ХАБАРИ ДОҒ

Файзободи антисанитарӣ!

  • Панҷшанбе, Июл 26 2018


Дар ҷамоати деҳоти Мискинободи н.Файзобод 5 ошхона-чойхона ҷойгир аст, аммо соҳибонаш аслан талаботи хизматрасонӣ ва қоидаҳои санитарӣ-гигиениро риоя намекунанд! Рӯзи 8.06.2018 ҳолати хизматрасонии ресторани Мирзоалӣ Болтуевро соати 6-и бегоҳ дидан кардам. Дар ҷои хӯрокпазҳо 2 тан пешхизмату ошпаз бе хилъати корию дафтарчаи санитарӣ бо 3 марди хитоӣ суҳбат мекарданд. Ҳамин ки шаҳодатномаи рӯзноманигориамро нишон додам, 3 марди хитоӣ гурехта, дар ким-куҷое руст шуданд. Ба сарошпаз гуфтам, ки чаро одамони бегона ва бахусус, хитоиҳоро ба ҷои ошпазӣ роҳ медиҳед? Ошпазу пешхизмат ба ҳар баҳона худро сафед карданӣ шуданд.
Ба ошхонаи Саидалӣ Саидов, ки дар паҳлӯи почтаи деҳаи Мискинобод ҷойгир аст, омадам. Атрофи ошхонаро партову ахлотпора печидааст. Дар ошхона 2 нафар ошпазу пешхизмат бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, дафтарчаи санитарӣ ба мардум хизмат мерасонданд. Хӯрокҳояшон ба талаботи истеъмолкунандагон ҷавобгӯ набуда, нарху навои онҳо 2 баробар қиматанд.
Ошхонаи Бой Зайниддинов, дар бозори «Истиқлол» бо садои баланди мусиқӣ мардуми бозориро асабӣ мекарду кӯрпачаю зарфҳои таъомхӯрияш ба ҳадде ифлос, ки ту гӯӣ 7 қабат шира часпида бошад. Дар қабати 2-юми мағозаи Ғаюрбег Улфатов низ ошхона ҳаст. Ин ҷо ҳам 2 пешхизмат бе хилъати корию дафтарчаи санитарӣ ба аҳли тановул хизмат мерасонданд…

Ҳокими Сафар,
н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter