ХАБАРИ ДОҒ

Марзи миллӣ-3

Ҳодисае, ки авохири моҳи июл рух дод, тамомии таассурот ва тасаввуротро дар бораи терроризми рушдкунанда тағйир дод. Дуруст аст, ки Кумитаи амнияти миллӣ баъди сари кор омадани Саймумин Ятимов сахт кор мекарду даҳу садҳо террору террорист хунсо мешуданд, ки зотан чунин ахбор ифшо намегардад. Танҳо ин далел, ки тӯли чанд соли ахир ягон ҳуҷуми даҳшатафканӣ дар Тоҷикистон сурат нагирифта буд, аз профессионализми ин ниҳод дарак медод.
Ва аммо ВелоТеррори ахирӣ исбот кард, ки экстремистон низ бе кор наменишастаанд…
Ҳоло мақомот мушаххасан нагуфтаанд, ки ин фоҷеа террор буд, ё садама ё роҳзанӣ? Вале факту далелҳо ҳокӣ аз онанд, ки куштори велотуристон барқасдона ва ҳадафманд будааст. Ба пиндори мо иқрори ин далел бар имиҷи мо меафзояд. Зеро офтобро дигар наметавон бо доман пӯшонид. Тамомии хабаргузориҳо ин амалро терроризм унвон кардаву дар сархатти хабарҳояшон ҷо доданд. Хабаргузории AFP бо такя бар ташкилоти мавсум бар SITE, ки дар олами интернет бо пажӯҳиш ва иктишофи сайтҳои террористӣ банд аст, навишт, ки «масъулияти ҳамла ба велотуристони «кишварҳои эътилофи салибӣ»-ро ДИИШ бар ӯҳда гирифтааст»…
Навори видеоии ин фоҷеа, ки мусофире тасодуфан гирифтааст, бармало намоиш медиҳад, ки мошинаи тамғаи «ДЭУ-Леганза» (рақами давлатияш 7498ВН03) сайёҳонро 2 бор зер мекунад. Бори аввалаш ба навор науфтодаст ва тахмин меравад маҳз дар ҳамон лаҳза мусофирони мошини одамкуш бо корд ба велотуристон дарафтодаанд. Вале ДЭУ-Леганза аз ҷои ҳодиса тоб хӯрда, баргашта аз сари нав ва ҳадафмандона туристонро зер мекунад. Дар навор дида мешавад, ки ронанда сайёҳеро пахш мекунад ва туристи дигар бадани захмдори худро рӯи замин тарафи лаби ҷар мекашад ва Леганза ӯро то лаби ҷар пеш карда, сипас бо суръати том зада мепартояд…
Ман бо амри тасодуф чанд лаҳзае баъдтарак дар ҷои ҳодиса будам. Ва сипоси вежаи худро ба Рамазон Раҳимзода-вазири корҳои дохилӣ мерасонам, ки кормандони милисаи Данғара дар они воҳид ба ҷои ҳодиса расиданд! Воқеан ҳам, дар моҷарои кӯшиши таҷовузи 1 велотуристкаи маҷористонӣ низ онҳо зуд ба ҷои ҳодиса омада, аз ин ҷинояти нангин шаҳрванди Венгрияро раҳонида буданд. Баъдан кормандони тибби н.Данғара низ оҷилан омаданд ва ба сайёҳон кӯмаки аввалия расониданд, ки сипоси вежа ба Насим Олимзода-Вазири тандурустӣ расида бод. Вале аз ҳама муҳим дигар чӣ буд!!!
Садҳо тан ронандаву мусофири оддӣ аз мошинҳо барҷаста баромада, дар хоку хун олуда шуда, ҷасади сайёҳонро аз ҷарӣ берун мекашиданд. Бо либоси худ бадани онҳоро мебастанд, ҷои номаҳрами занонро мепӯшониданд. Умуман, халқи Тоҷик ба ин туристон тавре рафтор мекард, ки ту гӯӣ фарзанди падарашон бошанд! Сипоси вежаи ман ба тамомии Миллати Тоҷик расида бод!!!
…Душман ҳамеша камбуд меҷӯяд. Оре, дуруст аст, ки чанд оқипадари мазҳабу миллатфурӯш даст ба ин ҷинояти сангин заданд. Марг ба онҳо. Аммо дар куҷои олам, дар кадомин миллату қавм, дар кадом давлати пешу пасрафта чунин оқипадарони даҳшатафкан нестанд? Магар барои таҷовуз ва қатли 1 духтарчаи Тоҷик-Ҳувайдо аз сӯи 1 маняки оқипадар, оё метавон ба миллати рус санг афганд? Ё дар Амрико, Англия, Фаронса, Колумбия, Бразилия, Ҷопону Хитой ва ғ. ва ҳ. террористу авбошу қотили зархарид нест? Ҳаст! Аммо мо Русияву Амрикову Аврупову Осиёро бо мардуми меҳмоннавоз ва фарҳангияш мешиносем. Зимнан набояд дафу карраной зад, ки Тоҷикистон кишвари амн несту террорист дорад. Меҳмоннавозие, ки мо-Тоҷикон дорем, дар ягон давлати дигари олам мушоҳида намешавад. Гарав мебандам ва дастамро барои бурридан мегузорам, ки чунин буд, ҳаст ва мемонад. Мо Метавонем!
Дар илми психология эффекти истакони об ҳаст, ки садсолаҳо боз аз рӯи он сатҳи бархӯрди одамонро месанҷанд. Таҷрубаи оддист. 1 истаконро то нимаш об мерезанду аз мизоҷ мепурсанд, ки «Шумо чиро мебинед?». Аксарият посух медиҳанд, ки «истакони нимаш холиро». Аққалият мегӯянд «истакони то нимаш пури обро». Ва ана ҳамин ақаллият, ки дар истакон обро мебинанд, на холигии онро, оптимист, гуманист ва одампарастанд. Мо низ, хонандаи ин сутур бояд дар ин моҷаро қатлу куштор ва амали даҳшатафгании чанд оқипадарро набинем. Мо бояд ҳатмани ҳатман азму часпу талошу кӯшиши Миллати Тоҷикро дар ин моҷаро бинем, ки дасту оринҷ ва сару рӯяшон пур аз хуни вело-туристон ба ишон кӯмаки аввалия мерасониданд. Ҳатто занҳо худро ба ҷарӣ зада, ҷасадҳоро мебароварданд, захмҳоро мешустанд, мебастанд, мепӯшониданд…
Ва чанд оқипадараке, ки ба чунин амали нангин даст задаанд ҳич гоҳ бар ин миллат дасти тасаллут намеёбанд. Агар онҳо фаромӯш кардаанд, мо нек дар хотир дорем, ки ҳамагӣ 26 сол пеш Миллати Тоҷик-АКСАРИЯТИ КУЛЛ бар зидди исломистони исломфиреб ва экстремисту террорист бархоста, «пуху прахашонро»  баровардаву ҳамаашонро аз Тоҷикистон пеш карда буд. Лозим шавад, боз ин миллат зидди ин экстремистон мехезад. Зеро Мо Тоҷикем ва Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter