ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамадонӣ: 1 дона СССР 4 сомонӣ!!!

  • Панҷшанбе, Авг 09 2018


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР-Назари Наврӯз, муаллими собиқадор аз ноҳияи Ҳамадонӣ бо телефони 98 529 70 75 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман дар ин 1 моҳи «отпуск» дар ноҳия бо корҳои сохтмони шахсӣ қарор дорам. Сабаби занг заданам ба шумо чизи дигар аст. Ҳамин ҳоло ба маркази ноҳия рафтам, то аз «киоск» 1 дона СССР бигирам. Аммо медонед, ки фурӯшанда чӣ гуфт? Ӯ гуфт: «1 дона СССР 4 сомонӣ шудааст. Хоҳед гиред!» Гуфтамаш, «о, чӣ хел, ҳафтаи гузашта 3 сомонӣ буд-ку?!» Дар идома соҳибдӯкон афзуд: «СССР аз ҳамон «боло» қимат шудааст, ин ҷо айби ман нест!» Дигар надонистам, ки ба кӣ бовар кунам!
Аз редаксия: Устод, Шумо муаллифи доимии моед ва бар мо бовар надоред? Мо 1 дирам газетаро қимат накардаем, ҳарчанд дигар рӯзномаҳо бар арзиш афзудаанд. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter