ХАБАРИ ДОҒ

Орд, гӯшт, равған-нархи ягона мешавад?

  • Чоршанбе, Июл 18 2018

Бархе аз расонаҳои хабарӣ ҳафтаи пор гуфтанд, ки Ҳукумати ҶТ бо тасвиби 1 қарори вежа дар охири моҳи май эълон намуд, ки минбаъд нархҳои 1 зумра номгӯи маҳсулоти ниёзи аввалия тавассути Хадамоти зиддиинҳисории мамлакат танзим мешаванд. Ба ин рӯйхат 16 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ шомил шуда, нархи онро мақомот танзим мекунанд. Ин қарор ба хотири ҳимояти вазъи иҷтимоии мардум аз болоравии нарх ба тасвиб расида, дар ҳолате, ки нархи онҳо дар бозор 20% боло меравад, мақомоти марбута бояд садди роҳи қиматшавии маҳсулотро бигиранд. Хуб, инҳо қадом намуди маҳсулотанд ва кӣ бояд нархҳоро танзим намояд? Оё дар тамоми миқёси мамлакат нархҳо якхела мемонанд ва боз ҳам аз ҳамдигар фарқ хоҳанд кард? Мо ин масъаларо баррасӣ намудем.


16 намуди маҳсулот кадомҳоанд?
Орд (навъҳои 1-ум ва 2-юм), нон (аз орди навъҳои 1-2-юм), маҳсулоти макаронӣ, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот-сабзӣ, пиёз, карам, қанди сафед-шакар, равғани растанӣ-равғани пахта, офтобпараст ва маска, маҳсулоти ширӣ-шир, кефир, қаймоқ, сметана ва творог, наск-нахӯд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав, гӯшт-гӯшти гов, гӯсфанд ва мурғ, тухми мурғ, намак, чойи кабуд ва сиёҳ ва хӯроки кӯдакона-ин аст номгӯи 16 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия, ки минбаъд бояд нархи онҳо аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ танзим ва назорат шавад. Яъне, хадамоти мазкур вазифадор аст нархро муайян намуда, дар давоми 3 моҳи оянда нагузорад, ки ин маҳсулот гарон шавад. Бо назардошти он, ки тайи чанд соли охир нарху навои маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои мамлакат, алалхусус пешопеши ҷашну идҳои давлатӣ ва Фитру Қурбон ба маротиб боло рафта, сохторе наметавонист ин омилро пешгирӣ кунад ва ё садди роҳаш шавад, Ҳукумати Тоҷикистон пас аз 25 соли эълон намудани муносибатҳои озоди бозорӣ ва нархҳои озод дубора тасмим гирифт, ки танзим ва назорати нархҳоро бар зиммаи худ бигирад. Сабаб? Нафси бади бозоршинҳои дар аксари маврид ҳоҷиву ҳоҷия ва муллову халифаи моро дигар бо роҳе гирифта нашуд, ки нашуд!

Гӯшт дефитсит ва ришва меафзояд?
Тоҷирон ва соҳибкорони ватанӣ мегӯянд, танзими давлатии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия ё асосӣ метавонад ба қиматшавӣ ва ё аз байн гум шудани-дефитсити ин ё он намуди маҳсулот оварда расонад.
Салоҳиддин Имомов, ки тайи беш аз 10 соли охир дар яке аз бозорҳои пойтахт қассобӣ мекунад, мегӯяд, бо имзои қарори нав масъулин фурӯшандагонро маҷбур мекунанд, бо нархи ягона маҳсулотро савдо кунанд. Ин шояд барои харидор хуб бошад, вале мақомот дар бораи харҷу сарфи мо қассобон ё нонфурӯшон намедонанду мушкилоти моро намеомӯзанд:
-Шояд бо нархи гарон фурӯхтани соҳибкоронро дида, мақомот маҳсулотро мусодира намояд ё ҷаримаи ҳангуфт эълон шавад, аммо барои ин низ маблағ лозим. Дар чунин шароит фурӯшанда маҷбур мешавад маҳсулотро ё пинҳонӣ ба савдо гузорад ё нархи маҳсулотро дучанд бардорад, ки ин дар шароити имрӯзаи мо хубу дуруст нест, - иброз медорад Салоҳиддин Имомов.
Сокина Умарова, ҳамсӯҳбати дигари мо, ки бо фурӯши маҳсулоти полезӣ машғул аст, бар он ақида аст, ки нархи ягонаи давлатӣ зарари хешро ҳам ба кисаи фурӯшанда мезанад ва ҳам ба харидор.
-Бубинед, дар моҳи шарифи Рамазон бо тавсияи ҳукумати шаҳр мо маҳсулоти хешро бо нархи нисбатан арзон фурӯхтем, ҳатто буданд ҳолатҳое, ки пас аз рӯзи корӣ маҳсулоти кишоварзиро ба хотири он, ки вайрон нашавад, бо нархи пасттарин ба харидор медодему мерафтем. Акнун нарх танзим ва ягона мешавад ва мо хоҳу нохоҳ, чӣ субҳу чӣ шом бояд 1 нархро қапида шинему бо ин ҳам маҳсулотамонро вайрон карда, харидорро гурезонем. Новобаста аз ин агар баногоҳ масъулин арзонфурӯшиамонро бубинанд, дарҳол протоколу ҷарима мекунанд ва ё бо додани пора ҷонатро халос мекунӣ, ду 15 як 30 мешавад!,- таъкид медорад Сокина Умарова.

Бигузор нарх давлатӣ шавад!
Дар ин радиф харидорони асосии бозори истеъмолии Тоҷикистон аз танзими давлатии нархҳо шоданд. Харидорон бар онанд, ки бо ин роҳ нархи ягонаи тамоми номгӯи маҳсулот роҳандозӣ шуда, мисли солҳои шӯравӣ нархи орду гӯшту намак ва шакару равған дар тамоми дӯкону мағозаҳои мамлакат якхела мешаванд.  Рустам Амиров, омӯзгори собиқадор аз ш.Душанбе бар он ақидааст, ки ҳукумат бо танзими давлатии нархҳо мехоҳад нарху навои бозорро мӯътадил нигоҳ дошта, нагузорад, ки соҳибкорону тоҷирони яклухтфурӯш ва миёнаравҳо нархи маҳсулотро даҳчанд бардоранд.
- Бигузор нарх давлатӣ шавад. Имрӯз нархи орду гӯшту равған дар 1 дӯкон дигар асту дар дӯкони дигар дигар, нархи шакару намак низ дар Душанбеву Хуҷанду Хоруғ ва Восеъ фарқ мекунад. Дар замони шӯравӣ нархи намак ягона буд-1 тин ва харидор медонист, ки бо 1 тин метавонад чӣ дар Душанбеву чӣ дар Маскаву чӣ дар Тошканд намак бихарад. Магар ин хуб нест!? То кай бозори Тоҷик бояд дар дасти тоҷирони беэмон бошаду онҳо ба мо нарх эълон кунанд? – суол мегузорад Рустам Амиров.
Макнуна Пирова, 1 сокини дигари пойтахт низ тарафдори танзими давлатии нархҳо буда, қайд менамояд, ки нархи ягонаи тасдиқшуда метавонад мардумро аз савдои бемаънӣ ва шикоятҳои фурӯшандагон халос кунад.
-Вақти харидани маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамеша аз фурӯшандаҳо мешунавӣ, ки харҷашон хеле зиёд асту маводи сӯхт ва доллари ИМА гарон шудаасту ва ғайраву ҳоказо. Бархе аз он шикоят мекунанд, ки фоидаи ба даст овардаашон харҷи сарфшударо намепӯшонад, аммо ин ба харидор дахл надорад! Харидор бояд бо 1 нархи муайяншудаи табъи дили худ маҳсулот харида ба хонааш биравад, - меафзояд Макнуна.

Танзими давлатиро кӣ назорат мекунад?
Маълум аст, ки иҷрои ин қарори мазкур бар дӯши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ вогузор шудааст ва маҳз ин мақомот бояд танзими давлатии нархҳоро ба роҳ монда, садди роҳи болоравии сунъии нархҳо дар бозор гардад. То ин дам мо борҳо дар бораи бемасъулиятии ин хадамот дар робита ба нархи ягона дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ, чиптаҳои ҳавопаймоӣ, соҳаи хизматрасонӣ ва манзилию коммуналӣ навишта будем, аммо то ҳол ҷавоби аниқу қаноаткунанда нагирифтаем. Вақте хадамоти мазкур натавонист нархи роҳкирову чиптаҳои ҳавопаймоиро танзим кунад, пас он чӣ гуна нарху навои маҳсулоти асосии бозори истеъмолии мамлакатро танзим хоҳад кард? Дар сурати аз растаҳо гуму бедарак шудани маҳсулоти асосӣ-дефитсити хӯрокворӣ хадамоти зиддиинҳисорӣ чӣ кор хоҳад кард? Ку, Агентии захираҳои моддии мамлакат, ки барои таъминот ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ вазифадор аст!? Бо умеди ин 2 ниҳод ҳоли бозору харидор чӣ мешуда бошад?
Мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред? Ба мо нависед. Мо нашр мекунем. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

-----------------------------------------------------------------------------------------
Дар ҳамин маврид

Раиси ноҳия, ё раиси бозор?
-Салом СССРи азиз! Соли аввал нест, ки миёни мо-соҳибкорону фурӯшандагони бозори марказии н.Ҷ.Расулов ва раиси ноҳия Комил Салимзода вобаста ба кӯчонидани бозори марказӣ ба бозори «Ашроф» ҷанҷол идома дошта, он ба 1 мавзӯи доғ мубаддал гаштааст. Бояд қайд намоем, ки бозори навбунёди «Ашроф» ба бародари раиси ноҳия тааллуқ дошта, Салимзода таҳти фишор савдогарони бозори марказиро ба бозори «Ашроф» бурдааст. Мо субҳи рӯзи 7.07.2018 барои пешгирӣ аз амалҳои худсаронаи раиси ноҳия вобаста ба ин қазия ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вил.Суғд шикоят кардем. Раиси вилоят ба Салимзода дастури қатъӣ дод, ки ин қазияро дар мӯҳлати 2 рӯзи оянда ҳаллу фасл намояд. Аммо имрӯз бо гузашти 2 рӯз раис хомӯш аст… Лозим ба ёдоварист, ки бозори марказии ноҳия ҳанӯз 70 сол пеш сохта шуда, аз 150 мағозаву дӯкон иборат аст. Дар соли 2013 Комил Бӯтаев, сардори собиқи нозироти андози ноҳия, ки ҳоло номашро ба Комил Салимзода иваз карда, раиси н.Ҷ.Расулов шудааст, дар 1 канори шаҳраки Меҳробод ҳамроҳи бародараш бозори наверо бо номи "Ашроф” сохт. Бо сабаби он, ки соҳибкорон ба ин бозор наомаданд, Бӯтаевҳо ба соҳибкорони бозори марказии ноҳия фишор оварда, талаб намуданд, ки ба бозори нав бикӯчанд. Ин фишорҳо баъди ба мақоми раиси ноҳияи Ҷ.Расулов таъйин шудани Салимзода афзоиш ёфт. Ӯ рӯзи 8.09.2017 бо имзои қарораш таҳти №550 дар бораи манъи фурӯши маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти саноатӣ ва дигар намуди маҳсулот дар ҳудуди бозори кӯҳнаи н.Ҷ.Расулов, ҶДММ "Ҳоҷӣ Тошпӯлод”, ҶДММ "Алибек Ота”, ҶДММ "Шарипҷон Ота”, Ҷамъияти матлуботи ноҳия ва дигар субъектҳои алоҳида” билохира ба бастани бозори кӯҳна муваффақ шуд. Рӯзи 12.09.2017 кормандони милиса омада, дари бозорро баста, ба бозорнишинҳо дастур доданд, ки бе ягон гап ба бозори нав бикӯчанд. Соҳибкорони бозор дар ин муддат 2 маротиба ба додгоҳ муроҷиат намуда, дар ҳар 2 марҳила ғолиб омаданд ва Салимзода, ки қаблан гуфта буд, бозорро бар асоси Нақшаи генералии маркази ноҳия кӯчонидааст, ба суд нақшаи тағйирдодашударо пешниҳод карда натавонист. Ба ҳар ҳол мо аз Р.Аҳмадзода, раиси вил.Суғд умед дорем, ки қазияи мазкурро зери назорати ҷиддии хеш гирифта, ба доди халқи оддӣ мерасад. Бовар кунед, рафтори раиси ноҳияи мо ба ягон талаботи давлати дунявӣ намегунҷад. Зеро ӯ манфиати бозори хонаводагияшро аз манофеи халқи оддӣ болотар мегузорад.
Азиза Ғуломова, Муҳаббат Абдусамадова ва Гулчеҳра Саъдуллохоҷаева, н.Ҷ.Расулов
Аз идора: Апрели с.2017 пас аз муроҷиати тоҷирону соҳибкорони бозори марказии н.Ҷ.Расулов мухбирони газетаи СССР ба ин ноҳия сафар намуда, бо мардум вохӯрда, дар ин бора навиштанд. Маҳз он замон газетаи СССР дар бораи амалҳои худсаронаи К.Салимзода бонги хатар зада буд, аммо роҳбарияти қаблии вилоят чашм пӯшиданд ва нахостанд ҷанҷол матбуотӣ гардад. Агар он вақт мансабдорони суғдӣ, хосса, масъулини мақомоти кудратии вилоят сари ин қазия хулосаҳои дурусти воқеӣ мегирифтанд, шояд ин ҷанҷол то имрӯз омада намерасид. Ба ҳар ҳол сипос аз Р.Аҳмадзода, ки ҳалли ин қазияро зери назорати худ гирифт ва он ҳатман ҳалли худро ёфта, мардум ба ҷойҳои қаблии кории хеш хоҳанд баргашт. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter