ХАБАРИ ДОҒ

Сарез, Роғун, Аккумулятор ва Бобои Ғулом

  • Панҷшанбе, Авг 02 2018


Даъвии сӯхтагӣ пеши ман, эй лола, макун,
Мешиносад дили ман бӯи дили сӯхтаро...
Гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ  "чум чи хел одамем". Ҳар ташаббуси олие, ки ҳукумат пеша кард, ҳатман чанд ҳангомаҷӯе пайдо кардаву садд мегузорему каф мекӯбем, тазоҳур менамоем, флеш-моб (мода!) таъсис медиҳем. Популизм-шӯҳратталабии ройгон миллати моро кай раҳо мекарда бошад? 100 бор ба доми шӯҳратталабон уфтодаву давлатро банкрот-муфлис кардаем ва фикр доред ислоҳ шудем? Хестед, ки хобед! Шӯҳратталабон дар назари мо қаҳрамонанд. Ҳарчанд бо гузашти вақт исбот мешавад, ки шарлатан-авомфиребе беш наянд, аммо ба онҳо боз бовар мекунем. Зеро дар ҷомаҳои нав ба ҷилва меоянду фикр мекунем, тамом, ана нав Худо ба мо қаҳрамоне тақдим кард…
Авохири солҳои 80-и асри пор, ки мутаассуф ба «бозсозии Горбачевӣ» рост омад, дар Кӯлоб мехостанд Заводи аккумуляторбарорӣ созанд. Он пуриқтидортарин завод дар СССР маҳсуб мерафту бояд беш аз 4000 нафарро ба кор фаро мегирифт. Буҷҷаи корхона ҳатто аз даромади вилоят ба карат боло буд. Дар баробари завод шаҳраки наве барои 20.000 нафар сохта ба истифода дода мешуд. Аккумуляторҳои муосиртарини олам дар ин ҷо истеҳсол ва сипас ба паҳнои олам тақсим мегардид. Инфраструктураи шаҳр таҷдид меёфт ва Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ сӯи республикаи саноатӣ майл мекард! Аммо популист-шӯҳратталабоне бо сарварии Рустами Абдураҳиму Айюбиву Сангаку Маталӣ ва чанд журналисти дигар мардуми Кӯлобро ба по хезонданд. Онҳо бонги изтироб мезаданд, ки «Караул! SOS!! Даҳшати пирӯз!!! Ин завод моро мекушад, зеро дар саргаҳи шамолпанаҳи Тебалай сохта мешаваду чангу ғубору химикаташ халқи бечораро мекушад!»... Ҳоло он заводро дар Россия сохтанд! Инженер Ғозиев, ки мутасаддии ин завод буд, боре дар сӯҳбат бо СССР гуфт, баъдан маълум шуд, ки русҳо ин маъракаи худнамоишдиҳии шӯҳратталабони шарлатанро маблағгузорӣ кардаанд, то завод дар берун аз хоки Русия бунёд наёбад! Заводро насохтанду мо экологияи шаҳри худро «ҳифз» кардем, аз чангу ғубори химикатҳо намурдем. Аммо тӯли 27 сол аст, ки аз бекориву бепулӣ, мусофириву муҳоҷириву дарбадарӣ мурдан дорем…
НБО Роғун бузургтарин тарҳи шӯравӣ барои РСС Тоҷикистон буд. Роғун бояд аз ҳисоби буҷҷаи бепаҳно ва бузурги давлати шӯравӣ-СССР сохта мешуд. Аммо боз шарлатан-шӯҳратталаб-популистон ба майдон рехтанд. Роғунро насозед! Таҳти ин шиор шоираву шоиру депутату коргардонҳои кино, ки байнашон ақаллан 1 мутахассиси соҳа набуд, мардумро ба хезонданд, ки Роғун моро мекушад, бе хона, бе деҳа, бе диёр мекунад...
Роғунро насохтем ва 30 сол азият кашидем...Аз бебарқӣ мурдем, аз бекорӣ  нисфи Роғун муҳоҷир, гастербайтер-муздури шикамқарори Русия ва бехонаву дару бе ватан шуд!!!
Кӯлоб аз дасти чанд авбош ва интеллигенсияи шӯҳратталаб бе заводи аккумуляторбарорӣ монду Тоҷикистон аз дасти чанд фарҳангиву киносози ғайримутахассис ҳадди ақалл 40 сол қафо зад!!! Ва агар 1 зарра виждон медоштем, бояд ун гуноҳи худро бар гардан гирифтаву тавба мекардем. Халқ тавбапазир аст. Мебахшад. Неъ! Накардем!!! Фикр дорем, ки баъди сарамон миллат ун шӯҳратталабии моро фаромӯш мекунад? Хестед, ки хобед! Таърих таҳриф намешавад. Рӯзе ном ба ном ҳамаа(т)мон пеши наслҳо бо ун амали шӯҳратталабӣ посух хоҳем гуфт. Мо Метавонем!
Ана акнун меоем сари асли масъала, ки сабаби нигоштани ин матлаб гардид. Ҳоло масъалаи доғи рӯз масъалаи Кӯли Сарез шудааст. Шӯҳратталабон дар интернет флеш-мобҳои эътирозӣ таъсис додаву аз «фурӯши оби Сарез бонги изтироб мезананд!». Караул! SOS!! Даҳшати Пирӯз!!! Обамонро мефурӯшанд! Моро бе об мемонанд, аз беобӣ мемурем, моро дар аташ мекушанд, доду вой... Сенарияи ошно, не?! Шӯҳратталабон, ки байнашон 1 мутахассис нест, намедонанд ва донистан ҳам намехоҳанд, ки Кӯли Сарезро тавассути бутил агар 1000 сол коркард кунанд ҳам, 1 литраш кам нахоҳад шуд! Зеро миллионҳо литри дигар ҳамарӯза ба ин кӯл мешораддд!!! Вале ба гуфти ҳамон Бобои Ғуломи таърихӣ «Ба кӣ мегӯй?!»…
1 нафаре нест, ки ба ин шарлатанҳо гӯяд, о, ин кӯлро коркард кунанд, аввал мардуми Бартанг, ки 1000 сол аст барқу роҳ надорад, соҳиби барқ, роҳи мумфарш, сипас ҷои кор, баъдан музди ҳалоли беҳин мешаванду баъдаҳу Помир, ки дар ҳар бутили оби покамон таблиғу ташвиқ мегардад, минтақаи воқеан туристӣ ва умуман бартангиҳои нозанин зиндагонияшонро меёфтанд! Онҳое, ки бонги изтироб мезанеду худро патриот гирифтаед, 1 бор аз худи сокинони Бартанг пурсидед, ки бо шунуфти ин хабар чӣ қадар шод шуда буданд?...
Метарсам ин проект низ чун лоиҳаи Роғуну Заводи аккумуляторбарорӣ аз кор мемонаду чанд лже-патриот пагоҳ, бе азияти виждон хоҳанд гуфт, ки «э, мо як гуптем-да!», худашон намехостанду флеш-моби моро баҳона оварданд… Ва Бартанг садсолаҳо ҳамингуна вайронаву Кӯли Сарез чун «Домоклов Мечь»-Шамшери Овезон сари Тоҷикистони ҷанубӣ (дар навбати аввал ба худи Бартанг) ва Афғонистони шимоливу Ӯзбакистону Қазоқистон пурхатар боқӣ хоҳад монд…
Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter