҷаримаро сабуктар кунед» (СССР, 7.06.2018, №23(508) мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Муайян гардид, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шаҳрванд Сайфуллоев бо моддаи 336, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, идора кардани воситаи нақлиёт ва ё ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт) аз ҷониби сардори ШБДА ШВКД ҶТ дар н.Мастчоҳ рӯзи 26.10.2017 баррасӣ карда шуда, нисбати Т.Сайфуллоев бо моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12.500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуда, барои иҷро ба иҷрочиёни суд ирсол шудааст. Аз ин ҳолат норозӣ шуда, дар мақола масъалагузорӣ кардааст, ки маблағи ҷарима сабуктар карда шавад. Тибқи моддаи 159 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ аз болои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии шахсони мансабдор ба суди маҳаллӣ баррасии парванда шикоят кардан мумкин аст. Мавсуф ба суди н.Мастчоҳ аз болои қарори сардори ШБДА ШВКД ҶТ дар н.Мастчоҳ бо аризаи шикоятӣ оид ба кам кардани андозаи ҷарима муроҷиат накардааст. Аз ин рӯ, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ӯ мавриди баррасии судӣ қарор нагирифтааст.

Исҳоқӣ А.Н., муовини Раис

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter